15.10.2024

 img

Дар тамоми муассисаҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Бо ин мақсад ба ҳолати 8 октябри соли 2024 ба миқдори 44 ҳазору 569,7 тонна ангишт, 39 ҳазору 961,7 метри мукааб ҳезум ва 19 ҳазору 609 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 

Тибқи талабот ва меёърҳои тасдиқшудаи Вазорати маориф ва илм, нақшаи захираи ангишт, ҳезум, сӯзишвории дизелӣ, маҳсулоти озуқаворӣ барои муассисаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ шуда, барои иҷро ба шуъбаҳои маорифи ноҳияҳо ва муассисаҳои зертобеъ ирсол гардид. Дар айни замон тибқи талабот дар доираи маблағҳои пешбинигардида захираи маводи сӯхт ва хӯрокворӣ идома дорад.

 

Аз ҷумла, талаботи муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ 56 ҳазору 290 тонна ангишт, 54 ҳазору 176,1 метри мукааб ҳезум ва 116 ҳазору 810 литр сӯзишвории дизелиро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 8 октябри соли 2024, ангишт 79 фоиз, ҳезум 74 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 17 фоиз иҷро гардидааст.

 

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи шаҳру ноҳияҳои пойтахт ва нақшаи захиранамоии маводи асосии гармидиҳӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе захираи ангишт 28 фоиз, ҳезум 109 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 130 фоизро ташкил медиҳад. Дар вилояти Суғд захиранамоии ангишт 100 фоиз, ҳезум 100 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ ба 7 фоиз баробар аст.

 

Ҳамчунин дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон захираи ангишт 86 фоиз, ҳезум 66 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 10 фоизро ташкил медиҳад.

 

Талаботи муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ ба 5450,5 тонна ангишт, 7737,9 метри мукааб ҳезум ва 1790 литр сӯзишвории дизелӣ баробар мебошад. Ба ҳолати 8 октябри соли 2024, 5465,83 тонна ангишт (100 фоиз), 7521,7 метри мукааб ҳезум (97 фоиз) ва 700 литр сӯзишвории дизелӣ (39 фоиз) захира карда шудааст.

 

Инчунин дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ захираи ангишт 64,3 фоиз, ҳезум 54,5 фоиз ва сӯзишвории дизелӣ 23,5 фоизро ташкил медиҳад.

 

Ҳамзамон дар муассисаҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ 1591 дегхонаи хурду бузург, 23 ҳазору 648 гармкунаки барқӣ ва 47 ҳазору 834 печи аловӣ барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 омода гардидаанд.

 

Барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар маҷмуъ 25 ҳазору 548,6 метри мураббаъ шишабандии дару тирезаҳо ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 8 октябри соли 2024 дар 15 046 метри мураббаъ ё 58,9 фоиз шишабандӣ иҷро гардидааст.

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис намуда, ҷараёни омодагиҳои шуъбаҳои маорифи мамлакатро зери назорат қарор медиҳад.

  • ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Муассисаҳои соҳаи маорифи Тоҷикистон ба он чӣ гуна омодагӣ гирифтаанд? img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дастур доданд, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба падару модари шодравон Алишер Мирзонабот барои ба камол расонидани чунин фарзанди содиқу ватандӯст самимона изҳори миннатдорӣ намуданд.   27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 барои 1048 хонандаро дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор доданд.   Муассиса аз 20 синфхонаи таълимӣ, 10 утоқи корӣ, китобхонаи электронӣ ва якчанд ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Муассиса ҳамчунин дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва толори маҷлис бо 170 курсӣ мебошад.   Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулияти гуногуни солимгардонӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишиашонро такмил диҳанд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва омӯзгорон дастур доданд, ки аз имконоти фароҳамшуда самаранок истифода карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талоши бештар намоянд.

    26

    29.09.2026
  •  img
    Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст Аз соли 1993 то соли 2025 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 240 муассисаи таҳсилоти умумӣ (дорои 1438 синфхона барои 34 233 ҷойи нишаст), 6 бинои маъмурии раёсату шуъбаҳои маориф, 44 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, 9 толор ва майдончаи варзишӣ ба маблағи 595,4 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин вилоят иттилоъ медиҳад.   Соли 2026 дар вилоят 312 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 65 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 40 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 207 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 Литсейи давлатӣ, 1 мактаби президентӣ ва 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ фаъолият дорад , ки дар он 37 ҳазору 416 нафар (18 ҳазору 418 духтар) ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.   Соҳаи маориф дар сархати сиёсати дохилии Тоҷикистон чун соҳаи афзалиятнок мавқеъ гирифта, дар рушду пешрафти иқтисодию иҷтимоии давлат нақши муҳим дорад.   Ҳамаи ин тадбирҷӯиҳо имкон доданд, ки фарогирии кӯдакон дар вилоят ба муассисаҳои томактабӣ аз 22 %-и соли 2020 дар соли 2025 бо назардошти фарогирии кӯдакон дар марказҳои инкишофи рушди барвақтии кӯдаки назди муассисаи таълимӣ ба 42,6 % расонида шуд.

    23

    29.09.2026
  •  img
    157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд Дар шаҳри Душанбе маросими ҷамъбасти даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он 157 нафар барои иштирок дар марҳилаи ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.   Даври шаҳрии озмун аз 14 то 17 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардида, иштирокчиён аз рӯйи номинатсияҳои «Математика», «Физика ва астрономия», «Химия», «Биология», «География», «Технологияҳои иттилоотӣ», «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ва «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» донишу малака ва қобилият санҷиданд.   Озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегарданд, дар баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ, дарёфти ҷавонони соҳибистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияти зеҳнии насли наврасу ҷавон нақши муҳим доранд.   Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба рушди шавқу рағбати хонандагону донишҷӯён ба илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, тавсеаи фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, омӯзиши технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ, инчунин таҳкими тафаккури илмӣ равона гардидааст.   Дар ҷамъбаст иброз карда шуд, ки дастгирии давлатии ҷавонони соҳибистеъдод, фароҳам овардани имконияти мусоид барои рушди истеъдоди онҳо ва омода намудани кадрҳои ҷавони дорои донишу ҷаҳонбинии илмӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.

    63

    23.09.2026