АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

02.01.2025

1. Дар соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор карда шавад.

 

2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

 

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд доир гардидани Озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

 

4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ иҷрои талаботи амри мазкурро таъмин намуда, барои ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, аспирантону докторантон ва қишрҳои дигари ҷомеа, ки ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, инчунин ихтироъкориву навоварӣ шавқу рағбат доранд, чораҷӯйӣ карда, ғолибонро бо ҷоиза ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.

 

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2025 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории Озмуни мазкур 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд.

 

6. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи мақсадноки маблағи ҷудошударо таъмин карда, оид ба хароҷоти анҷомдода ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

7. Назорати иҷрои амри мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарпарасти соҳа) гузошта шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

2 январи соли 2025

№АП-710

  • АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАТБИҚИ СИСТЕМАИ EMIS ДАР ШАҲРИ ҲИСОР: ДУРНАМОИ РАҚАМИСОЗИИ МАОРИФ Дар ҷаҳони муосир, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус дар маориф, нақши калидӣ мебозад. Яке аз чунин технологияҳои пешрафта Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (EMIS) мебошад, ки бо ҳадафи беҳтар намудани самаранокии идоракунӣ дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ гардидааст. Дар шаҳри Ҳисор низ истифодаи ин система бо натиҷаҳои назаррас роҳандозӣ шудааст. Татбиқи EMIS дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 5, 47, 41, 36 ва Мактаби Президентӣ бори дигар нишон дод, ки рақамисозии маориф қадами муҳиме ба сӯи рушди самаранокии таълим аст.   Яке аз муҳимтарин дастовардҳои EMIS шаффофияти равандҳои маъмурӣ мебошад. Маълумоти хонандагон пурра ба шакли электронӣ ворид карда шуда, назорати ҳозирии онҳо тавассути функсияҳои хос роҳандозӣ шудааст. Ин раванд на танҳо вақти кормандонро сарфа мекунад, балки дақиқии маълумотро низ таъмин менамояд.   Тавассути EMIS, муассисаҳои таълимӣ тавонистанд захираҳои таълимиро беҳтар идора намоянд ва ҳисоботҳои таҳлилӣ бо сифати баланд омода кунанд. Шаффофият дар ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳисоботдиҳӣ боиси самаранокии идоракунӣ гардида, қабули қарорҳо дар заминаи маълумоти дурусту дақиқ осонтар шудааст.   Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, татбиқи EMIS дар шаҳри Ҳисор бо баъзе мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шудааст. Яке аз мушкилоти асосӣ нокифоя будани малакаи кормандон дар истифодаи функсияҳои пешрафтаи система мебошад. Ин норасоӣ ба самаранокии умумии фаъолияти система таъсири манфӣ мерасонад.   Илова бар ин, дар баъзе мактабҳо набудани таъминоти устувори қувваи барқ кори мунтазами системаро халалдор намудааст. Чунин мушкилот дар шароити идоракунии рақамӣ метавонанд ба коҳиши самаранокии тамоми равандҳо сабаб шаванд. Масъалаи дигари муҳим амнияти иттилоотист. Идоракунии заифи паролҳо ва набудани чораҳои кофии муҳофизатӣ хатари дастрасии нолозим ба маълумотҳои махфиро афзоиш медиҳад.   Барои рафъи мушкилоти мавҷуда ва беҳтар кардани самаранокии истифодаи EMIS, чанд иқдоми зарурӣ дар рафти шиносоӣ пешниҳод гардид. Аввалан, омӯзишҳои мунтазам барои кормандони муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шаванд, то онҳо тавонанд аз тамоми функсияҳои система пурра истифода баранд. Сониян, муассисаҳо бояд бо қувваи барқ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин шаванд. Инчунин, амнияти иттилоотӣ бояд тақвият дода шавад, аз ҷумла тағйири даврии паролҳо ва маҳдуд кардани дастрасии нолозим ба маълумот.   Татбиқи системаи EMIS дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Ҳисор нишон медиҳад, ки истифодаи технологияҳои рақамӣ дар маориф на танҳо имконпазир, балки зарур аст. Ин система бо таъмин намудани шаффофият, самаранокӣ ва сарфакорӣ, равандҳои маъмуриро ба сатҳи нав бардоштааст.   Бо вуҷуди баъзе мушкилоти ҷойдошта, таҷрибаи шаҳри Ҳисор нишон медиҳад, ки рақамисозии равандҳои таълимӣ бо саъю кӯшиши муштарак ва риояи тавсияҳо метавонад натиҷаҳои назаррас ба бор оварад. EMIS дар оянда метавонад ба яке аз абзорҳои асосии рушди соҳаи маориф дар саросари кишвар табдил ёбад.

    61

    03.01.2025
  •  img
    МАОРИФ - СОҲАИ КАЛИДӢ Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, дар қатори таҳлили ҳама соҳаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан ба соҳаи маорифи ҷумҳурӣ эътибори ҷиддӣ дода шуд ва нишондиҳандаҳои соҳа дар замони Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.   - Барои рушди дилхоҳ давлат соҳаи маориф соҳаи калидӣ маҳсуб мешавад. Ин соҳа заминаи асосию боэътимоди давлат барои инкишофи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад.   Аз ин рӯ, дар раванди сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати давлатӣ эътироф гардидааст. Бо ҳамин назардошт илму маориф ва тарбияи насли босаводу худшинос дар маркази диққати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.   Пешвои миллат пайваста дар масъалаи инкишофи соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои фароҳам овардани тамоми шароиту имконоти мавҷуда ҷудо намудани маблағҳои дахлдорро дареғ намедоранд. Ҳамчун роҳбари ғамхор ва Пешвои раъиятпарвару фарҳангсолор ба ояндаи боз ҳам дурахшони соҳаи маориф, аз ҷумла бунёди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, ки яке аз сарчашмаҳои асосии бунёди донишу маърифат ба ҳисоб мераванд, ғамхорӣ зоҳир намуда, чунин иброз намуданд: «Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин карда шавад».   Албатта, ҳусни таваҷҷуҳи Сарвари давлат нисбат ба бунёд кардани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ танҳо дастгирии соҳаи маориф нест, балки стратегияи бузурге аст, ки дар он насли донишманд, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарвар ба воя мерасанд. Дар татбиқи ин ҳадафи некбинона бояд тамоми қишри ҷомеа, ки ояндаи боз ҳам дурахшони давлату миллати тамаддунофари тоҷикро дидан мехоҳанд, бетараф набошанд. Зеро, ин тадбир бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва дар ин замина инкишоф додани инфрасохтори замонавӣ дар деҳоти мамлакат мусоидати фаъол хоҳад намуд. Аз ҳамин нуқтаи назар, Пешвои миллат ишора намуданд, ки «роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд».   Ҳаминро бояд гуфт, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат сиёсати ояндасозу манфиатовар буда, ҳадафи асосии онро таҳкими пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона ташкил медиҳад. Дар ин замина, ба масъалаҳои қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои давлатӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро стратегияю барномаҳои давлатӣ ҳамчун ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ боиси марҳила ба марҳила амалӣ намудани ҳадафҳои давлат дар самти рушд бо назардошти ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи маориф мебошад. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ки имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд. Ҳамчунин бо ин мақсад дар соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад.   Татбиқи барномаю стратегияҳо ва ҷалби лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти соҳаи маорифи ҷумҳурӣ имкон дод, ки инфрасохтори замонавӣ дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистони соҳибистиқлол сохта ва мавриди истифода қарор дода шавад. Муассисаҳои сохташуда шароити мусоиди замонавиро дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, беҳтар гардонидани шароити дарсгузарии омӯзгорон, муҷаҳҳаз гардонидани технологияҳои замонавӣ, китобхонаҳои нав ва аз байн бурдани мушкилоти иҷтимоию иқтисодии ҷомеа фароҳам оварданд. Аз тарафи дигар, дастовардҳои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ натиҷаи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошанд. Зеро фазои Истиқлоли давлатӣ ва суботи ҷомеа ба рушди иқтисодиёти давлат мусоидат намуда, дигаргуниҳои куллиро дар самти болоравии шумораи муассисаҳои таълимӣ ва зиёд шудани аҳолии мамлакат ба вуҷуд оварданд, ки ин тадбирҳо аз таҷрибаи роҳбарӣ ва сиёсати дурандешонаю ғамхоронаи Сарвари давлат дарак медиҳанд.   Тибқи таҳлили Сарвари давлат, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд. Агар соли 1991 дар Тоҷикистон 3229 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 1,3 миллион нафар хонанда фаъолият дошта бошад, пас имрӯз 4037 муассиса, аз ҷумла 170 литсею гимназия, яъне муассисаҳои таълимии типи нав фаъолият менамоянд.   Мавриди гуфтан аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти соҳаи маорифи мамлакат заҳмату талошҳои беандоза намудаанд. Натиҷаҳои хизматҳои Пешвои миллатро мо дар нишондиҳандаҳое мебинем, ки дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.   Ёдоварӣ карда шуд, ки соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Дастовардҳои дигар дар он зоҳир мегарданд, ки имрӯз дар мамлакат 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 ҳазор хонанда, инчунин 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 ҳазор донишҷӯ фаъолият доранд. Мисоли дигар он аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 давлати пешрафтаи ҷаҳон фиристода шуданд.   Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.   Ҳамин тавр, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи мукаммали таҳлилӣ барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ заминаҳои мусоиди таҳқиқотӣ фароҳам меоварад. Паёмҳои Президенти Тоҷикистон мазмунан моҳияти илмӣ дошта, маҳз барои муҳаққиқони соҳаҳои гуногун, ки дар самтҳои муайян корҳои таҳқиқотӣ анҷом медиҳанд, сарчашмаҳои боэътимод маҳсуб меёбанд. Бахусус, барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025 – 2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд. Ин пешниҳод аз мо, аҳли маориф вобастагии калон дорад, зеро барои татбиқи он нақш ва мақоми муассисаҳои олии касбӣ назаррас аст. Бахусус, дар заминаи донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ таъсиси факултетҳо ва кафедраҳои дахлдор барои омода намудани мутахассисони иқтисоди рақамӣ ва инноватсия амри воқеӣ мебошад.   Аз ҳамин нуқтаи назар, дар маҷмуъ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳкушои фаъолияти устувор ва манбаи дастовардҳои беназири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ буда, ояндаи пурсаодати давлатро таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат таҷассум менамояд.   Даврон САФАРЗОДА, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

    113

    03.01.2025
  •  img
    ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ-КИТОБ АСТ! Хушбахтона, бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи мо рӯ ба китобу китобхонӣ овардаанд. Хонае нест, ки дар он дар бораи китобу китобхонӣ ҳарфе набошад.    Аз ин рӯ, кормандону маҳфилчиёни Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар давраи таътили зимистонаи соли 2024-2025 ба китобхонаи марказии ноҳияи Ёвон ҷалб гардиданд.   Дар китобхонаи марказӣ хонандагон бисёртар китобҳоеро меҷустанд, ки дар он шеъру ғазалҳо, қиссаҳо ва ривояту достонҳое, ки бештар дар онҳо мавзуи ватандорӣ ва ҳисси ҳуввияти миллӣ инъикос гардидааст. 

    57

    03.01.2025