11 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди корӣ ба Туркманистон сафар карданд.

11.10.2024

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

 

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДУРДОНАҲОИ "ФУРӮҒ..." Ахмедзода Фараҳбахш, иштирокчии даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик мебошад.   Ҳарчанд Фараҳбахш имконияти маҳдуди биноӣ дошта бошад ҳам, ишқ ба китоб ва майлу рағбати беандоза ба илму дониш нагузоштааст, ки ӯ аз ҳамсолонаш қафо монад.   Фараҳбахш бо ёрии модар тавонистааст, ки то имрӯз 16 асари насрӣ, 100 ғазал, 135 рубоию дубайтӣ, 280 байт достон, 175 байт қасида, 180 байт дигар навъҳои шеъриро аз худ кунад.   Фараҳбахш хонандаи муассисаи таълимии рақами 63-и деҳаи дурдасти Роҷи шаҳри Панҷакент аст. Инак соли чорум аст, ки ӯ дар озмуни мазкур иштирок мекунад. Соли ҷорӣ бо гирифтани ҷойи аввал дар даври вилоятӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтааст.

    36

    12.11.2024
  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР НОМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ТОҶИК Субҳи имрӯз, 11-уми ноябри соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода аз рафти баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик дидан карда, бо ҳайати ҳакамон, иштирокчиён ва волидон суҳбат намуд.   Вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни озмун муваффақият таманно намуда, таъкид дошт, ки барои дар сатҳи хуб баргузор намудани озмун шароити мусоид муҳайё буда, иштирокчиёни озмун метавонанд, дар фазои осоиштаю шаффоф мувофиқи донишу маҳораташон сабқат намоянд. Ҳамчунин, барои шаффоф баргузор гардидани озмун барои омӯзгорон ва волидони иштирокдор рафти озмун тариқи мустақим дар толори алоҳида нишон дода шуда, онҳо метавонанд, бевосита шоҳиди маҳорату донишсанҷии шогирд ва фарзанди худ гарданд.   Вазири маориф ва илм зимни суҳбат бо ҳайати ҳакамон иброз намуд, ки дар рафти озмун шаффофият дар мадди аввал гузошта шуда, ба иштирокчиёни озмун дар доираи низомнома ва адабиёти пешниҳодшуда саволу ҷавоб карда шавад.   Ҳамчунин, дар рафти суҳбат гуфта шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” озмуни сарнавиштсоз буда, дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани он қарзи виҷдонӣ ва шаҳрвандӣ дар баробари сарпарасти озмун, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    65

    11.11.2024
  •  img
    ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ИФТИТОҲИ НОМИНАТСИЯҲОИ ЭҶОДИ НАЗМ ВА НАСР Имрӯз, 11-уми ноябри соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар ифтитоҳи номинатсияҳои эҷоди назм ва наср дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуд.   Вазири маориф ва илм ба иштирокчиёни озмун муваффақият таманно намуда, таъкид дошт, ки барои дар сатҳи хуб баргузор намудани озмун шароити мусоид муҳайё буда, иштирокчиёни озмун метавонанд, дар фазои осоиштаю шаффоф мувофиқи донишу маҳораташон сабқат намоянд.

    81

    11.11.2024