18.04.2025

 img

“Як саҳари фасли зимистон чун ҳарвақта аз хона роҳ пеш гирифтам ҷониби мактаб. Моҳи феврал, ҳаво сард буд. Туман он қадар ғафс буд, ки пеши роҳамро базӯр медидам. Аз хона тақрибан 3 километр дуртар рафта будам, ки ногаҳон дар пастхамие дар рӯ ба рӯям се гург пайдо шуд. Нафасам ба дарун афтод, пойҳоям карахт шуда, маҷоли ҳаракат надоштам. Чӣ кор карданамро намедонистам. На роҳи гурехтан буд ва на илоҷи аз гургҳо халос шудан. Ногаҳон яке аз гургон аз ҷояш ҷаҳида, ба ман ҳамла кард ва “ҷанг”-и тан ба тан миёни мо оғоз шуд. Барои раҳоӣ ёфтан аз ҳамлаи ин дарандаи ваҳшӣ кӯшиш мекардам, аммо гург барои маро туъмаи худ сохтан талош дошт. Дар ин ҳолат мадор надоштам, то ин ки даст ба ҷайбам бурда, бо корд корашро тамом кунам. Гург ҳам, то ҷое ки метавонист, ҳамла мекард ва маро раҳо намекард. Дар ҳамин ҳангом дастам ба як чӯби хушк расид ва бо он ба тамоми қувва чанд зарба ба сараш задам. Хушбахтона, яке аз зарбаҳоям ба чашми гург расид ва гург аз шиддати дард маро раҳо кард ва оҳиста-оҳиста фирор намуд. Ду гурги дигар низ аз думболи ҳамҷинсашон роҳ пеш гирифтанд. Ман ба хона баргашта тағйири либос намудам ва боз роҳи мактабро пеш гирифтам”.

 

Ин нақл аз забони нафарест, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Муъминобод, деҳаи Гулзор, бо ҳамсари меҳ­рубонаш зиндагӣ мекунад. Ӯ 34 сол аст, ки ҳар рӯз 7 километр роҳро пиёда тай намуда, ба маркази Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон – деҳаи Шаҳрак ме­расад, то ба мактаббачагон дарс бигӯяд. Ин шахс Эмомалӣ Шарифов буда, омӯзгор аст ва аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ дарс медиҳад. Ӯ 2 июли соли 1961 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби №20-и ҳамин ноҳия гирифта, баъди хатми мактаб, аниқтараш, соли 1981 ба Институти педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Баъд ба ноҳияи Муъминобод роҳхат гирифта, фаъолияти худро дар МТМУ №15-и деҳаи Шаҳраки Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба ҳайси омӯзгори таърих ва ҳуқуқ оғоз мекунад. Инак, 34 сол аст, ки Эмомалӣ Шарифов дар ҳамин таълимгоҳ дарс мегӯяд.

 

Зиндагии Эмомалӣ Шарифов дар оғӯши табиати дилфиреб ва манзараҳои зебои Ватан сипарӣ мешавад. Бо вуҷуди он ки фарзандонаш ҳама дорои маълумоти олӣ ва зиндагии хубу хонаи худ ҳастанд, ӯ бо ҳамсари меҳрубонаш тарки кӯҳ ва оғӯши табиат накард. Дилбастагӣ ба кори омӯзгорӣ, меҳру муҳаббати мардуми деҳот ва шавқи таълим ба фарзандони мардум нагузошт, то ӯ тарки деҳаи Гулзор намояд. Ҳамин тавр, чун солҳои қабл ҳар рӯз 7 километр роҳро пиёда тай намуда, ба деҳаи Шаҳрак меравад, то ба шогирдонаш аз таърихи миллат дарс бигӯяд. Тибқи нақли устод Эмомалӣ Шарифов, фарзандонаш барои ӯ тамоми шароитро муҳайё кардаанд, то тарки кӯҳистон намуда, ба макони обод, назди онҳо баргардад. Аммо ин марди шариф ва омӯзгори пуртаҷрибаро ҳеҷ чиз қонеъ сохта натавонист, то тарки манзилу маконе намояд, ки дар он ҷо ризқу рӯзӣ ёфтаву солиёни дароз умр ба сар бурдааст.

 

Шояд аҷиб ва боварнокарданӣ бошад, ки чӣ гуна ӯ 34 сол бо як пайроҳа ба мактаб меояду боз ба хона бармегардад?

 

Мо, аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон”, барои аз наздик ошно гардидан бо зисту зиндагии ин омӯзгори пуртаҷриба роҳ пеш гирифтем ҷониби ноҳияи Муъминобод. Он рӯз ҳаво офтобӣ буд.

 

Ният доштем, ки субҳи барвақт Эмомалӣ Шарифовро аз хонааш то ба мактаб ҳамроҳӣ намоем. Аммо ҳавои пурбарф, тумани ғафс, хавфу хатари роҳ ва даррандагони гурусна каме моро ваҳшатзада намуданд. Бо Эмомалӣ Шарифов дар тамос шудем ва изҳор доштем, ки дар хонаи ӯ наҳорӣ хоҳем кард. Аз ин пешниҳоди мо ӯ хеле шод гардид ва гуфт, ки моро интизор мешавад.

 

Офтоб ҳанӯз тулӯъ накарда, ба роҳ баромадем. Дар он пайроҳае, ки ҳар рӯз Эмомалӣ Шарифов ба мактаб мерафт, қадам мезадем. Барфи аз ҳад зиёд ва шамоли сард ба роҳ гаштан халал мерасонд. Вале мо ба азобу мушкилиҳо нигоҳ накарда, пеш мерафтем. Барфи зиёд ва тумани ғафс пайроҳаро аз чашм пинҳон мекард ва ин ҳолат барои пайдо кардани роҳи дуруст каме мушкилӣ эҷод менамуд. Танҳо ҳарҷо-ҳарҷо изи пойҳои гургону дигар ҳайвоноти дарранда дида мешуду халос.

 

Пайроҳаи борике, ки аз миёни ҷангали анбӯҳ мегузашт, ба дили касе, ки бори аввал аз ин роҳ гузар менамуд, тарсҷой мекард. Акнун тасаввур кунед, ки омӯзгор Эмомалӣ Шарифов 34 сол боз бо ҳамин роҳ ба мактаб мераваду ба шогирдонаш дарс мегӯяд. Ёдовар бояд шуд, ки фарзандони ӯ ҳам ҳамин роҳро тай кардаву дар ҳамин муассиса таҳсил намудаанд ва имрӯз ҳар яке таҳсилкардаи донишгоҳу донишкадаҳои кишваранду дорои маълумоти олӣ.

 

Офтоб тулӯъ карду билохира манзили зисти Эмомалӣ Шарифов намудор гардид. Интизориҳои устод ва ҳамсараш, чеҳраи кушода ва истиқболи хуби онҳо нишон аз меҳру муҳаббат ва фарҳанги меҳмондӯстиашон буд. Бо даъвати устод мо дар хонаи гарми ӯ, назди оташдон наҳориро бо ҳам дидем. Сари як пиёла чой суҳбати гарм бо ин оилаи хушбахт ва тановул аз анвои хӯрданиҳои рӯйи дастархон хастагиямонро бартараф намуд. Хусусан, чашидани асали тозаи кӯҳистон, ки он ҳам маҳсули дастони ин омӯзгори пуртаҷриба буд, моро ба ваҷд овард. Акнун асрори зиндагии Эмомалӣ Шарифов барои мо аён гашт, ки ӯ чаро тарки ин манзилу макон накарда, бо ҳамсари меҳрубонаш Рӯзигул Абдуллоева дар ин деҳаи дурдаст зиндагии доимиро ихтиёр кардааст.

 

Хонаи ӯро аз чор тараф талу теппаҳо ва ҷангалзор иҳота кардааст. Боду ҳавои мусоид, табиати нотакрор ва ҷангалу кӯҳҳо барои ин марди наку манбаи хуби даромад ба ҳисоб мераванд. Зеро Эмомалӣ Шарифов дар баробари касби омӯзгорӣ таҷрибаи 40-солаи занбӯриасалпарварӣ дорад ва аз ин соҳа даромади хубе ба даст меорад.

 

– Ба як мард чил ҳунар кам аст, гуфтани халқ бесабаб нест. Дар баробари омӯзгорӣ мо кӯшиш мекунем, ки боз ба дигар касбҳо шуғл варзем. Занбӯрпарварӣ барои таъмини зиндагӣ манбаи даромади хубе ба ҳисоб меравад. Даромади ин соҳа ба мо кумак намуд, то фарзандон дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намоянд ва вазъи зиндагиамон беҳтар гардад, – иброз дошт Эмомалӣ Шарифов.

 

Дар ин радиф ӯ ба чорводорию зироаткорӣ низ машғул аст. Аслан, кишти зироатҳоро дар замини назди ҳавлӣ ҳамсари меҳрубонаш Рӯзигул Абдуллоева анҷом медиҳад. Дар вақтҳои холӣ Эмомалӣ Шарифов низ дар анҷоми ин корҳо ба ҳамсараш кумак мерсонад. Тибқи гуфтаҳои ин зани меҳнатдӯст, онҳо барои харидани сабзавоту мева ёд надоранд, ки кай ба бозор рафтаанд. Зеро маҳсулоти бо меҳнати ҳалол бадастовардаашон барои таъмини зиндагии онҳо басанда аст. Хонаи ӯ дар миёни кӯҳсор қомат афрохта бошад ҳам, аз барқу гармӣ дар зимистон танқисӣ надорад. Равшании хонаи ӯро панелҳои офтобӣ таъмин мекунанд.

 

Сипас мо роҳ пеш гирифтем ҷониби деҳаи Шаҳрак. Роҳи мо сӯйи таълимгоҳе буд, ки Эмомалӣ Шарифов он ҷо дарс мегуфт. Боз ҳамон роҳи пурхатар, ҳамон дашту кӯҳу ҷангал, аз ҳама муҳим, ҳамон пайроҳаи борик. Ин дафъа ин пайроҳаро ҳамроҳи Эмомалӣ Шарифов тай намудем. Дар аснои сафар омӯзгори рӯзгордидаву пуртаҷриба дар хусуси хавфу хатарҳое, ки дар ин роҳ аз сар гузаронида буд, қисса намуд. Ҳамлаи гургон, барфи зиёди зимистону боронҳои баҳорӣ дар тасаввури кас ин омӯзгорро чун қаҳрамони филм ҷилва месозад. Рӯзигул Абдуллоева ҳар рӯз субҳи барвақт ҳамсарашро гусел мекунад, то расидан ба мактаб ва шунидани занги телефону садои шавҳараш ором намегирад.

 

– Айёми зимистон вазъият каме мушкилтар мешавад. Дар сардиҳои зимистон, вақте ки шавҳарам аз хона мебарояд, хеле хавотир мешавам. Борҳо гуфтам, ки ақалан дар фасли зимистон тарки омӯзгорӣ намояд, аммо шавқи таълим ва меҳру муҳаббат ба касб иҷозат намедиҳад, ки шавҳарам тарки касби худ намояд. Аммо аз дигар тараф, хурсандам, ки ин заҳматҳои падари фарзандонам натиҷа додаанд ва то имрӯз даҳҳо шогирдаш дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, – нақл мекунад Р. Абдуллоева. Ӯ аз зиндагӣ бо шавҳараш Эмомалӣ Шарифов розӣ буда, шукрона мекунад, ки дар тӯли зиндагии 30-солаашон миёни онҳо ҳамеша якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт. Натиҷаи ҳамин меҳру садоқат аст, ки имрӯз онҳо бо фарзандонашон зиндагии хушбахтона доранд.

 

Баробари ворид шудан ба муассисаи таълимӣ, ҳамкоронаш аз Эмомалӣ Шарифов ҳолпурсӣ намуданд. Зеро онҳо низ медонанд, ки ӯ аз роҳи дур барои дарс гуфтан меояд. Зимни суҳбат бо директори муассисаи мазкур Холмурод Шарифов маълум шуд, ки зиёданд шогирдоне, ки мисли устодашон Эмомалӣ Шарифов аз деҳаҳои дурдаст барои таҳсил ба мактаб меоянд.

 

– Дар 34 соле, ки Эмомалӣ Шарифовро мешиносам ва бо ҳам кор мекунем, ҳамеша ҳис менамоем, ки нисбат ба касби худ ҷиддӣ муносибат мекунад. Ба дарсҳо сари вақт ҳозир шуда, бо шогирдон муносибати хуб дорад. Натиҷаи ҳамин заҳмату меҳнати устод буд, ки имрӯз шогирдони муассисаи мо дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, – мегӯяд директори муассиса Х. Шарифов.

 

Абдулло Қурбонзода яке аз он шогирдонест, ки имсол дар озмунҳои фаннӣ миёни хонандагони муассисаҳои миёна аз фанни таърих дар сатҳи вилоят сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали нуқра гардид. Зимни суҳбат бо ӯ ва дигар шогирдон маълум гардид, ки муносибати омӯзгор Эмомалӣ Шарифов бо онҳо хуб буда, дарсҳоро бо тамоми нозукиҳояш мефаҳмонад ва ба суолҳои додаи онҳо пурра ҷавоб медиҳад. Метавон гуфт, дарахте, ки 34 сол боз ин омӯзгор парвариш мекунад, самараи хуб ба бор овардааст.

 

Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ,

Набиҷони САИДАБРОР,

бознашр аз рӯзномаи “Хатлон”, №22, аз 03.04.2025

  • 34 СОЛ БО ЯК ПАЙРОҲА. Қиссае аз рӯзгори як омӯзгори кӯҳистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА СИЁСАТИ МАОРИФПАРВАРОНА: АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР 16 ноябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат ва сиёсати маорифпарварона: аз Иҷлосияи тақдирсоз то давлатдории устувор» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.   Дар ҳамоиш вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва намояндагони сохторҳои тобеи он иштирок намуданд.   Ҳамоиши илмӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, сипас вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Номбурда нахуст иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, таъкид кард, ки ин санаи муҳимми таърихӣ дар баробари арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишонаи эҳтиром ба давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва суботу оромии ҷомеа мебошад.   Зикр гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз мақоми махсус дошта, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди кишвар заминаи устувор гузошт. Ҳамзамон, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ омили муҳимми рушди соҳаи маорифу илм, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст арзёбӣ гардид.   Сипас, маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд. Нахуст, доктори илмҳои фалсафа, профессор, директори Маркази таълимии «Сарвар» Н. Содиқӣ дар мавзуи «Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - фазои нави сиёсӣ дар таърихи миллати тоҷик», ҳамзамон, номзади илмҳои филологӣ, муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи «Омӯзгор» Н. Охунзода дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ва давлатдории миллӣ» ва номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон У. Ҳусейнов дар мавзуи «Сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоии Пешвои миллат ҳамчун омили таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда, масъалаҳои муҳимми сиёсати иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ ва омилҳои рушди устувори кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Қобили зикр аст, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ дар самти омӯзишу тарғиби арзишҳои давлатдории миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву таърихӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамзамон, он барои густариши корҳои илмию маърифатӣ ва тақвияти масъулияти кормандони соҳаи маориф дар тарбияи насли ояндасози кишвар мусоидат менамояд.   Дар фарҷом, ба таваҷҷуҳи ҳозирин видеоролики кӯтоҳ, ки фарогири лаҳзаҳои муҳимми фаъолияти созанда, хизматҳои таърихӣ ва корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ, ободониву созандагӣ ва пешрафти Тоҷикистони маҳбуб буд, пешкаш гардид. Навори мазкур бозгӯкунандаи марҳилаҳои муҳими таърихи навини кишвар ва нақши арзишманди Пешвои миллат дар рушду таҳкими давлатдории миллӣ буд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    34

    16.11.2026
  •  img
    Терроризм ва экстремизм – хатар ба амнияти ҷомеа Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддӣ ба шумор рафта, ба амнияти башар, сулҳу суботи ҷомеа ва рушди устувори давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.   Паҳншавии ғояҳои ифротӣ, истифодаи зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсиву мафкуравӣ аз ҷониби бархе аз ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пайомадҳои ҷиддии иҷтимоӣ, равонӣ ва маънавӣ низ ба вуҷуд меоранд.   Мубориза бо ин зуҳурот дар шароити рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ ва густариши шабакаҳои иҷтимоӣ аҳаммияти бештар пайдо кардааст. Имрӯз иттилооти бардурӯғ, таблиғоти ғаразнок ва талқини ақидаҳои носолим метавонад дар муҳити маҷозӣ ба зудӣ паҳн шуда, ба ҷаҳонбинӣ ва рафтори баъзе афрод таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, масъалаи муқовимат ба терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, дар пешгирии он бояд дигар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ, оила, воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ саҳмгузор бошанд.   Яке аз омилҳои муҳимми осебпазирии шаҳрвадон ин сатҳи нокифояи дониш ва малакаи таҳлил намудани иттилоот мебошад. Агар шахс манбаи хабарро насанҷад, далелҳоро бо маълумоти дигар муқоиса накунад ва ҳар паёми эҳсосангезро ҳамчун ҳақиқат қабул намояд, эҳтимоли осебпазирӣ ва шомилшавии ӯ ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ зиёд шуда метавонад.   Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба яке аз майдонҳои таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии шаҳрвадон, махсусан, ҷавонон табдил ёфтааст. Дар ин фазо иттилооти гуногун, аз ҷумла, овозаҳо, хабарҳои бардурӯғ, наворҳои таҳрифшуда ва паёмҳои эҳсосангез паҳн мешаванд. Баъзе таблиғгарон аз ин фурсат истифода бурда, афродро ба қабули ақидаҳои тундгароёна водор карданӣ мешаванд.   Дар чунин шароит саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунанд. Ҷавонон бояд, пеш аз ҳама, манбаи иттилоотро муайян кунанд, сана ва муҳтавои хабарро бисанҷанд, далелҳоро бо сарчашмаҳои мустақил муқоиса намоянд ва пеш аз паҳн кардани маводи шубҳанок, дурустии онро дида бароянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани саводи рақамӣ ва қабули қарорҳои дуруст дар ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби ҷавонону наврасон хеле муҳим аст.   Дар баробари шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳити оила низ дар ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад. Оила нахустин муҳити рушди ҷаҳонбинӣ ва хислати инсон аст. Муносибати самимӣ, эҳтироми ҳамдигар, гӯш кардани мушкилоти фарзанд ва дастгирии ӯ дар ҳолатҳои душвор барои эътимод ва масъулиятшиносӣ замина фароҳам меоранд.   Волидайн бояд бо фарзандон дар бораи арзишҳои инсонӣ, эҳтироми қонун, масъулияти шаҳрвандӣ ва хатарҳои таблиғоти хушунатомез суҳбат кунанд. Дар ин раванд, на тарсонидану айбдоркунӣ, балки фаҳмондадиҳӣ, саволу ҷавоб ва эътимод ба ҳамдигар натиҷаи беҳтар дода метавонад.   Муассисаҳои таълимӣ низ дар пешгирии ифротгароӣ нақши калидӣ доранд. Дар мактабу донишгоҳҳо гузаронидани семинарҳои илмӣ-маърифатӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриҳо бо ҳуқуқшиносон, равоншиносон ва мутахассисони соҳаи иттилоот метавонад ба дарки амиқтари масъала мусоидат кунад.   Донишҷӯ ё хонанда бояд тавонад маводи шубҳанокро муайян кунад, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандии худро дарк намояд, ихтилофро бо роҳи муколама ҳал кунад ва ҳангоми дучор шудан ба таҳдиди воқеӣ ба ниҳодҳои дахлдор муроҷиат намояд.   Ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ, равоншиносон, кормандони иҷтимоӣ ва мақомоти дахлдор метавонад барои сари вақт пешгирӣ намудани ҷавонон аз амалҳои номатлуб заминаи мусоид фароҳам оварад.   Бо дарназардошти омилҳои зикршуда, дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм бояд ба чанд самти асосӣ такя намуд: Якум, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, шиносоии шаҳрвандон бо ҳуқуқу уҳдадориҳои худ, қонунгузории дахлдор ва оқибатҳои ҳуқуқии амалҳои террористию экстремистӣ. Дуюм, рушди саводи расонаӣ. Омӯзонидани усулҳои санҷиши иттилоот, шинохти манбаъҳои боэътимод ва муайян кардани таблиғоти ғаразнок.   Сеюм, фароҳам овардани имкониятҳо баҳри рушди ҷавонон. Дастгирӣ барои таҳсил, касбомӯзӣ, шуғл, варзиш, фаъолияти эҷодӣ ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ.   Чорум, таҳкими ҳамкории оила ва муассисаҳои таълимӣ. Фароҳам овардани муҳити эътимод, шунидани мушкилоти ҷавонон ва дастгирии саривақтии онҳо.   Панҷум, густариши фарҳанги муколама. Тарбияи эҳтиром ба гуногунандешӣ, малакаи ҳалли осоиштаи ихтилофҳо ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигарон.   Шашум, риояи қонун ва ҳуқуқи инсон. Ҳамаи чораҳои муқовимат бояд дар асоси қонун, далелҳои санҷидашуда ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амалӣ карда шаванд.   Ҳафтум, ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои ҷомеа. Ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, оилаҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма метавонад барои пешгирии саривақтии хатарҳо мусоидат намояд. Муқовимат бо терроризму экстремизм ҳамкории пайвастаи ниҳодҳои дахлдор бо шаҳрвандонро талаб мекунад. Барои Тоҷикистон, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди насли ҷавон аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа мебошанд, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву расонаӣ ва тарбияи наврасону ҷавонони худогоҳу масъулиятшинос аҳаммияти махсус дорад. Дар ин раванд ҳар як омӯзгор, волидайн, донишҷӯ, рӯзноманигор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонад бо муносибати оқилона ва риояи қонун саҳми худро гузорад.   Афзал БОСОЛИЕВ, муаллими кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

    3

    16.11.2026
  •  img
    РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок намуданд.   Иштироки фаъолонаи ҳайати устодону донишҷӯён ва кормандони донишкада аз эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ ва саҳмгузорӣ дар чорабиниҳои муҳимми ҷамъиятӣ шаҳодат медиҳад.

    10

    16.11.2026