31.01.2026
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳадафи қадрдонӣ аз хизмати бисёрсолаи омӯзгорон, аз ҳолу аҳволи се нафар омӯзгори собиқадори соҳаи маориф дидан намуд.
Дар ҷараёни аёдат вазири маориф ва илм бо омӯзгори собиқадор Марҳабо Сулаймонова-омӯзгори фанни физика вохӯрӣ анҷом дод. Мавсуф аз соли 1971 то имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, зиёда аз 50 сол ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошад.
Ҳамчунин, вазири маориф ва илм бо омӯзгори собиқадор Ғайбулло Хоҷибоев-омӯзгори фанҳои физика ва математика дидор намуд. Номбурда фаъолияти омӯзгории худро аз соли 1965 оғоз намуда, беш аз 60 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолият кардааст.
Инчунин, вазир бо омӯзгори собиқадор Раҳбар Баҳодурова-омӯзгори фанни математика вохӯрӣ намуд. Мавсуф аз соли 1972 то имрӯз дар соҳаи маориф фаъолият дошта, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд, инчунин, дар сохторҳои идоракунии маориф вазифаҳои гуногунро ба уҳда доштааст.
Зимни суҳбат бо собиқадорон вазири маориф ва илм иброз намуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ рушд ёфта, мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа таҳким ёфт. Татбиқи барномаҳои давлатӣ, беҳтар намудани шароити фаъолияти омӯзгорон, дастгирии иҷтимоӣ ва қадршиносии хизмати омӯзгорони собиқадор имкон фароҳам овард, ки таҷрибаи ғании онҳо ҳифз ва ба насли ҷавони омӯзгорон интиқол дода шавад. Дар ин росто, таҷрибаи ғании шумо- омӯзгорони собиқадор, ки даҳсолаҳо умри худро ба таълиму тарбияи насли наврас бахшидаед, имрӯз ҳамчун сарвати бебаҳои соҳаи маориф арзёбӣ мегардад.
Омӯзгорони собиқадор, дар навбати худ, зимни суҳбат изҳор доштанд, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф ва аҳли илму дониш барои онҳо мояи ифтихор ва рӯҳбаландӣ мебошад. Онҳо бо арзи сипос ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат ба баланд гардидани сатҳи таҳсилот, эҳёи мақоми омӯзгор ва фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолияти онҳо мусоидат намуда, омӯзгоронро ба хизмати содиқона ва масъулиятнок ба Ватан ва насли оянда ҳидоят мекунад.