06.10.2026
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи омӯзгорон бо мақсади шиносоӣ аз ҳолу аҳвол ва қадршиносии хизматҳои бисёрсолаи омӯзгорон ба аёдати як қатор омӯзгорони собиқадор рафт.
Аз ҷумла, вазири маориф ва илм аз ҳолу аҳволи собиқадори соҳаи маориф Назаров Шоҳ дидан намуд. Номбурда 13 октябри соли 1942 ба дунё омада, соҳиби таҳсилоти олӣ буда, ихтисосаш омӯзгори математика мебошад.
Назаров Шоҳ фаъолияти меҳнатии худро соли 1960 ба ҳайси омӯзгори фанни математика оғоз намуда, солҳои тӯлонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси омӯзгор, директор ва муовини мудири шуъбаи маориф фаъолият кардааст. Аз соли 1994 то соли 1996 мудири шуъбаи маорифи ноҳия буд ва баъдан то ба нафақа баромадан фаъолияти омӯзгории худро идома додааст.
Дар идома вазири омӯзгори собиқадор Маҳмудова Шарофатро аёдат намуд. Номбурда 30 июни соли 1953 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакиро хатм кардааст.
Маҳмудова Шарофат фаъолияти меҳнатии худро соли 1973 оғоз намуда, то 1 августи соли 2025 дар вазифаи омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият кардааст. Давоми беш аз 50 соли фаъолияти омӯзгорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст.
Зимни аёдат вазири маориф ва илм бо собиқадорони соҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, дар бораи дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд намуда, барои фаъолияти самараноки омӯзгорон ва таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Вазир саҳми собиқадорони соҳаи маорифро дар рушди соҳа ва тарбияи насли наврас баланд арзёбӣ намуда, таҷрибаи бисёрсолаи онҳоро мактаби бузурги касбӣ барои насли ҷавони омӯзгорон арзёбӣ кард.
Собиқадорони соҳа, дар навбати худ, аз таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва омӯзгорон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки рушди соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти омӯзгорон натиҷаи дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат мебошад.
Ҳамзамон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо омӯзгорони муассиса мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот вазир бо омӯзгорон дар бораи шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат барои фаъолияти самараноки онҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон суҳбат намуд.
Таъкид гардид, ки омӯзгоронро зарур аст аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, бо дарки масъулияти касбӣ барои баланд бардоштани савияи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати хонандагон тамоми кӯшиши худро равона созанд.
Дар рафти мулоқот вазири маориф ва илм ба омӯзгори фанни забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Шукурова Қурбонбӣ Нуралиевна барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илмро супорид.
Вазир таъкид намуд, ки дар шароити рушди муносибатҳои байналмилалӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони англисӣ, аҳаммияти муҳим дошта, омӯзгоронро зарур аст, бо истифода аз усулҳои муосири таълим барои баланд бардоштани сатҳи забондонии хонандагон ва омода намудани насли рақобатпазир саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки таҷрибаи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва фаъолияти омӯзгорони ҷавону фаъол бояд ба ҳам пайваста, дар заминаи он барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон