30.12.2024

 img

Имрӯз, 30-юми декабри соли 2024 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат бо баррасии як қатор масъалаҳо баргузор гардид.

 

Нахуст, зимни ифтитоҳи ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ рӯзи 28-уми декабр дар баробари дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи хоси худро ба соҳаи маориф равона намуда, таъкид доштанд, ки “Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад”. Дар ин замина мо, кормандони соҳаро зарур аст, ки дар партави таваҷҷуҳ ва боварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди маориф тамоми неру ва имконияти хешро истифода намоем.

 

Сипас, раиси ҷаласа ҳозиринро бо рӯзнома шинос намуда, аз рӯйи масъалаи якум баромади сардори раёсати илм ва инноватсия Сироҷиддин Ниёзӣ вобаста ба натиҷаи иҷрои талаботи Низомномаҳои зинаҳои магистратура ва докторантура аз рўйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ (АМИТ, АИКТ, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажўҳишгоҳҳои илмии соҳаи тиб) шунида шуд.

 

Дар идома, дар қисмати масъалаҳои асосӣ баромадҳои раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода вобаста ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омўзгорони ҷавон» ва сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм Нурулло Убайдуллозода вобаста ба ҷамъбасти ҳисоботҳои омории соҳаи маориф шунида шуд.

 

Дар қисмати масъалаҳои иловагии ҷаласа директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Наврӯзи Ҷумъамурод дар бораи «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2025» ва сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ Ҷамшед Маҷидзода дар бораи «Тартиби ташкил ва фаъолияти шаклҳои алтернативии таълиму тарбияи томактабӣ» баромад намуданд.

 

Дар охир, вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи фосилавии 9 иншоот дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 2 ноябр зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоот ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ майдони Парчами давлатиро, ки дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд. Майдони Парчами давлатӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва баланд бардоштани ифтихори миллии сокинон бунёд гардидааст. Иншоот барои баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ, инчунин, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти  Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Шаҳристонро фосилавӣ оғоз бахшиданд. Бинои нав дорои 17 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, 6 ташхисгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Фаъолияти марказ ба таҳкими назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани ташхисҳои зарурӣ муҳим арзёбӣ гардид.   Ҳамчунин, бинои чойхонаи миллӣ дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Чойхонаи мазкур нахустин чунин иншоот дар деҳаи Ободӣ буда, бо риояи меъёрҳои меъмории миллӣ бунёд ёфтааст. Он барои истироҳату фароғати сокинон ва баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангӣ пешбинӣ мегардад.   Дар идома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти фермаи чорвопарварӣ, ки дар деҳаи Ободӣ бунёд гардидааст, расман оғоз бахшиданд. Дар ферма барои нигоҳубину парвариши чорвои зотӣ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Таъкид гардид, ки фаъолияти иншооти истеҳсолӣ метавонад дар рушди соҳаи чорводорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми назаррас гузорад.   Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро, ки дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таълимӣ барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.   Ҳамчунин, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №62 воқеъ дар деҳаи Фатмовути ноҳияи Айнӣ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Гуфта шуд, ки ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва фароҳам овардани имкониятҳои мусоид ҷиҳати фарогирии хонандагон бо таълиму тарбияи босифат муҳим мебошад.   Дар ноҳияи Айнӣ, инчунин, ду иншооти муҳимми иҷтимоӣ - муассисаи таҳсилоти томактабии Шукуфаҳои умед ва маркази фарҳангӣ дар деҳаи Шамтуч ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.   Кӯдакистони Шукуфаҳои умед бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, барои 60 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар муассиса барои  таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Маркази фарҳангӣ бошад, бо мақсади ташкилу баргузории чорабиниҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди истеъдоди наврасону ҷавонон бунёд шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти томактабии Нозанинро, ки дар деҳаи Дарғи ноҳияи Айнӣ бунёд гардидааст, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи томактабӣ барои фарогирии 120 кӯдак пешбинӣ шуда,  дар он барои  таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии кӯдакон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани иншооти гуногун дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айниро дар самти рушди инфрасохтори маҳаллӣ, густариши фаъолияти истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбияи насли наврас муҳим арзёбӣ намуданд.   Таъкид гардид, ки ин иқдомҳо барои ободонии маҳал, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави рушд заминаи мусоид мегузоранд.

    24

    02.11.2026
  •  img
    Ба истифода додани бинои муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрок дар ноҳияи Шаҳристон Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анорқул Ҷӯразода сохта шуда, дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим ба ҳисоб меравад.   Бинои литсей мутобиқ ба талаботи соҳаи маориф сохта шуда, дорои синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, ду озмоишгоҳ, китобхона, синфхонаи компютерӣ, ошхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Шароити мавҷуда ба ташкили раванди самараноки таълим, аз худ намудани донишҳои назариявию амалӣ ва рушди қобилияту истеъдоди хонандагон мусоидат менамояд.   Ҳамчунин, дар муассиса барои ташкили машғулиятҳои фаннӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияи муосир шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Майдончаи варзишӣ низ барои таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди қобилияти ҷисмонии насли наврас мусоидат мекунад.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимӣ 25 омӯзгор бо кор таъмин шуданд.   Инчунин, дар назди литсей маҷмааи варзишӣ бунёд ёфтааст, ки барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва обутоби бадан пешбинӣ шудааст.   Толори хуштарҳи маҷмаа барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар фасли сармо мусоид аст. Толори обутоби бадан қисми дигари ин маҷмаа мебошад, ки бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, шароити хубро барои ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим фароҳам меорад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани муассисаи таълимии хусусии Идрок дар ноҳияи Шаҳристонро иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас арзёбӣ намуда, ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ таҳсин хонданд.

    22

    02.11.2026
  •  img
    Ифтитоҳи бинои маҷмааи миллии соҳибкории Роҳи Абрешим дар шаҳри Истаравшан 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар хиёбони Сомонии шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкорӣ Роҳи Абрешимро мавриди истифода қарор доданд.   Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мазбут Бойҷонов  дар доираи  тадбирҳои  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 4 ҳазору 284 метри мураббаъ бунёд гардидааст.   Ёдовар бояд шуд,ки 25- уми июни соли 2018 зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд  дар шаҳри Истаравшан  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ин бинои маҷмааи миллии соҳибкорӣ, ки бо номи Роҳи Абрешим имрӯз ифтитоҳ ёфт, санги асос гузошта буданд.   Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 500  сокини маҳаллӣ ба кори муваққатӣ таъмин гардиданд.   Иншоот аз 18 ошёна ва инфрасохтори зарурӣ иборат буда, дар қабатҳои якуму дуюм  маркази савдои Ширин бо 120 ҷойи корӣ ва мағозаҳои брендӣ ва армуғонӣ бо 60 ҷойи кори ташкил карда шудааст. Инчунин қаҳвахона бо 60 ҷой дар ошёнаи якум пешбинӣ шудааст.   Маҷмаа, ҳамчунин, дорои  толори машқу тамрин, маркази солимгардонӣ, ҳавзи шиноварӣ, ҳаммом, тарабхона, меҳмонхона, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.   Дар иншоот 6  лифт, аз ҷумла 2  лифти панорамавӣ ва 6 эскалатор насб гардидааст. Дар маҷмуъ баъди ба истифода додани маҷмааи миллии соҳибкории Роҳи Абрешим зиёда аз 250 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.   Дар саҳни иншоот  гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ шинонда шуда, фаввораҳо бунёд ёфтаанд ва ҳамаи ин ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намудааст. Барои фароғати меҳмонон ва бошандагон  нишастгоҳҳо, майдончаҳои бозии кӯдакона низ пешбинӣ шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумат кишвар ба соҳибкорони ватанӣ миннатдорӣ баён намуда, онҳоро ба идомаи  бунёдкорӣ баҳри  пешрафту  тараққиёти  Ватан ҳидоят намуданд.   Ҳамчунин, дар гушаи дигар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда буд, ки бозгӯ аз таърихи пурғановати миллати  кӯҳанбунёди тоҷик ва маҳсули ҳунармандони шаҳри Истаравшан мебошанд.

    20

    02.11.2026