23.12.2025

 img

Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботи ҷамъбасти фаъолияти Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) дар соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои соли 2026 баргузор гардид.

 

Ҷаласа бо роҳбарии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо иштироки муовини вазир Б. Музаффарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, инчунин намояндагони бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Зимни ҷаласа менеҷери гурӯҳи татбиқи лоиҳа А.Асрорзода ва ҳамоҳангсозу мушовир оид ба мониторинг ва арзёбӣ Ҳ. Ашурова оид ба натиҷа ва дастовардҳои лоиҳа дар соли 2025, ҳамзамон мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар ҷараёни татбиқи фаъолиятҳои банақшагирифташуда ҳисоботи муфассал ироа намуданд.

 

Дар идома роҳбарони муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм - Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф доир ба сифат ва самаранокии хизматрасониҳои таълимӣ гузориш доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои таҳияи адабиёти таълимию методӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика, баланд бардоштани сатҳу сифати курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, бознигарии барномаҳои омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ, ҷорӣ намудани модели нави таҷрибаомӯзии педагогӣ, татбиқи омӯзиши муттасили касбӣ, инчунин тақвияти арзёбии миллии омӯзиш, ки марҳилаи дуюми лоиҳаро дар бар мегирад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Дар фарҷом раиси ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоту монеаҳои ҷойдошта, сари вақт аз худ намудани маблағҳои пешбинишуда ва татбиқи босифат ва самараноки фаъолиятҳои банақшагирифташуда ба роҳбарияти лоиҳа ва сохторҳои масъули Вазорати маориф ва илм дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Лоиҳаи муштараки «Дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (марҳилаи 2) яке аз лоиҳаҳои калонтарин дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳадафи он беҳтар намудани муҳити омӯзиш ва мусоидат ба таҳкими соҳа ҷиҳати татбиқи устувори низоми фарогири таҳсилот дар асоси салоҳият ва тақвияти натиҷаҳои омӯзиши хонандагон мебошад.

  • ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ «ДАСТГИРИИ АМАЛИНАМОИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ МАОРИФИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ЯК ҚАТОР МУАССИСАҲОИ ТОБЕИ ВАЗОРАТ 22 декабри соли ҷорӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни фаъолияти корӣ, шароити мавҷуда, имкониятҳои техникию ташкилӣ ва сатҳи интизоми меҳнатии кормандон аз фаъолияти як қатор муассисаҳои тобеи вазорат боздид намуд.   Вазири маориф ва илм, аз ҷумла аз Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии таҳлил, иттилоот ва технологияҳои рақамӣ, нашрияи «Омӯзгор», маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон» ва «Маърифати омӯзгор», инчунин Корхонаи воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе» дидан намуд.   Вазир дар ҷараёни шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳо ба ҳолати ташкили раванди кор, истифодаи имкониятҳои мавҷуда, сатҳи таъминоти техникӣ, инчунин риояи интизоми меҳнатии кормандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо масъулон ва кормандони соҳа суҳбат анҷом дод.   Зимни мулоқот бо кормандон вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки фаъолияти ҳар як муассиса бояд дар асоси масъулиятшиносии баланд, риояи қатъии талаботи қонунгузории меҳнат, таҳкими интизоми корӣ ва истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ба роҳ монда шавад. Вазир ҳамчунин ба зарурати баланд бардоштани сифати маҳсулот, такмили сатҳи хизматрасонӣ ва ворид намудани навгониҳои муосир мутобиқ ба талаботи замон таъкид кард.   Дар ҷараёни боздид ҳамзамон зикр гардид, ки фаъолияти ҷоннок, муттасил ва босамари муассисаҳои мазкур дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, таъмини сифати таълиму тарбия, инчунин пешрафти минбаъдаи низоми маорифи кишвар нақши муҳим мебозанд.   Таъкид шуд, ки такмили фаъолияти муассисаҳои тобеи вазорат, истифодаи технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамоҳангии корӣ метавонанд ҳамчун заминаи устувор барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва рушди минбаъдаи соҳа замина ва саҳми худро гузоранд.

    28

    22.12.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 22 декабри соли 2025 дар Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бахшида ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – муайянкунандаи самтҳои афзалиятноки рушди кишвар» баргузор гардид.   Ҳамоиши илмӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, бо иштироки муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шаъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, кормандони соҳаи маориф, олимон, муҳаққиқон, мутахассисон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.   Ҳамоишро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, зимни баромади худ иброз дошт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат буда, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми барномавӣ ва роҳнамои фаъолияти минбаъдаи тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, илму маориф, хизмат мекунад.   Вазир таъкид намуд, ки дар ҷаҳони муосир илму маориф дар пешрафти босуботи иқтисодиёти миллии кишварҳои олам нақши меҳварӣ дорад. Аз ин ҷост, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати давлатӣ илму маориф дар меҳвар қарор дошта, баҳри вусъати соҳаҳои мазкур тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём таъкид намуданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».   Дар идомаи ҳамоиш маърузаҳои илмӣ ироа гардида, аз ҷумла, Ш.Дӯстмурод, сармутахассиси раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илми вазорат, дар мавзуи «Шарҳи самти иқтисодии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ», Н. Нурализода, номзади илмҳои филологӣ, сармуҳаррири маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон», дар мавзуи «Нақши паёмҳои Пешвои миллат дар ташаккули сиёсати иҷтимоии давлат» ва Б. Сафарзода, раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и вазорат дар мавзуи «Таҳлили ҳуқуқии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ» баромад намуданд.   Зимни баргузории ҳамиош таъкид шуд, ки дар паёмҳои Пешвои миллат ба масъалаи беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, дар панҷ соли охир музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба зиёд карда шудааст ва тибқи пешниҳоди Сарвари давлат, аз 1 сентябри соли 2026 музди маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз, кормандони муассисаҳои илму маориф ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда мешавад.   Илова бар ин, зимни ҳамоиш масъалаҳои рақамикунонӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, омодасозии мутахассисон дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва баланд бардоштани сифати кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Дар ҷамъбаст таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастури муҳимми роҳнамо буда, аҳли илму маориф вазифадоранд фаъолияти худро минбаъд низ дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди илми муосир ва расидан ба дастовардҳои арзанда саҳми фаъол гузоранд.

    37

    22.12.2025
  •  img
    БАРГУЗОРИИ РӮЗИ МИЛЛИИ ИТТИЛООТИИ ERASMUS+ ДАР ТОҶИКИСТОН: МУКОЛАМАИ СТРАТЕГӢ ДАР ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ 18 декабри соли 2025 Дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Рӯзи миллии иттилоотии Erasmus+ (Erasmus+ National Big Info Day)-ро баргузор намуд.   Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, намояндагони як қатор сафоратхонаҳои кишварҳои аврупоӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷопон, инчунин ташкилотҳое, ки дар соҳаи маориф фаъолият менамоянд, иштирок намуданд. Ҳадафи асосии чорабинӣ рушди муколамаи стратегӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва таҳкими ҳамкориҳои устувор миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо буд.   Қабл аз оғози расмии чорабинӣ ярмаркаи иттилоотӣ ва намоишии лоиҳаҳо ташкил карда шуд. Дар он муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва миллӣ, ки дар соҳаи маориф фаъолият доранд, иштирок намуданд. Ҳадафи баргузории ярмарка фароҳам овардани платформа барои пайдо намудани шарикони нав, ҷалби ҷонибҳои манфиатдор (stakeholders) ва мубодилаи ғояҳои нав ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда дар доираи барномаи Erasmus+ буд.   Қисми расмии чорабинӣ бо суханони ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, муовини роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Фердинанд Йенрих ва ҳамоҳангсози миллии Дафтари Erasmus+ дар Тоҷикистон доктор Моҳбону Нахатзода идома ёфт: Дар ҷараёни чорабинӣ самтҳои асосӣ ва имкониятҳои барномаи Erasmus+ муаррифӣ гардида, ташаббусҳо ва лоиҳаҳои амалишаванда, аз ҷумла International Credit Mobility, Jean Monnet, Capacity Building in Higher Education (CBHE), рушди микроквалификатсияҳо, инчунин лоиҳаҳо дар самти рушди устувор, иқтисоди «сабз» ва идоракунии хуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Қисми алоҳидаи барнома ба сессияи «Erasmus+ аз нигоҳи хатмкардагон» бахшида шуда, дар он иштирокчиён таҷрибаи шахсӣ, дастовардҳои касбӣ ва таъсири барномаи Erasmus+-ро ба рушди академӣ ва фаъолияти касбии худ иброз намуданд.

    85

    19.12.2025