19.02.2026
19 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи кории ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии озмуни «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Ҷаласа бо мақсади баррасии рафти омодагӣ ва тасдиқи ҷадвали баргузории даврҳои озмун доир шуда, дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони вазорату идораҳои марбута, аъзои комиссия ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини Сарвазири кишвар ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар доираи иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он арҷгузорӣ ба мероси безаволи адабии миллат ва омӯзиши амиқи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мебошад.
Сипас, вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои саривақтии амри Президенти кишвар Ситоди кории Вазорати маориф ва илм таъсис дода шуда, як қатор тадбирҳои ташкиливу методӣ амалӣ гардидаанд. Аз ҷумла, нусхаи Низомномаи озмун ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, раёсату шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ирсол гардида, ҷиҳати ташкили босифати даврҳои озмун дастуру тавсияҳои методӣ пешниҳод шудааст. Ҳамзамон, дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ семинарҳои машваратӣ барои масъулон ва аъзои комиссия баргузор гардиданд.
Таъкид шуд, ки ҳангоми омодасозии иштирокчиён ба дарки амиқи муҳтавои «Шоҳнома», фарҳанги баланди қироат, риояи меъёрҳои забони адабӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Инчунин, лоиҳаи рамзи озмун ва ролики таблиғотӣ таҳия гардида, барои мувофиқа ба комиссия пешниҳод шудааст.
Дар идомаи ҷаласа ҷадвали баргузории чор даври озмун барои соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамин тартиб, даври якум дар моҳи март, даври дуюм дар моҳи апрел, даври сеюм дар нимаи дуюми моҳи сентябр ва даври чорум дар нимаи якуми моҳи декабр баргузор мегардад.
Дар ҷараёни ҷаласа зикр гардид, ки озмуни «Шоҳномахонӣ» идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин замина нашр ва тақдими беш аз 1,7 миллион нусха «Шоҳнома» ба ҳар хонаводаи тоҷик ҳамчун иқдоми муҳимми фарҳангӣ арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими худшиносии миллӣ ва густариши фарҳанги мутолиа мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки озмун на танҳо воситаи кашфи истеъдодҳои нав дар бахши қироат ва суханварист, балки омили муҳимми баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, ифтихори ватандорӣ ва эҳсоси худогоҳии миллӣ дар ҷомеа ба шумор меравад.
Дар қисмати хотимавии ҷаласа муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ» иқдоми муҳим дар роҳи эҳёи суннатҳои асили миллӣ буда, омӯзиши «Шоҳнома» на танҳо шиносоӣ бо таъриху фарҳанги ниёгон, балки василаи муассири тарбияи насли худшиносу ватандӯст мебошад. Муовини Сарвазир аз масъулон даъват ба амал овард, ки шаффофият, адолат ва сатҳи баланди ташкилиро дар тамоми марҳилаҳои озмун таъмин намоянд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон