07.08.2026
7 августи соли 2026 таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ҷаласаи навбатии ситоди онлайнӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндагони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, инчунин сардорони сарраёсат, раёсат, шуъбаҳои маориф, директорони мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат ва мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф ва омодагии онҳо ба соли нави таҳсил ва давраи тирамоҳу зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистонгузаронӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баррасӣ гардида, вобаста ба масъалаи мазкур сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатии Вазорати маориф ва илм М. Тоҳирзода баромад намуд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба оғози соли нави таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳод намудани маълумоти дахлдор ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 августи соли ҷорӣ таъкид гардид.
Ҳамзамон, масъалаи дар фазои шаффоф баргузор намудани озмуни қабули хонандагон ба муассисаҳои таълимии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, мактабҳои президентӣ, литсей, гимназияҳо ва қабули хонандагон ба синфи якум дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ, овезон намудани шиору овезаҳои идона ва сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас, масъалаҳои марбут дохилшавии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ, фарогирии хонандагон ба синфи 10 ва кушодашавии муассисаҳои таълимии навтаъсис баррасӣ гардиданд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа муовини вазир масъалаҳои баррасишударо натиҷагирӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил, давраи тирамоҳу зимистон ва ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигар
-
ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГИЯ: вазъ, мушкилот ва дурнамо МЕТАЛЛУРГИЯ ВА РУШДИ САНОАТ Дар доираи ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне, саноатикунонии босуръат, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ суръати бештар гирифтааст. Дар ин самт соҳаи металлургия мавқеи калидӣ дорад, зеро маҳз он занҷираи пайвасткунандаи истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловашуда мебошад. Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони тилло, нуқра, сурма, сурб, руҳ, ангишт, волфрам ва дигар маъдану металлҳо аст. Самаранок истифода кардани ин имконот, пеш аз ҳама, аз сатҳи дониш, малака, таҷриба ва касбияти мутахассисоне вобаста аст, ки дар тамоми марҳалаҳои истихроҷ ва коркарду истеҳсоли маҳсулоти металлургӣ фаъолият мекунанд. Мутобиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2025 дар бахши саноати кӯҳӣ ба маблағи зиёда аз 20 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, афзоиши истеҳсол асосан аз ҳисоби истихроҷи маъданҳои металлӣ, ки 36 фоиз зиёд шудааст, таъмин гардидааст. Мувофиқи маълумот, дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 3972 корхона ва сехи истеҳсолӣ фаъолият дошта, ин шумора 362 корхона ба бахши саноати кӯҳӣ ва 3437 корхона ба саноати коркард тааллуқ доранд. МУТОБИҚАТИ ТАҲСИЛ БА БОЗОРИ МЕҲНАТ Масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси металлургӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Маркази асосии тайёр кардани чунин мутахассисон дар кишвар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишкадаи куҳию металлургии Тоҷикистон мебошанд. Соли 2024 факултети технологияи химиявӣ ва металлургия дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ таъсис дода шудааст. Мутобиқи маълумоти Ҷамшед Раҳимзода, сардори раёсати таълими донишгоҳ, айни замон дар сохтори факултет 13 ихтисос барои қабули донишҷӯён аз рӯйи 9 ихтисос ба роҳ монда шудааст. Дар соли таҳсили 2025-2026 самтҳои нави таълимӣ, аз ҷумла, коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, бойгардонии канданиҳои фоиданок, биотехнология, инчунин, химия ва фаъолияти илмию истеҳсолӣ дар металлургия роҳандозӣ гардиданд. Ҳамзамон, ба донишҷӯёни ин ришта 26 нафар омӯзгор дарс мегӯяд, ки ҳамаи онҳо дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, рушди босуръати истеҳсолот ва ҷорӣ гардидани технологияҳои нав нишон медиҳад, ки имрӯз корхонаҳо ба муҳандисоне ниёз доранд, ки дар баробари донишҳои назариявӣ, ҳамзамон, малакаи кор бо таҷҳизоти муосир, технологияҳои рақамӣ, системаҳои автоматиконидашуда ва талаботи байналмилалии истеҳсолиро низ дошта бошанд. Аз ин рӯ, донишгоҳҳоро зарур аст, ки барои мутобиқ шудан ба талаботи замон барномаҳои таълимиро такмил дода, ҳамкориҳоро бо донишгоҳҳои хориҷа густариш диҳанд. Нақшаи қабули донишҷӯён ба ихтисосҳои металлургӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ 629 ҷой буда, соли ҷорӣ ҳамагӣ онро 42 нафар хатм кардааст, ки ин нишондод хеле паст мебошад. Масъалаи мутобиқ намудани таҳсил ба эҳтиёҷоти бозори меҳнат дар Тоҷикистон дар сатҳи қонунгузорӣ низ танзим шудааст. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омода намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат», ки соли 2021 қабул гардид, ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, корфармоён ва мақомоти давлатӣ дар омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи иқтисодиётро пешбинӣ менамояд. Дар баробари ин, таҳқиқоти Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) оид ба арзёбии талабот ба мутахассисон дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон нишон медиҳад, ки металлургия яке аз соҳаҳои дорои талаботи афзоянда ба кадрҳои соҳибихтисос мебошад. Дар ин таҳқиқот ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тавсия шудааст, ки барномаҳои таълимиро бо дарназардошти талаботи воқеии корфармоён таҷдид намоянд. Такмили низоми омодасозии кадрҳои металлургӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки рушди соҳа бошад. Пеш аз ҳама, зарур аст, ки барномаҳои таълимӣ мунтазам бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ва рушди технологияҳои муосир таҷдид карда шаванд. Ҳамзамон, таъсиси озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, навсозии пойгоҳи моддию техникӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати таълим ва ҷалби бештари довталабон метавонанд сатҳи омодагии донишҷӯёнро ба талаботи истеҳсолоти воқеӣ наздик созанд. Дар баробари ин, густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо корхонаҳои металлургӣ, зиёд намудани муҳлати таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, ҷалби мутахассисони касбӣ ва иштироки корфармоён дар таҳияи барномаҳои омӯзишӣ барои баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо аҳаммияти калон дорад. Ҳамчунин, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, такмили мунтазами ихтисоси омӯзгорон, тавсеаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони англисӣ ва дастгирии ҷавонони болаёқат тавассути стипендияҳо, грантҳои соҳавӣ ва барномаҳои академӣ метавонанд барои ташаккули насли нави муҳандисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам оваранд. Тибқи иттилои масъулин, ДТТ ба номи академик М. С. Осимӣ дар ин самт бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ҳамкорӣ дорад. ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ТАТБИҚИ ИЛМ ДАР ИСТЕҲСОЛОТ Таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки рушди соҳаи металлургия, пеш аз ҳама, ба сифати омодасозии кадрҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, дар аксари давлатҳое, ки соҳиби саноати пуриқтидори металлургӣ мебошанд, низоми таҳсилоти муҳандисӣ ба ҳамкории зичи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ асос ёфтааст. Бояд гуфт, ки ҳамгироӣ ва табодули таҷриба имкон медиҳад, ки донишҷӯён ҳанӯз дар давраи таҳсил бо муҳити воқеии истеҳсолот шинос шуда, малакаҳои касбии худро такмил диҳанд. Яке аз намунаҳои муваффақ дар ин ҷода Олмон ба ҳисоб меравад. Дар ин кишвар низоми таҳсилоти дуалӣ (Dual Study) васеъ татбиқ гардидааст. Мувофиқи ин низом, донишҷӯён, ҳамзамон, дар донишгоҳ таҳсил намуда, қисми зиёди вақти худро дар корхонаҳои истеҳсолӣ сипарӣ мекунанд. Дар ин сурат, донишҳои назариявӣ бевосита дар истеҳсолот татбиқ гардида, хатмкунандагон бе мушкилӣ ба фаъолияти касбӣ ворид мешаванд. Дар баробари ин, донишгоҳҳои техникии Олмон, аз ҷумла, Донишгоҳи Дуйсбург-Эссен ва Донишгоҳи техникии Клаустал барномаҳои таълимии худро дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои металлургӣ таҳия намуда, ба моделсозии равандҳои металлургӣ, технологияҳои рақамӣ ва коркарди дубораи металлҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Дар донишгоҳҳои техникии Қазоқистон барномаҳои таълимии металлургия бо иштироки бевоситаи ширкатҳои бузурги саноатӣ таҳия мешаванд. Корхонаҳо дар таҷдиди барномаҳои таълимӣ, муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳҳо, ташкили таҷрибаомӯзӣ ва ҷалби хатмкунандагони болаёқат ба ҷойи кор саҳми фаъол доранд. Дар Ҷумҳурии Мардумии Чин тайёр кардани муҳандисони металлург як қисми сиёсати давлатии рушди саноат ба ҳисоб меравад. Масалан, дар Донишгоҳи илм ва технологияи Пекин (USTB) Маркази давлатии таҳқиқоти металлургияи пешрафта фаъолият мекунад, ки яке аз лабораторияҳои калидии кишвар мебошад. Ба иттилои таҳқиқоти хабаргузории Reuters, имрӯз дар Чин зиёда аз 40 лабораторияи махсусгардонидашуда ва ҳадди ақал 11 донишгоҳу коллеҷи соҳавӣ барои омода намудани мутахассисони соҳаи металлургия ва маъданҳои нодир фаъолият дошта, ҳар сол беш аз 500 донишҷӯ танҳо дар самти муҳандисии маъданҳои нодир таҳсил мекунанд. Барои Тоҷикистон низ истифодаи чунин таҷриба метавонад дар баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо, мутобиқ намудани таҳсил ба талаботи бозори меҳнат ва рушди минбаъдаи соҳаи саноати металлургия нақши муҳим бозад. ДУРНАМОИ РУШДИ СОҲА Бо дарназардошти тамоюли рушди саноати кӯҳӣ ва металлургия, метавон гуфт, ки талабот ба муҳандисон ва дигар мутахассисони соҳавӣ дар солҳои наздик боз ҳам бештар хоҳад шуд. Тоҷикистон имрӯз аз марҳалаи содироти ашёи хом тадриҷан ба рушди истеҳсолоти саноатии дорои арзиши иловагӣ мегузарад. Дар баробари рушди истеҳсолот, соҳаи металлургия низ ба марҳалаи нави технологӣ ворид мегардад. Истифодаи системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунии истеҳсолот, технологияҳои рақамӣ, моделсозии компютерии равандҳои технологӣ, таҳлили маълумоти истеҳсолӣ ва унсурҳои зеҳни сунъӣ тадриҷан ба фаъолияти корхонаҳои муосир ворид мешаванд. Аз ин рӯ, муҳандиси металлурги оянда бояд малакаҳои кор бо технологияҳои рақамӣ, барномаҳои муҳандисӣ, таҳлили додаҳо ва стандартҳои байналмилалии истеҳсолиро аз худ намояд. – Дар таҷрибаи солҳои пеш баъзе корхонаҳои бузург барои омода кардани мутахассисони зарурӣ ба донишгоҳҳо кумак мекарданд. Онҳо таҳсили донишҷӯёнро маблағгузорӣ ва стипендия пешниҳод мекарданд. Баъди хатм мутахассисро ба ҷойи кор қабул менамуданд. Барқарор кардани чунин таҷриба метавонад ба баланд шудани сифати омодасозии кадрҳои металлургӣ мусоидат кунад,-мегӯяд Ҷ. Раҳимзода. Давлат, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ бояд ҳамчун шарикони стратегӣ фаъолият намоянд. Танҳо дар сурати ҳамгироии илм ва истеҳсолот метавон мутахассисони варзидаи соҳаи металлургияро омода кард. Ҷасури ҚИЁМИДДИН, «Омӯзгор»
8
07.08.2026 -
МАКТАБ ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ ХОНАНДА АҲАММИЯТИ ВЕЖА ДОРАД Маориф соҳаи калидӣ ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Пас аз вазидани насими истиқлолу худсолорӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ дар партави таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи мазкур бесобиқа рушд намуда, ба дастовардҳои бузург ва натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Ҳоло масъалаҳои вобаста ба сифати таҳсилот, рушди истеъдодҳо ва тарбияи насли соҳибмаърифат аз ҷумлаи вазифаҳои меҳварии ин соҳаи сарнавиштсоз маҳсуб меёбанд. Лоиқи зикр аст, ки дар низоми маориф зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз аҳаммияти калидӣ ва вежа бархӯрдор буда, ҷойгоҳи махсус дорад, зеро маҳз дар ҳамин зинаи таҳсилот ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират, тафаккури илмӣ ва масъулияти шаҳрвандии насли ояндасоз бештар ташаккул меёбад. Ба ин маънӣ, мактаб муҳитест, ки дар он қобилиятҳои фикрронӣ, эҷодкорӣ ва худшиносии кӯдакону наврасон рушд мекунад. Аз ин рӯ, фаъолияти пурсамари муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар ин зина ба раванди рушди ояндаи ҷомеа пайванди мустақим дорад. Дар ин самт нақши раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим дониста мешавад. Бояд гуфт, ки раёсат дар асоси Нақшаи кори Вазорати маориф ва илм фаъолият намуда, дар соли 2025 ва нимсолаи аввали соли 2026 ба як қатор натиҷаҳои назаррас даст ёфтааст. Дар ин давра меҳвари фаъолияти раёсатро масъалаҳои такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҷорӣ намудани низоми нави баҳогузорӣ, рушди таҳсилоти фарогир, таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии хонандагони болаёқат ташкил доданд. Дар робита ба ин, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Асомиддинзода зимни суҳбат чунин иттилоъ дод: - Имрӯз фаъолияти раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили муҳтавои таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти омӯзгорон равона шудааст. Мекӯшем, иқдомҳое, ки дар соҳа амалӣ мегарданд, ба беҳтар шудани сифати донишандӯзии хонандагон ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мусоидат намоянд. Бояд гуфт, ки айни замон дар саросари ҷумҳурӣ 4056 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, зиёда аз 2 миллиону 462 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таълиму тарбияи онҳо ба зиммаи беш аз 136 ҳазор омӯзгор вогузор гардидааст, ки 66 фоизи онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо аз миқёси васеи низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ва масъулияти баланде, ки бар дӯши кормандони соҳа қарор дорад, шаҳодат медиҳанд. Аз ин рӯ, тамоми фаъолияти раёсат ба он равона шудааст, ки барои омӯзгорон муҳити муносибу созандаи фаъолият ва барои ҳар хонанда имкони дастрасӣ ба таҳсилоти босифат фароҳам оварда шавад. Заминаи ҳуқуқӣ - асоси рушди сифати таҳсилот Таҷрибаи низомҳои пешрафтаи маориф гувоҳ аз он аст, ки пойдории ҳар гуна ислоҳот аз сифати заминаҳои ҳуқуқии он вобастагӣ дорад. Бидуни санадҳои меъёрии ҳуқуқии мукаммал татбиқи барномаҳои давлатӣ ва амалисозии ҳадафҳои дарозмуддати соҳа ба мушкил рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз самтҳои асосии фаъолияти раёсати мазкур ба ҳисоб меравад. - Дар соли 2025 ва шашмоҳаи аввали соли 2026 бо дастгирии Вазорати маориф ва илм аз тарафи мутахассисони раёсат як қатор санадҳои пураҳаммияти соҳавӣ таҳия шуда, аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор қабул гардиданд, ки дар миёни онҳо Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045, Стратегияи рушди таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 ва Барномаи давлатии таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026-2030 ҷойгоҳи хос доранд. Дар баробари ин, Низомномаи мактабҳои камнуфус, Низомнома оид ба ташкили таҳсил дар хона, Барномаи таълими инфиродӣ барои кӯдакони аз таҳсил дурмонда, Низомномаи баҳогузории 10-хола ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои муҳим ба тасвиб расиданд. Қоидаҳои умумии қабул ва хориҷи таълимгирандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, барои корбарӣ пешниҳод шуд. Имрӯз дар назди соҳаи маорифи кишвар вазифаҳои нав қарор доранд. Пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таҳсилот яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба шумор меравад. Аз ҳамин рӯ, ҳар санади меъёрии ҳуқуқие, ки таҳия ва барои қабул пешниҳод мешавад, бояд ба ниёзҳои воқеии низоми маориф ҷавобгӯ бошад. Ҳадафи мо, дар навбати аввал, таъмини шароитест, ки омӯзгор тавонад бо масъулияти бештар фаъолияти чашмрас намояд ва ҳар як хонанда ба таҳсили босифат дастрасӣ дошта бошад. Ҳар тағйироте, ки дар муҳтавои таълим, низоми баҳогузорӣ, омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва ё таҳкими пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ворид мегардад, ба сатҳи донишандӯзии хонандагон, сифати таҳсилот ва фаъолияти омӯзгорон таъсири худро мерасонад. Сухан аз ташаккули муҳити ҳуқуқие меравад, ки рушди босифати зинаи таҳсилоти умумиро таъмин мекунад. Санадҳои қабулшуда масъалаи мушаххаси соҳаро танзим намуда, барои ҳалли вазифаҳои навбатии рушди таҳсилот замина фароҳам меорад. Маҳз татбиқи амалии ин санадҳо ислоҳоти соҳаро ба ҳадафи асосии худ наздик мегардонад. Нишондиҳандаи воқеии он бошад, пеш аз ҳама, сифати таҳсилот аст, - иброз дошт сардори раёсат. Сифати таҳсилот дар меҳвари таваҷҷуҳ Пас аз таҳкими заминаҳои ҳуқуқии соҳа, масъалае, ки имрӯз бештар аз ҳама дар маркази таваҷҷуҳи зинаи таҳсилоти умумӣ қарор дорад, ба талабот ҷавобгӯ будани сифати таҳсилот аст. Таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони соҳибкасбу соҳибтаҷриба, китобҳои дарсии насли нав, муҳити муносиби таълим ва усулҳои самарабахши омӯзиш аз вазифаҳои муҳимми раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад. Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода оид ба иқдомоти муассири дар ин самт амалишуда чунин қайд кард: - Яке аз муҳимтарин иқдомҳои солҳои охир татбиқи низоми баҳогузории 10-хола мебошад, ки аз оғози соли таҳсили 2025-2026 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар ҷорӣ карда шуд. Дар баробари қабули Низомномаи баҳогузории 10-хола, дастурамал оид ба татбиқи он ва Низомнома дар бораи истифодаи журнали синфӣ низ тасдиқ гардида, барои корбарӣ пешниҳоди омӯзгорони кишвар карда шуд. Ҷорӣ гардидани низоми баҳогузории 10-хола, пеш аз ҳама, ба хотири баланд бардоштани сифати арзёбии дониш ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он буд. Агар қаблан имкони фарқгузорӣ миёни сатҳҳои гуногуни дониш маҳдудтар буд, бо низоми нав омӯзгор метавонад, ба фаъолияти таълимии хонанда ба таври муфассал ва дақиқтар баҳо диҳад. Ҳамзамон, равиши мазкур масъулияти хонандаро низ нисбат ба донишандӯзӣ бештар намуда, барои омӯзгор шароити созгор фароҳам овард, ки раванди рушди қобилиятҳои ҳар таълимгирандаро пайгирӣ намояд. Дар баробари ислоҳоти муҳтавои таълим ва такмили низоми баҳогузорӣ, масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгор, муаррифии таҷрибаи пешқадам ва ҳавасманд намудани фаъолияти эҷодии онҳо низ дар маркази таваҷҷуҳи аҳли раёсат қарор дорад. Бо ҳамин мақсад, ҳамасола дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» дар се давр баргузор мешавад. Даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе доир гардида, даври ниҳоӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор ва ҷамъбаст мешавад. Ғолиби озмуни мазкур бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ мегардад, ки ин аз ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии давлат ва Ҳукумати кишвар ба заҳматҳои омӯзгорон дарак медиҳад. Дастрасии баробар ба таҳсил: сиёсати иҷтимоии соҳа Яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатии соҳаи маориф фароҳам овардани шароити баробар барои гирифтани таҳсил мебошад. Ҳар як шаҳрванд, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ ва шароити зиндагӣ, бояд имкони идомаи таҳсил ва рушди қобилияту малакаҳои худро дошта бошад. Ин масъала, хусусан, барои гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аҳаммияти бештар дорад. Дар ин самт фаъолияти Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ (ғоибона) барои наврасон ва калонсолон дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас мебошад. Тибқи иттилои ба мо расида дар панҷ соли охир дар ин муассиса 2236 нафар бонувону духтарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Аз онҳо 940 нафар соҳиби аттестати таҳсилоти умумии асосӣ ва 1251 нафар соҳиби аттестати таҳсилоти миёнаи умумӣ гардиданд. Беш аз 170 нафар хатмкунанда баъдан таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ идома доданд. Барои хонандагони дорои маъюбияти гурӯҳҳои якум ва дуюм низ дар муассисаи мазкур шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Онҳо ҳамчун шунавандаи озод қабул гардида, аз пардохти маблағи таҳсил озод мебошанд. Истифодаи китобҳои дарсӣ барои ин гурӯҳи хонандагон ройгон аст. Қабули Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045 ва Стратегияи рушди таҳсилоти фарогир аз оғози марҳалаи нави рушди ин самт дарак медиҳад. - Имрӯз дар ҷумҳурӣ 61 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки зиёда аз 7700 хонандаро, ки имконияти маҳдуд доранд, ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, 16 мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор, 19 мактаб-интернат барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд, 22 мактаб-интернати наздимактабӣ, 2 хонаи бачагон, 1 мактаби махсус барои кӯдакони душвортарбия ва 1 мактаб-интернати хонандагони болаёқат фаъолият доранд. Мо тамоми кӯшиш ва талоши хешро ба харҷ медиҳем, ки барои ҳар кӯдак, новобаста аз шароити зиндагӣ ва ё муассисае, ки дар он таҳсил мекунад, имкони рушди ҳамаҷонибаро фароҳам орем. Вазифаи асосии кормандони раёсат, пеш аз ҳама, пайдо намудани ҳамин имкон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои ҳар хонанда аст, - гуфт Ш. Асомиддинзода. Дурнамо: аз ислоҳот то натиҷа Зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ имрӯз дар марҳалае қарор дорад, ки дар раванди он ҳар тағйироти воридшаванда бояд ба ниёзҳои фардо низ посух гӯяд. Зеро дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ояндасозони ҷомеа ва мутахассисони фардо таълим мегиранду тарбия меёбанд. Таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ яке аз роҳҳои асосии рушди таҳсилоти миёнаи умумӣ дар солҳои минбаъда хоҳад буд, зеро бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2026 Барномаи давлатии таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2026–2030 тасдиқ гардид, ки татбиқи он ба раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар баробари рушди инфрасохтори соҳа, масъалаи рушди истеъдодҳо низ дар фаъолияти раёсати мазкур аҳаммияти махсус касб намудааст. Озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар чанд соли охир ба яке аз падидаҳои таъсирбахши ҳаёти маънавии ҷомеа табдил ёфтаанд. Озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Шоҳномахонӣ», «Илм - фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» имрӯз муҳити нави рақобати зеҳниро миёни хонандагон ва омӯзгорон ба вуҷуд овардаанд. Дар маҷмуъ, метавон ба чунин хулоса расид, ки фаъолияти раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ бо роҳнамоӣ ва дастгирии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули низоми устувор ва ҷавобгӯ ба талаботи замон равона гардидааст. Татбиқи иқдомҳои нав, таҳияи санадҳои зарурӣ ва роҳандозии тадбирҳои марбут ба такмили раванди таълиму тарбия аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар назди раёсат, дар баробари ҳалли масъалаҳои имрӯзаи соҳа, дурнамои рушди он дар оянда қарор дорад. Яқин дорем, ки минбаъд низ фаъолияти раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва тарбия намудани насли соҳибдонишу масъулиятшинос, ватандӯсту хештаншинос ва бунёдкор равона хоҳад шуд. Нӯшервони АЗИЗБЕК, «Маърифати омӯзгор»
31
07.08.2026 -
АМАЛЕ, КИ МОНЕИ РУШДИ ҶОМЕА АСТ Коррупсия аз бузургтарин офатҳои иҷтимоӣ ва сиёсист, ки боварии мардумро коста, адолати иҷтимоиро поймол менамояд ва рушди устувори ҷомеаро бозмедорад. Он на танҳо ҳамчун ришваситонӣ ё амали ғайриқонунӣ зоҳир мешавад, балки ҳамчун бемории решадор тамоми бахшҳои ҳаёти ҷамъиятро заҳролуд месозад. Бинобар ин, мубориза бо коррупсия на танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди бедордил аст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ коррупсияро ҳамчун монеаи ҷиддӣ дар роҳи адолат, демократия ва рушди устувор мешиносад. Коррупсия аз калимаи лотинии «corruptio» гирифта шуда, маънои фасод, вайроншавӣ ва ба роҳи нодуруст бурданро дорад. Ба маънои ҳуқуқӣ он истифодаи ғайриқонунии ваколатҳои хидматӣ барои ба даст овардани манфиати шахсӣ мебошад. Аммо агар аз дидгоҳи иҷтимоӣ ба он назар андозем, мебинем, ки ришваситонӣ танҳо ҷиноят нест, балки вайроншавии меъёрҳои ахлоқӣ ва пастшавии фарҳанги идоракунӣ аст. Дар Тоҷикистон мубориза бо коррупсия ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ эътироф шудааст. Коррупсия монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар буда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол месозад. Таърихи миллати тоҷик исбот кардааст, ки маҳз аз ҳисоби эҳтироми беандоза ба илму адаб мо тавонистем давлатдории худро дар давраи Сомониён ба яке аз пешрафтатарин тамаддунҳои Шарқ табдил диҳем ва пас аз даҳсолаҳо дар давраи истиқлол боз ҳам худшиносии миллиро эҳё намоем. Мушкили дигар, ки решаи амиқи фарҳангӣ дорад, дар он аст, ки бисёре аз шаҳрвандон пардохтҳои хурди ғайрирасмиро на ҳамчун ришва, балки ҳамчун «мукофот барои хидмат» ё «изҳори эҳтиром» қабул мекунанд. Ин тасаввуроти нодурусти фарҳангӣ, ки аз насл ба насл гузаштааст, яке аз монеаҳои асосии психологӣ дар роҳи решакан кардани коррупсия мебошад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки мубориза бо коррупсия кори як идора ё як мақом нест, балки амали дастҷамъонаи тамоми ҷомеа мебошад. Коррупсия дар адабиёти илмӣ ва сиёсӣ пайваста «вабои аср» номида мешавад, зеро он мисли бемории сироятист, агар саривақт пешгирӣ нашавад, тамоми ниҳодҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, бунёди иқтисоди миллиро аз дарун вайрон мекунад. Танҳо бо дастони пок ва виҷдони бедор метавон ин зуҳуроти номатлубро решакан намуда, дар пешрафти кишвар саҳми босазо гузошт. Дилангез ТОҲИРЗОДА, мутахассиси пешбари Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ
21
07.08.2026