30.09.2024

 img

30-юми сентябр таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм, роҳбарону аъзои гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ ва муаллифони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд.

 

Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот масъалаҳои арзёбии дастхатҳои адабиёти таълимиву бадеӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ, олии касбӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шароити камбуди соатҳои таълимӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.

 

Зимни муаррифии адабиёти таълимиву бадеии барои муҳокима пешниҳодгардида директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи Ҷумъамурод иброз дошт, ки дастхати китобҳои номбаршуда аз ҷониби муассисаҳои экспертӣ арзёбӣ шудаанд.

 

Дар баробари ин раиси ҷаласа аз роҳбарони муассисаҳои зерсохтори вазорат даъват ба амал овард, ки як теъдоди адабиёти таълимӣ, хусусан китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони ўзбекӣ ва туркманиро бо дарназардошти талаботи нақшаҳои таълимӣ, стандарту барномаи таълим ва сатҳу сифати тарҷумаи онҳо такроран мавриди арзёбӣ қарор дода, хулоса пешниҳод намоянд.

 

Аз рӯйи масъалаи дуюм гузориши раиси гурӯҳи ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии фанни алифбо ва матни ниёгон Азим Байзоев доир ба «Роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар шароити камбуди соатҳои таълимӣ (дар мисоли фанни алифбо ва матни ниёгон)» манзур гардид.

 

Номбурда иброз дошт, ки барои таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ ва тахассусӣ имконияти бештар намудани миқдори соатҳои таълимӣ аз матни классикӣ ва ҷорӣ намудани тадриси фанни методикаи таълими алифбо ва матни ниёгон дар факултетҳои филологияи тоҷик баррасӣ гардида, барои хатмкунандагони ин равияҳо тахассуси «омӯзгори фанни алифбо ва матни ниёгон» низ дар баробари омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дода шавад. Инчунин, масъалаи имконияти ба зергурӯҳҳо ҷудо кардани синфҳои серхонандаро зимни таълими фанни алифбо ва матни ниёгон баррасӣ намуда, такмили ихтисоси омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва алифбо ва матни ниёгон муттаҳид карда шавад.

 

Дар охир аз ҷониби раиси ҷаласа ҷиҳати дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳияву бознигарӣ намудани китобҳои дарсӣ ва дар асоси талаботи ҷорӣ мавриди экспертиза қарор додани мазмуну мундариҷаи онҳо ба роҳбарони сохторҳои дахлдори Вазорати маориф ва илм ва раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсии Шурои миллии таҳсилот дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти

китобҳои дарсӣ, илмию методии

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    3

    08.10.2026
  •  img
    ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - АСОСИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ РУШДИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА 7 октябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ - асоси ҳувияти миллӣ ва омили рушди маънавию фарҳангии ҷомеа» баргузор гардид.   Дар конференсия вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муҳаққиқону мутахассисони соҳаи забон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд. Конференсия бо сухани ифтитоҳии вазири маориф ва илм оғоз гардид.   Вазир зимни суханронӣ таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ ва сарвати маънавии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳифзу рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Арҷ гузоштан ба забони модарӣ арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи он мебошад.   Ҳамчунин, таъкид гардид, ки баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду равнақ ва эҳёи забони тоҷикӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» низ дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.   Дар идомаи конференсия Р. Зулфониён, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи «Бознигарии сатҳи забондониву забономӯзии донишандӯзон дар зинаҳои таҳсилот» маъруза намуд. Дар баромади ӯ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва забономӯзии донишандӯзон дар зинаҳои гуногуни таҳсилот мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.   Ҳамчунин, Ш. Юсупов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар мавзуи «Рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол» маъруза пешниҳод намуд.   Зимни музокира миёни иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи покии забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.   Дар фарҷоми конференсия вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки кормандони соҳаи маориф ва илм дар самти омӯзишу ҳифзи забони тоҷикӣ масъулияти муҳим дошта, бояд барои баланд бардоштани сатҳи забондонии хонандагону донишҷӯён ва риояи меъёрҳои забони адабӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Дар баробари донистани забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ барои ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    7

    07.10.2026
  •  img
    Гусел аз Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба шаҳри Душанбе баргаштанд.   Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ давоми се рӯз дар ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб сурат гирифт.   Зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор 21 иншоот, дар ноҳияи Восеъ 30-то ва дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 42 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.   Истиқлоли давлатӣ дастоварди беназири миллати тоҷик буда, давоми 35 сол ба сифати ҷашни давлатии муқаддас барои созандагиву бунёдкориҳои бемисл, рушду тараққиёт ва пешрафти Ватан заминаи устувор фароҳам овард.   Дар панҷсолаи охир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нишонаи он аст, ки сокинони сарбаланд ва заҳматпешаи вилоят барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб ва ҳаёти шоиставу босаодат талошу кӯшишҳои зиёд менамоянд.   Маросим гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  шаҳомати хоса бо иштироки ҳунармандон, фаъолон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб, барномаи рангини ҳунарӣ ва суруду таронаҳои ватандӯстона дар фазои фараҳмандӣ ва шодию нишот сурат гирифт.   Мардуми саодатманди шаҳри Кӯлоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои эҳтироми хоса ва муҳаббати беандоза гусел намуданд.  

    47

    06.10.2026