01.02.2025

 img

1-уми феврали соли 2025 дар ноҳияи Дӯстӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини вазири маориф ва илм, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, сардорон ва кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, сардори раёсати маориф, мудирони шуъбаҳои маориф,директорони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

 

Нахуст, вазири маориф ва илм ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илмро оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав ва дар маҷмуъ таҳлили вазъи соҳаи маорифи минтақаи Бохтарро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.

 

Сипас, гузориши сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Асомиддинзода Шарофиддин “Оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрави вилояти Хатлон” шунида шуд.

 

Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, фарогирии пурраи хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, вазъи муассисаҳои таълимӣ дар давраи зимистони соли 2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дастгирии омӯзгорони онҳо, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти тарбияи кӯдак” равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод.

 

Дар идома вобаста ба масъалаҳои баррасишуда сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода баромад карда, ба гурӯҳи кории вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифи вилоят ва баргузории ҷаласаи сайёр изҳори сипос намуда, баргузории ҷаласаи мазкурро амри зарурӣ маънидод кард. Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

Дар охир, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҷиҳати босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо вазифадорем, фарзандонамонро хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва забон омӯзонем,аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор намоем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода созем, ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем, дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН img
  • ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН img
  • ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАРИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ба истифода додани бинои муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрок дар ноҳияи Шаҳристон Зимни сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ободии деҳоти Бунҷикат муассисаи таълимии хусусии литсейи Идрокро барои 480 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор доданд.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анорқул Ҷӯразода сохта шуда, дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ноҳияи Шаҳристон қадами муҳим ба ҳисоб меравад.   Бинои литсей мутобиқ ба талаботи соҳаи маориф сохта шуда, дорои синфхонаҳои таълимӣ, кабинетҳои фаннӣ, ду озмоишгоҳ, китобхона, синфхонаи компютерӣ, ошхона, ҳуҷраҳои маъмурӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Шароити мавҷуда ба ташкили раванди самараноки таълим, аз худ намудани донишҳои назариявию амалӣ ва рушди қобилияту истеъдоди хонандагон мусоидат менамояд.   Ҳамчунин, дар муассиса барои ташкили машғулиятҳои фаннӣ ва истифодаи имкониятҳои технологияи муосир шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Майдончаи варзишӣ низ барои таҳкими саломатӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди қобилияти ҷисмонии насли наврас мусоидат мекунад.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассисаи таълимӣ 25 омӯзгор бо кор таъмин шуданд.   Инчунин, дар назди литсей маҷмааи варзишӣ бунёд ёфтааст, ки барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ ва обутоби бадан пешбинӣ шудааст.   Толори хуштарҳи маҷмаа барои ба варзиш машғул шудани хонандагон дар фасли сармо мусоид аст. Толори обутоби бадан қисми дигари ин маҷмаа мебошад, ки бо таҷҳизоти муосири варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, шароити хубро барои ҷалби ҷавонону наврасон ба тарзи ҳаёти солим фароҳам меорад.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани муассисаи таълимии хусусии Идрок дар ноҳияи Шаҳристонро иқдоми муҳим дар роҳи рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас арзёбӣ намуда, ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ таҳсин хонданд.

    57

    02.11.2026
  •  img
    Иштирок дар Иди картошка 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гузоштани санги асос барои бунёди корхонаҳои нав дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд.   Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни картошка, сабзавоту меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод гардид.   Иттилоъ дода шуд, ки солҳои охир хоҷагидорони ноҳияи Шаҳристон дар самти кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсол, истифодаи самараноки замин ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.   Таъкид гардид, ки ноҳияи Шаҳристон бо назардошти иқлими мусоид яке аз минтақаҳои муҳими картошкапарварии кишвар ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумот давоми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 740,7 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 73,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 111 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 16,7 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт карда шудаанд.   Ба Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки масоҳати кишти картошка дар соли равон 3 ҳазору 229 гектарро ташкил дод. Ҳаҷми истеҳсоли картошка ба 56 ҳазору 394 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 12 дарсад зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда аз беҳтар гардидани ҳаҷми истеҳсол ва рушди соҳаи картошкапарварӣ дар ноҳияи Шаҳристон шаҳодат медиҳад.   Гуфта шуд, ки афзоиши истеҳсоли картошка барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидати фаъол мекунад. Бо мақсади нигоҳ доштани ин раванд, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи тухмии хушсифат, беҳтар намудани низоми обёрӣ ва татбиқи усулҳои муосири парвариши картошка муҳим шумурда шуд.   Тибқи иттилои масъулин дар баробари картошкапарварӣ, дар ноҳияи Шаҳристон истеҳсоли дигар маҳсулоти кишоварзӣ низ идома дошта, давоми соли ҷорӣ 31 ҳазору 870 тонна ғалладонагӣ, 5 ҳазору 952 тонна сабзавот ва 2 ҳазору 962 тонна меваҷот истеҳсол карда шудааст. Инчунин, ба ҳолати 1 октябри соли 2026 дар майдони 2 ҳазору 774 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шудааст, ки 142 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.   Зимни шиносоӣ бо дастранҷи кишоварзон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, беҳтар намудани сифати маҳсулот ва таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватаниро аз самтҳои муҳими рушди соҳа арзёбӣ намуда, барои амалӣ намудани он ба масъулин дастуру тавсияҳо доданд.

    23

    02.11.2026
  •  img
    Гузоштани санги асос барои бунёди 2 корхона дар ноҳияи Шаҳристон 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз ба истифода додани бинои муассисаи таълимии хусусии Идрок дар ноҳияи Шаҳристон, ҳамчунин, барои бунёди корхонаҳои коркарди гӯшту шир ва истеҳсоли обҳои ташнагишикан санги асос гузоштанд.   Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи коркарди гӯшту шир бо таъсиси 25 ҷойи корӣ ва корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан бо фароҳам овардани 15 ҷойи нави корӣ бунёд карда мешаванд.   Ҳадафи бунёди ин корхонаҳо рушди саноати маҳаллӣ, коркарди ашёи хоми ватанӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулоти рақобатпазир ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат мебошад. Инчунин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии сокинони ноҳия муҳим дониста шуд.   Таъкид гардид, ки ба истифода додани чунин иншооти истеҳсолӣ барои таҳкими иқтидори саноатии ноҳияи Шаҳристон ва фароҳам овардани имкониятҳои нави иқтисодӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ ва обҳои ташнагишикан метавонад барои қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва коҳиш додани вобастагӣ ба маҳсулоти воридотӣ мусоидат намояд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бунёди иншоотро дар муҳлатҳои муайяншуда ба анҷом расонанд.

    17

    02.11.2026