14.04.2026
14 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявӣ Дилрабо Мансурӣ, ҷаласаи кории ситоди даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун ва дигар сохторҳои марбута ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Шоҳномахонӣ» таҳти таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа нақши муассир доранд.
Зикр гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» тайи шаш соли охир ба як платформаи муҳим дар самти дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва рушди тафаккури илмӣ табдил ёфтааст. Иштироки фаъоли донишҷӯён, омӯзгорон, пажӯҳишгарон ва намояндагони касбу кори гуногун гувоҳи таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа ба илм ва таҳқиқот мебошад.
Ҷаласа тибқи рӯзномаи тасдиқшуда баргузор гардида, зимни баргузории он масъалаҳои муҳимми омодагӣ барои баргузории озмун дар соли 2026 баррасӣ шуданд. Аз ҷумла, гузориши муовини якуми вазири маориф ва илм оид ба сатҳи омодагӣ ба даври аввал шунида шуда, инчунин, ҷадвали баргузории чор даври озмун барои соли 2026 тасдиқ гардид.
Ҳамзамон, низоми нави бақайдгирии ғолибони даврҳои дуюм ва сеюм тавассути Портали электронии Вазорати маориф ва илм муаррифӣ ва тасдиқ гардид, ки ба таъмини шаффофият ва рақамисозии раванд мусоидат менамояд. Дар ҷаласа, ҳамчунин, навори тарғиботии Озмун барои соли 2026 баррасӣ ва тасдиқ шуда, масъалаҳои вобаста ба такмили шартҳои баҳогузорӣ дар номинатсияҳо, бо дарназардошти пешниҳоди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардиданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм доир ба натиҷаҳои озмун дар соли 2025 маълумот пешниҳод намуда, афзоиши таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ яке аз дастовардҳои муҳимми озмун арзёбӣ кард.
Дар ҷараёни ҷаласа таъкид гардид, ки барои такмили раванди баргузории озмун ва мутобиқсозии он ба талаботи замони муосир номинатсияи нави «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» ворид гардида, инчунин, ихтисосҳои муосири ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ роҳандозӣ шудаанд.
Инчунин, санади меъёрии марбут ба тартиби қабули ғолибон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия гардидааст.
Дар идома миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт ва пешниҳодҳои судманд ҷиҳати таҳкими ҷанбаҳои ташкилии озмун ироа гардиданд. Аз ҷумла, зарурати таблиғи густурдаи озмун тавассути воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид карда шуд.
Дар анҷом, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии Озмун Дилрабо Мансурӣ ба вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти маҳаллӣ ва дигар ниҳодҳои марбута барои дар сатҳи баланд, шаффоф ва мутобиқ ба талаботи Низомнома баргузор намудани даврҳои озмун супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон