16.09.2025

Рӯзҳои 12-13-уми сентябри соли 2025 ҷиҳати иҷрои қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ва фармоиши дахлдори вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025” баргузор гардид.
Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ: Азизова Зарина Таваралиевна-омӯзгори синфҳои ибтидоии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур, Сайёдзода Муродали-омўзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ноҳияи И.Сомонӣ, Ғиёсова Гулчиҳра Негматовна - омўзгори фанни забони русии Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ ва Ализода Ҳусейн Баҳром-омўзгори фанни биологияи Литсейи Умари Хайёми ноҳияи Сино иштирок намуданд.
Тибқи тартиб рӯзҳои 12 -13 сентябри соли 2025 довталабон дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ), маҷлиси падару модарон ва соати тарбиявӣ доир намуданд.
Вобаста ба ин, барои дар сатҳи баланд баргузор намудан ва таъмини шаффофияти баргузории озмун бо иштироки ҳайати ҳакамони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Омўзгори соли Тоҷикистон-2025” ҷиҳати муайян намудани донишҳои назариявии довталабон саволҳои якхела ва муаммо, нимаи дуюми рӯзи 13 сентябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии "Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе" дар як вақт ба довталабон тақсим гардид.
Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабон ва ҷамъбасти холҳои умумии бадастовардаи довталабон Ализода Ҳусейн Баҳром-омўзгори фанни биологияи Литсейи Умари Хайёми ноҳияи Сино сазовори ҷойи якум, Сайёдзода Муродали-омўзгори фанни математикаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз ноҳияи И.Сомонӣ, сазовори ҷойи дуюм, Ғиёсова Гулчиҳра Негматовна - омўзгори фанни забони русии Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи сеюм ва Азизова Зарина Таваралиевна-омӯзгори синфҳои ибтидоии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи чорум гардиданд.
Боиси зикр аст, ки ғолиби даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025” дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.