14.07.2026
14 июли соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти умумии №14-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин, директорони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ва Президентӣ иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 маъруза намуда, аз дастовардҳои соҳа, раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва илм, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои амалишуда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори соҳа ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ёдовар гардид. Таъкид карда шуд, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида истодаанд.
Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи якуми соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, рушди инфрасохтори соҳа ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда муҳокима гардиданд.
Дар қисмати музокираҳо ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Х. Назарзода, сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Н. Зиёратшоҳ ва директори Маркази таълимии занон «Сарвар» Н. Содиқӣ суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа ва роҳҳои такмили фаъолияти минбаъда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими масъулияти роҳбарону кормандони соҳа ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда то охири соли ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар анҷоми ҷаласа лоиҳаи қарори ҳайати мушовара бо дарназардошти пешниҳодҳои иштирокдорон қабул гардида, вазифаҳои асосии соҳа барои давраи минбаъдаи соли 2026 муайян карда шуданд.
Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки аҳли маорифи кишвар дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.
Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон