14.11.2025
Имрӯз, 14 ноябри соли 2025 дар Донишкада бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бо роҳбарии ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода таҳти унвони «Иҷлосияи XVI-и Шурои Олӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ ва субот» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони кафедра, бахш ва кормандону омӯзгорон иштирок намуданд.
Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо осмони софу беғубор, меҳру муҳаббат, пирӯзиву муваффақият ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу амонӣ таманно намуд.
Дар баромад зикр гардид, ки бузургтарину мондагортарин хидмати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ буд, ки он асосу дарунмояи рушду пешрафти кишварро таъмин намуд. Дар маҷмуъ, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо ба амал омаданд. Тоҷикистон соҳиби нишону парчам, асъори миллӣ гардида, артиши неруманди худро ташкил намуд. Яке аз фазилатҳои инсондӯстонаю волои Пешвои миллат ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону бепарасторон маҳсуб меёбад, ки маҳз бо иқдомҳои ватанпарвонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ҳазорон мактаб-интернатҳо вусъати тоза гирифт. Хидмати дигари барҷастаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор намудани равобиту ҳамкориҳои дӯстона бо давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки обрӯву нуфузи кишварро дар миқёси байналмилалӣ хеле баланд бардошт.
Баъдан аз ҷониби мудири кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии Донишкада н.и.с Ҷумахонова Манучеҳра, омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф Имомназар Холназаров ва корманди Раёсати корҳои таълимӣ-методӣ Ташрипов Лутфулло доир ба самтҳои дигари ҳамоиш маърӯзаҳо ироа гардид.
Дар маърузаҳои худ иброз доштанд, ки бо мустаҳкам гардидани пояҳои давлатдорӣ, рушди ҳамаи соҳаҳо, махсусан мактабу маориф ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд гардид, ки ҳамаи он аз заҳматҳои шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Дар фарҷом бори дигар Наврӯз Мирзозода таъкид намуд, ки моҳияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон барои ҳар як корманди Донишкада азиз ва муқаддас буда, фаъолияти рӯзмаъраи худро дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд.