05.12.2025

 img

Анушервон Раҳимов-донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Данғара буда, ғолиби Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷики Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гардид.

 

– Дар оғоз дар хусуси иштирок дар озмун ва роҳнамоии устодону аҳли оила чанд сухан мегуфтед.

 

– Ман дар оилае ба воя расидам, ки китоб ҳамеша қисми муҳимми зиндагиамон мебошад. Волидонам аз хурдӣ маро ба мутолиа ташвиқ намуда, ҳамеша китобҳои ҷолиб меоварданд ва барои ҳар саҳифае, ки мехондам, таҳсин мекарданд. Дастгирии устодони донишгоҳ низ нақши калидӣ дошт. Онҳо маро роҳнамоӣ мекарданд, ки кадом асарҳоро мутолиа кунам, мазмуну муҳтавои асарҳоро дарк созам ва барои иштирок дар озмун чӣ тавр омодагӣ бинам. Ҳамин муҳити пур аз меҳру дастгирӣ маро ба дунёи китоб ва саҳнаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ворид кард.

 

– Шавқу рағбати омӯзиши адабиёти классик дар шумо чӣ гуна пайдо шуд?

 

– Аз кӯдакӣ дар дилам меҳру муҳаббат ба адабиёти классикии тоҷик вуҷуд дошт. Вақте аввалин бор ашъори Рӯдакӣ ё байтҳои ҳикматбори Саъдии Шерозиро хондам, дунёи нав бароям кушода шуд. Ҳар саҳифа, ҳар байт ва ҳар достон барои ман дарси ҳаёт, ахлоқ ва роҳе буд барои муваффақият. Осори адибони классикон маро бештар ба фикр кардан водор мекарданд. Ҳикмати оламгири Ҳаким Фирдавсӣ, латофати сухани Ҷомӣ, инсондӯстию фалсафаи Саъдӣ – ин ҳама маро ба он водор кард, ки на танҳо мутолиа кунам, балки ҳар андешаашонро барои зиндагии худ истифода барам. Аз ҳамин хотир, ҳар қадар мутолиа намоям, ҳамон андоза хоҳишам пайдо мешавад, ки бештар бифаҳмам, умқи маъниҳоро дарёбам.

 

– Осори кадом адибон ба шумо бештар таъсир гузоштааст?

 

– Аз миёни адибони классик ба ашъори устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҷомӣ, Саъдӣ ва Камоли Хуҷандӣ бештар майл дорам. Осори ин бузургони сухан куллан фарқ доранд ва хонданиву ҷаззобанд. Махсусан, Ҳаким Фирдавсӣ дарси ҷасорат, ватандӯстӣ ва инсонгароиро ба мо меомӯзад. Осори Саъдии Шерозӣ бошад, бо ҳикматҳои рӯзгор, ахлоқи инсонӣ ва инсондӯстӣ ҳамеша роҳнамои мост. Мавлоно Ҷомӣ бо ишқу маърифат ва меҳру нафосати суханаш касро ба олами маънӣ ворид месозад. То имрӯз садҳо ғазал, рубоӣ, байт ва достонҳоро аз ин адибон аз бар кардам. Маҳз ҳамин таъсири амиқ буд, ки муҳаббати ман ба адабиёти классик бо гузашти солҳо бештар мешаванд.

 

– Барои дастрасӣ ба осори классикӣ ба мушкилие рӯ ба рӯ мешудед?

 

– Бештари осорро аз китобхонаҳои донишгоҳ, китобхонаи ноҳия, инчунин, аз китобхонаи шахсии хеш дастарам намуда, мутолиа мекардам. Албатта, солҳои аввал дастрасӣ ба баъзе китобҳо каме мушкил буд, зеро на дар ҳама китобхонаҳо номгӯи китобҳои дар низмомнома буда мавҷуд аст. Баъзе китобҳо танҳо дар нашрҳои куҳна вуҷуд доранд ва пайдо кардани онҳо вақти зиёдро талаб мекунад.

 

Бо гузашти вақт вазъият беҳтар шуд. Ҳоло китобхонаҳои электронӣ, нашрияҳои нав ва ҳатто мағозаҳои китобфурӯшӣ ба хонандагон имкони васеъ фароҳам оварданд. Дар бисёр ҳолат осореро, ки қаблан меҷӯстам, имрӯз дар шакли электронӣ зуд пайдо мекунам. Ҳар бор китобе меёфтам, ки муддати дароз ҷустуҷӯяшро мекардам, худро мисли шахсе эҳсос мекардам, ки ганҷинаи амволашро боз ёфта бошад.

 

Дар ин роҳ дастгирии устодон ва дӯстдорони китоб низ бебаҳост. Онҳо китобҳое, ки ба ман лозим буд, ҷуста меёфтанд ва маслиҳат медоданд, ки аз кадом нусхаҳо бештар истифода барам, кадоме аслӣ ва пурра мебошад. Ҳамин тавр, ҳар китобе, ки ба даст меомад, барои ман танҳо як матн набуд – роҳе буд ба сӯйи ҷаҳонбинии бузургону гузаштагон.

 

– Баъди ғолиби Шоҳҷоиза гардидан чӣ эҳсос доштед?

 

– Вақте номи маро ҳамчун ғолиби Шоҳҷоиза эълон карданд, ҳис кардам, ки ҳамаи заҳматҳо ва кӯшишҳои панҷсолаи ман натиҷа доданд. Аввал, эҳсоси сипос ба оила, устодон ва ҳамаи онҳое, ки маро дастгирӣ карданд, дар дилам садо дод. Баъдан, эҳсоси масъулият: ман водор ҳастам, ки дониш ва муҳаббати худро ба китоб бештар биафзоям ва ба ин ҷоиза шоиста муносибат кунам. Ин ғалаба барои ман танҳо мукофот нест, рамзи он аст, ки ҳар кас агар бо меҳр, саъю талош ва сабр ба сӯйи мақсадаш равад, ҳатман ба он мерасад. Шоҳҷоиза ба ман қуввату неруи нав дод, ки бо ҷиддияти бештар ба таҳқиқ ва омӯзиши адабиёти классик машғул шавам ва дар ин ҷода қадамҳои устувортар гузорам.

 

– Нақши озмунро дар рушди фарҳанги китобхонӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

 

– Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” танҳо як рақобати зеҳнӣ нест, балки як мактаби бузурги маърифат, худшиносӣ ва муҳаббат ба китоб аст. Ин озмун садҳо наврасу ҷавонро водор месозад, ки ба китоб рӯ оваранд, мутолиа кунанд, фикр кунанд ва ҷаҳонбинии худро густариш диҳанд. Озмуни мазкур муҳитеро фароҳам сохт, ки дар он китобу маърифату сухан қимат пайдо кард. Барои ман ин озмун боз як чизи дигарро низ эҳдо бахшид: дӯстони нав, ҳамфикрон ва шахсоне, ки ба китоб муҳаббат доранд. Мо бо ҳам таҷриба мубодила мекунем, китоб тавсия медиҳем, баҳсу гуфтугӯ мекунем ва ҳамин гуна дунёи фикриамон боз ҳам васеътар мешавад. Ин озмун фарҳанги китобхониро густариш бахшид, диққати наврасону ҷавононро ба арзишҳои маънавӣ равона намуд ва мушаххас кард, ки китоб калиди муваффақият дар зиндагист.

 

Сумая ЮСУПОВА,

«Омӯзгор»

  • АНУШЕРВОН РАҲИМОВ: ШОҲҶОИЗА БАРОЯМ НЕРУИ ТОЗА БАХШИД, ТО КИ БЕШТАР БИОМӮЗАМ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    АНДЕШАҲОИ ҒОЛИБИ ШОҲҶОИЗА ДАР НАМИНАТСИЯИ АДАБИЁТИ ҶАҲОН ХОЛИҚОВА ФАРИСА, ХОНАНДАИ СИНФИ 10-И МТМУ №50 НОҲИЯИ РӮДАКӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» Бо эҳсоси фараҳмандӣ ва сипоси бепоён мехоҳам чанд суханро ҳамчун ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни бонуфузи ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» изҳор намоям.   Пеш аз ҳама, миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён мекунам, ки бо сиёсати хирадмандона ва ғамхориҳои пайвастаи худ барои боло бурдани сатҳу сифати маърифат, рушди илму адаб ва ҷалби ҷавонон ба китобу китобхонӣ чунин шароити мусоидро фароҳам овардаанд. Ин ташаббуси донишпарваронаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз ҳазорҳо ҷавонон рӯ ба китоб, таҳсил, фикрронӣ ва худташаккулёбӣ ниҳодаанд.   Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» барои ман на танҳо як сабқати илмиву фарҳангӣ, балки мактаби бузурги зиндагӣ гардид. Ман аз рӯзҳои аввал бо ишқу муҳаббат ва масъулияти баланд барои иштирок омодагӣ дидам. Ҳар китобе, ки хондем, ба ман ҷаҳонбинии нав бахшид. Ҳар саҳифае, ки варақ задам, маро ба олами сухан, андеша ва фарҳанги башарӣ наздиктар намуд.   Шоҳҷоиза ба даст овардан, ин фахр, аммо ҳамзамон масъулияти бузург низ мебошад. Ман мефаҳмам, ки ин муваффақият маро вазифадор мекунад, то минбаъд бештар бихонам, биомӯзам ва барои баланд бардоштани нуфузи дониш, фарҳанг ва китобхонӣ дар миёни ҳамсолонам саъю талош намоям.   Миннатдории самимии худро ба волидонам, ки ҳамеша пуштибонам буданд, ба омӯзгорони муҳтарам, ки бо меҳрубонӣ ва заҳмати беандоза роҳнамоӣ карданд, ва ба раҳбарияти МТМУ №50, ки барои рушди истеъдодҳои мо шароити мусоид фароҳам оварданд, мерасонам.   Ҳамчунин аз раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳамеша ҷавононро дар чунин озмунҳо ҳавасманд месозанд, изҳори сипос менамоям.   Ман бовар дорам, ки китоб нур, дониш тавон, фарҳанг ҳувият, ва китобхонӣ роҳи ягонаи расидан ба камолот аст. Ҳар ҷавони тоҷик, ҳар хонандаи мактаб бояд аз ин сарчашмаи бебаҳо баҳра гирад.   Дар анҷом, ба Пешвои миллат бори дигар изҳори эҳтиром ва сипос менамоям, ки бо сиёсати давлатӣ ва ғамхории хосаи худ моро ба роҳи илму маърифат ҳидоят мекунанд.   Бо эҳтиром, Холиқова Фариса, ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

    7

    05.12.2025
  •  img
    Даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори наврас» Санаи 4 декабри соли ҷорӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани «Солҳои 2025-2030 солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори наврас» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аъзоёни  маҳфилҳои муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ баргузор гардид.    Чорабинӣ бо иштироки директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, масъулини сохторҳои марбута, омӯзгорон ва иштирокчиён аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир гардид.   Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби хонандагон ба фаъолияти эҷодию ихтироъкорӣ, таҳкими тафаккури техникиву инноватсионӣ ва мусоидат ба рушди малакаҳои муҳандисиву навоварӣ ҳамасола аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар марҳилаҳои имсолаи озмун шумораи иштирокчиён назаррас буда, хонандагон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраҳои муассисавӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятӣ фаъолона ширкат варзиданд.    Беҳтарин лоиҳаҳо ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.   Дар марҳалаи ҷамъбастӣ иштирокчиён лоиҳаҳои эҷодӣ ва корҳои техникии худро, аз ҷумла дар самтҳои робототехника, технологияҳои иттилоотӣ, энергетикаи барқароршаванда, муҳандисӣ, кишоварзӣ, ҳифзи муҳити зист, лоиҳаҳои хусусияти иҷтимоӣ дошта ва дигар бахшҳои соҳавӣ пешниҳод намуданд.     Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, аксари лоиҳаҳои пешниҳодшуда дорои аҳамияти амалӣ буда, имкони татбиқи минбаъдаро дар муассисаҳо ва сохторҳои истеҳсолӣ доро мебошанд.   Директори Маркази ҷумхуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар суханронии худ зикр намуданд, ки рушди тафаккури илмӣ ва эҷодӣ дар миёни хонандагон аз ҳадафҳои муҳимми соҳаи маориф ба шумор рафта, озмуни «Ихтироъкори наврас» минбаре барои ошкор ва ҳавасмандсозии наврасону ҷавонони боистеъдод мебошад.   Таъкид карда шуд, ки дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба афзалияти рушди илм ва техника, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои дастгирии иқтидори зеҳнии наврасон тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.   Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

    35

    05.12.2025
  •  img
    ФАРИСА ХОЛИҚОВА: ҒОЛИБИ ШОҲҶОИЗА ШУДАН НАТИҶАИ ЗАҲМАТ ВА ОМӮЗИШИ БАРДАВОМ АСТ – Музаффарият дар Озмуни ҷумхуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» натиҷаи дастгириву роҳнамоии падару модар, роҳбарияти мактаб ва омӯзгорон мебошад,-иброз дошт Фариса Холиқова.   Илму дониш, маърифат ва фарҳанг дар рушди ҷомеа нақши ҳалкунанда доранд, аз ин рӯ, ҷавонони китобдӯсту равшанзамир қутбнамоеянд, ки дар пешрафти давлату миллат саҳми босазо мегузоранд. Фариса Холиқова яке аз чунин наврасони маърифатдӯст аст, ки бо саъйю кӯшиши пайваста, аз номинатсияи адабиёти ҷаҳони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори Шоҳҷоиза гардид. Ӯ хонандаи синфи 11-и МТМУ рақами 50-и деҳаи Шайхони ноҳияи Рӯдакӣ буда, чор сол боз дар озмун ширкат меварзад.   – Тариқи оинаи нилгун иштироки довталабонро дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ҳавас тамошо мекардам ва ҳанӯз хонандаи синфи 7-ум буданам, дар ин озмун иштирок кардам. Аз соли аввали иштирок дар даврҳои мактабиву минтақавӣ сазовори ҷойҳои намоён шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтам. Дар даври ҷумҳуриявӣ сатҳи иштирокдорон баланд буд, ки сазовори ҷойҳои ифтихорӣ нашудам. Аз ин ҳолат ноумед нагардидам, пайваста мехондаму меомӯхтам. Дар солҳои минбаъда бошад, созовори ҷойи ифтихорӣ шудам. Сол то сол феҳристи адабиёти мутолианамудаам меафзуд, ҷаҳонбиниам васеъ ва фонди луғавиам зиёд мегардад. Зимни иштироки пайваста дар озмун масоили зиёдеро аз худ намуда, забондониям такмил ёфт. Бо забонҳои русиву англисӣ озодона китоб хондан ва муошират карданро омӯхтам.   Фариса аз хурдӣ ба китобхонӣ майлу рағбати беандоза дошт, ҷаҳонро тавассути саҳифаҳои китоб мешинохт ва ҳар рӯзи навро бо кашфи маънии тоза оғоз мекард. Маҳз ин шавқу истеъдод ба ӯ имкон дод, ки дар бахши адабиёти ҷаҳон дониши мукаммалро соҳиб шавад.   – Аз хурдсолӣ бештар афсонаҳои Шарл Перро, Ганс Христиан Андерсен, Марк Твен, Самуил Маршак, Александ Сергеевич Пушкинро мутолиа мекардам. Ҳангоми дар синфи сеюм таҳсил намудан, яке аз афсонаҳои А. Пушкин «Афсона дар бораи шоҳ Салтан» («Сказка о царе Салтане»)-ро пурра аз бар намудам. Ҳамин тавр, меҳри китобхонӣ дар қалби ман маъво гирифт. Дар аввал афсонаҳои кӯдакона, баъдтар ба мутолиаи китобҳои калонҳаҷми адабиёти ҷаҳон пардохтам,-изҳор дошт ӯ.   Мавриди зикр аст, ки волидайн ва омӯзгорони Фариса Холиқова муҳити мусоид фароҳам оварданд, то истеъдод ва рағбати ӯ ба омӯзиш ва мутолиаи китоб ба таври устувор рушд кунад. Духтараки китобдӯст зимни суҳбат аз рафҳои ҷевони хонаашон, ки пур аз китоби адибони шинохтаи Мағрибу Машриқ аст, ёдовар шуд. Ҳамчунин, иттилоъ дод, ки аъзои китобхонаҳои мактаб, ноҳия, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон асту китобҳоро барои мутолиа аз он ҷо низ дастрас менамояд.   – Гоҳе ҳамроҳи модарам ба мағозаҳои «Олами китоб» меравем ва аз он ҷо китобҳои мақбуламро харидорӣ мекунам. Дар мавриди хондани осоре, агар дар пайи дарёфти маъние душворӣ кашам, модарам Насиба Бобоева ва муаллими забон ва адабиёти тоҷик Фарҳод Ҳакимов кумак мекунанд. Дар чопу омода намудани феҳристи китобҳо барои иштирок дар озмун амакам Файзулло Холиқов дастгиру мададгор буд,- бо табасссум қайд кард духтарак.   Фариса бо завқи баланд асарҳои нависандагони машҳури ҷаҳон Гомер, Уилям Шекспир, Виктор Гюго, Александр Дюма, Габриэл Гарсиа Маркес, Чарлз Диккенс ва Маргарет Митчеллро мутолиа кардааст. Ӯ аз ҳар асар на танҳо сюжети онро меомӯзад, балки андешаҳои фалсафӣ ва иҷтимоии нависандагонро таҳлил, хусусият ва таъсири равонии онро муайян мекунад.   – Асарҳое ҳастанд, ки онро хонанда дар як лаҳзаи кӯтоҳ хонда ба итмом мерасонад. Яке аз ин қабил асарҳо «Бодбурда» («Унесённые ветром»)-и нависандаи амрикоӣ Маргарет Митчелл аст. Дар ин асар ҳодисаҳои айёми ҷанги шаҳрвандии солҳои 1860 дар штатҳои ғарбии ИМА ба вуқуъпайваста инъикос гардидааст. Қаҳрамони асосиаш духтараке бо номи Скарлетт О’Хара аст, ки ӯ аз пастиву баландиҳои зиндагиаш руҳафтода нагашта, пайваста баҳри бартараф намудани мушкилиҳо мубориза мебарад ва оқибат ба мақсади дар пеш гузоштаи худ мерасад. Ин китоб дар жанри роман-эпопея нигошта шудааст, ки бароям писанд аст,- зикр кард Фариса.   Суханрониаш пурмуҳтаво, таҳлилҳояш фарогир ва фаҳмишаш оид ба моҳияти адабиёт хеле амиқ аст. Маҳз ҳамин сатҳи баланди дарку таҳлил барояш имкон дод, ки дар миёни садҳо иштирокчии лаёқатманд бартарӣ ёбад. Барои пешниҳод ба озмун 490 асари насрӣ, аз қабили 122 роман, 66 повест, 85 ҳикоя мутолиа ва 5300 мисраи шеърӣ аз бар намудааст.   – Ҳангоми иштироки баъзе аз довталабон дар озмун ба он аҳаммият додам, ки номи қаҳрамонони асарро аз хотир фаромӯш мекунанд. Ман низ дар аввал ба ин мушкили рӯ ба рӯ мешудам, зеро бо хондани 100-200 китоб бештар номи қаҳрамонон омехта ва фаромӯш мешавад. Кӯшиш мекардам, дар зеҳнам тасвири онҳоро кашам, образашонро дар лавҳи хотирам таҷассум намоям. Яъне, тавре ки дар китоб тасвир кардаанд, дар зеҳнам онҳоро меофаридам ва ҳамин тавр муваффақ шудам, ки исмашонро фаромӯш насозам,-қайд кард Ф. Холиқова.   Дар баробари шоирону адибони ҷаҳон, Фариса шефтаву волои эҷодиёти шоирони классики тоҷику форс, амсоли Абуабдуллоҳ Рӯдакиву Абулқосим Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофизи Шерозист. Аз офаридаҳои ин бузургони адаб дурри маънӣ мебардорад. Дар оянда орзу дорад ба ҳайси табиби равоншинос дар ҷомеа хидмат намояд.   Шаҳноза БОБОМУРОДОВА, «Омӯзгор»

    11

    05.12.2025