22.05.2026
22 майи соли ҷорӣ раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти роҳбарии ректори муассиса дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоёни абармардони таърих ба мавзеи Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе қадам ранҷа намуданд.
Зимни аёдат иштирокдорон ба оромгоҳ ва манзили абадии Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи фарҳангиву таърихии миллат Нисор Муҳаммад ташриф оварда, ба хотири гиромидошти хизматҳои арзишманди онҳо дар назди давлату миллат гулчанбар гузоштанд ва бо қироати дуои хайр хотираи неки ин фарзандони содиқи Ватанро пос доштанд.
Ин иқдом ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву миллатсозонаи шахсиятҳои барҷастаи тоҷик амалӣ гардида, ҳамчун нишонаи эҳтиром ба корномаи фарзандони содиқи миллат арзёбӣ мешавад. Ин абармардон дар роҳи ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди забону фарҳанги тоҷикӣ ва таъмини озодиву соҳибистиқлолии кишвар ҷоннисориҳо намуда, бо фаъолияти ватандӯстонаи худ дар саҳифаҳои таърих номи ҷовидона гузоштаанд. Гиромидошти хотираи онҳо на танҳо арҷгузорӣ ба гузашта, балки омили муҳими тарбияи маънавию ватандӯстии насли ҷавон ва таҳкими худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мушт хоки ин фарзандони фарзонаи миллат аз хориҷи кишвар ба Ватан интиқол дода шуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба хизматҳои таърихии онҳо дар роҳи бунёд ва таҳкими давлатдории навини тоҷикон арзёбӣ гардид. Ин амал аҳаммияти бузурги сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дошта, бозгӯи пайванди устувори миллат бо таъриху арзишҳои миллӣ мебошад.
Ҳамзамон, дар ҷараёни маросим хотираи неки чеҳраҳои маъруфи илму адаб, фарҳанг ва маърифати миллӣ низ гиромӣ дошта шуд. Таъкид гардид, ки омӯзиш ва муаррифии осори гаронбаҳои ин шахсиятҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ барои ҳифзи ҳувияти миллӣ, рушди тафаккури илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа аҳаммияти хосса дорад.