21.09.2026

 img

20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест расман оғоз бахшиданд.

 

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи нав бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз дорад. Дар корхона таҷҳизоти мукаммали коркарди гандум, анбори нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши 28000 тонна ва анбори нигоҳдории маҳсулоти тайёр мавҷуд мебошад.

 

Таъкид гардид, ки орд дар ин ҷо асосан аз гандуми навъҳои Хайпро ва Дурум истеҳсол шуда, дар омода кардани хамираи питса, баъзе навъҳои нон, самбӯса ва дигар маҳсулоте истифода мешавад, ки устуворӣ ва сифати баланди хамирро талаб мекунанд. Ба роҳ мондани чунин истеҳсолот имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохилӣ ба маҳсулоти босифати ватанӣ бештар таъмин гардад.

 

Бо мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳ 50 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Ин иқдом дар баробари рушди истеҳсолот ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Корхона ҳамчунин дорои коргоҳи нави механикӣ мебошад, ки барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти худаш бунёд гардидааст. Коргоҳ барои таъмиру нигоҳдорӣ ва хизматрасонии техникии таҷҳизоти истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, дар он корҳои омодасозии қисмҳои эҳтиётӣ, кафшергарӣ, васлкунӣ ва мисли инҳо анҷом дода мешаванд.

 

Ба истифода додани коргоҳи механикӣ сифати хизматрасонии техникиро беҳтар намуда, боиси кӯтоҳ гардидани муҳлати таъмири таҷҳизот, коҳиши хароҷоти истеҳсолӣ ва баланд гардидани самаранокии фаъолияти корхона мегардад.

 

Технологияҳои муосири дар корхона насбшуда аз Швейтсария ворид гардида, нисбат ба дастгоҳҳои пешина 20 фоиз камтар неруи барқ сарф менамоянд.

 

Дар идомаи боздид Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ирода Инвест боздид намуданд.

 

Дар намоишгоҳ маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, ки дар корхонаҳои ҷамъияти мазкур истеҳсол мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд. Аз ҷумла, навъҳои гуногуни орд, маҳсулоти ордӣ, равғани растанӣ ва мисли инҳо пешниҳод гардиданд.

 

Зимни боздид Пешвои миллат бо намуд ва сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда шинос шуда, ба иқдомҳои соҳибкорону истеҳсолкунандагон дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ баҳои баланд доданд.

 

Таъкид гардид, ки рушди истеҳсолоти ватанӣ, коркарди ашёи хом, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва зиёд намудани ҳаҷми содирот аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.

 

Дар ин замина ба соҳибкорон ҷиҳати истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус ва саҳмгузории бештар дар татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳои судманд доданд.

  • Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров img
  • Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров img
  • Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров img
  • Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров img
  • Ба истифода додани коргоҳи нави орди ҶДММ Ирода Инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20 сентябр дар идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар деҳаи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гимназияи хусусии Ҳаёт мавриди истифода қарор дода шуд.   Ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  Абдухалил Розиқов, Ҷурабой Азимов, Муродҷон Ҷураев ва Нозим Ибрагимов бо сифати баланд ва дар муҳлати кӯтоҳ сохта шудааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат буда, дорои 45 синфхона ва 41 ҳуҷраи ёрирасон мебошад.   Гимназия барои ба таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.   Дар гимназия кабинетҳои мусиқӣ, ҳунаромӯзӣ, физика, химия, биология ва технологияҳои иттилоотӣ ташкил гардидаанд.   Таҷҳизонидани чунин синфхонаҳои фаннӣ имкон медиҳад, ки раванди таълим бо истифода аз усулҳои муосир ба роҳ монда шуда, шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илмҳои дақиқ, табиӣ ва технологияҳои нав бештар гардад.   Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва китобхонаи муосир сохта шудааст.   Иншооти ёрирасон имкон фароҳам меоранд, ки дар гимназия барои баргузории чорабиниҳои таълимию фарҳангӣ ва истифодаи васеи адабиёти таълимиву бадеӣ шароити муносиб муҳайё бошад.   Ҳамзамон, бо мавриди истифода қарор гирифтани гимназияи хусусии Ҳаёт 70 сокини маҳаллӣ бо корӣ доимї таъмин гардиданд.   Ифтитоҳи гимназияи хусусии Ҳаёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар доираи таҷлил аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иқдоми муҳими созанда арзёбӣ гардид, ки ба таҳкими заминаҳои моддию техникии соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон мусоидат мекунад.

    8

    21.09.2026
  •  img
    Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 20 сентябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва сокинони шарафманди вилоят  самимӣ истиқбол гирифтанд.   Тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷассуми ифтихору сарбаландии мардуми тоҷик аз ин неъмати муқаддасу бузурги таърихист.   Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ҳифзу таҳким ёфт, поя ва сарчашмаи давлатсозиву давлатдории навини миллӣ гардид ва Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати амну пешрафта ва ташаббускор эътироф шуд.    Маҳз бо сиёсати оқилонаю созандаи Роҳбари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ба сӯи ояндаи  неку боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузорад.    Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукӯҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ ва фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол таҷассумгари садоқат, ибрози меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

    7

    21.09.2026
  •  img
    Ифтитоҳи коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ Анқо-инвест дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.   Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи равғани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвестро, ки аз ҷониби Гурӯҳи ширкати Фаровон бунёд карда шудааст мавриди истифода қарор доданд.   Ин коргоҳи нав бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, коркарди ашёи хом ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ бунёд гардидааст.   Иқтидори истеҳсолии коргоҳ нишондиҳандаи муҳимми имкониятҳои он мебошад. Дар як шабонарӯз ин коргоҳ имкони коркарди то 200 тонна ашёи хомро дорад. Иқтидори солонаи он коркарди то 70 ҳазор тонна донагиҳои равғандорро ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳ се хатти асосии истеҳсолӣ фаъолият намуда, равандҳои равғанкашӣ, коркарди равған ва пешниҳоди маҳсулоти тайёр ба зарфҳо дар ҳамин маҷмӯи истеҳсолӣ анҷом дода мешаванд.   Дар маҷмӯъ, коргоҳи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Анқо инвест дорои панҷ хатти истеҳсолӣ мебошад.   Равандҳои истеҳсолӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ва таҷҳизоти пешрафта ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, истеҳсоли маҳсулот бо риояи талаботи технологӣ ва меъёрҳои матлуб амалӣ мегардад.   Маҳсулоти асосии коргоҳ равғани офтобпараст, пахта ва омехта мебошад.   Маҳсулоти коргоҳ бо номи Равғани Анқо инвест ба бозорҳои ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, вобаста ба талаботи истеъмолкунандагон дар зарфҳои як, ду, се ва панҷлитрӣ банду баст мешавад.   Бунёди коргоҳи нав ҳамзамон барои фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат кардааст. Дар давраи сохтмони иншоот 50 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин гардида буданд. Ҳоло дар коргоҳи равғанбарорӣ беш аз 20 нафар ба фаъолияти доимӣ ҷалб шудаанд.   Бо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои коргоҳ имконияти васеъ намудани доираи фаъолияти истеҳсолӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ низ бештар мегардад.   Тибқи имкониятҳои истеҳсолии коргоҳ, дар сурати фаъолияти пурраи иқтидорҳо, он метавонад то 30 фоизи талаботи бозори дохилии кишварро ба равғани растанӣ таъмин намояд. Ин нишондиҳанда аз имкониятҳои назарраси коргоҳ дар самти рушди истеҳсолоти маҳсулоти ватанӣ дарак медиҳад.   Ашёи хоми коргоҳ асосан аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда мешавад.   Ҳамин тариқ, як занҷираи муҳимми истеҳсолӣ аз воридоти ашёи хом то коркард, истеҳсол ва банду басти маҳсулоти тайёр дар дохили кишвар ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд дода таъкид намуданд, ки бунёди чунин корхонаҳо барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти тайёр заминаи мусоид фароҳам меорад.

    7

    21.09.2026