11.09.2025

 img

Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат нахустин муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Балҷувон аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

 

Таъсиси чунин муассиса дар ноҳияҳои дурдаст, ки аз лиҳози барномаҳои таълимӣ, кадрҳои соҳибтахассус, имтиёз ба хонандагон ва шароиту инфрасохтор бартарӣ дорад, бозгӯ аз зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доштани соҳаи маориф ва илм мебошад.

 

Иншоот дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди зеҳну тафаккури хонандагон бо панҷ бинои мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст.

 

Дар 32 синфхонаи муҷаҳҳаз имкон аст, ки 1520 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шаванд. 

 

Синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои замони муосир мусоидат мекунад.

 

Барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология ва физика бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, ки ин дар омӯзиши назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир мегузорад.

 

Тавре таъкид гардид, ҳадафи давлату ҳукумат аз фароҳам овардани чунин шароит омода кардани кадрҳои дорои донишу малакаи баланд аст, ки оянда тавонанд дар идораи умури давлатӣ ва Ватани азиз саҳгузор шаванд. Зарурати истифодаи босамар аз ин дастгоҳу таҷҳизоти навтарин бо ташкилу баргузории дарсҳои амалӣ бештар таъкид гардид.

 

Синфхонаҳои таълими меҳнат, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, ошхона,  толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузорад.

 

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти боз як муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Балҷувон фосилавӣ оғоз бахшиданд.

 

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия аз ҷониби соҳибкор Рустам Муъминов сохта шудааст.

 

Бо мунтазам зиёд шудани шумораи хонандагон раванди таълим дар бинои қаблии дорои шаш синфхонаи садамавӣ мушкил шуда буд.

 

Ҳамовозии шахсони ватандӯст бо сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат боис шуд, ки ин мушкили ҷиддии аҳолии деҳа бартараф гардад.

 

Бинои нави муассиса бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ ва бо тарҳи муосир сохта шудааст.

 

Шумораи хонандагон дар маҷмуъ 370 нафарро ташкил медиҳад, вале бо дар назар доштани зиёдшавии аҳолӣ, 16 синфхонаи муҷаҳҳаз барои ба таҳсил фаро гирифтани 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

 

Синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва майдончаи варзишӣ имкони мусоид барои омӯзиши фанҳои гуногун ва ҳам машғул шудан бо тарбияи ҷисмонию варзиш фароҳам овардаанд.

 

Дар асоси дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар ноҳияи Балҷувон бо сару либоси ягонаи мактабӣ таъмин карда  шуданд. Ин иқдом бозгӯ аз ғамхории Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва талошҳои пайваста барои боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.

  • Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон img
  • Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон img
  • Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон img
  • Ба истифода додани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 29 апрели соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, роҳбарони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Раиси ҷаласа нахуст ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аҳаммияти масъалаҳои баррасишавандаро таъкид кард. Дар ҷаласа масъалаи рафти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббароркуниҳои ғайринақдӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм А. Хоҷазода гузориш пешниҳод намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда, натиҷаҳои бадастомада ва вазифаҳои минбаъда маълумот дод. Таъкид гардид, ки густариши ҳисоббароркуниҳои ғайринақдӣ дар муассисаҳои соҳа яке аз омилҳои муҳимми таъмини шаффофият ва самаранокии фаъолияти молиявӣ ба ҳисоб меравад. Сипас, масъалаи китоби дарсии «Технологияи иттилоотӣ» барои хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баррасӣ гардид. Дар ин замина директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ У. Ҳасанзода оид ба раванди таҳия, мутобиқати мазмун ба талаботи стандартҳои давлатӣ ва аҳаммияти он дар баланд бардоштани савияи донишҳои рақамии хонандагон гузориш дод. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаи ворид намудани тағйирот ба «Тартиби гузаронидани олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» мавриди муҳокима қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода доир ба такмили механизми баргузории олимпиадаҳо, таъмини шаффофият ва фарогирии бештари хонандагон маълумот пешниҳод намуд. Бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиён аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати андешидани тадбирҳои зарурӣ барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулшуда, таъмини иҷрои талаботи фармони мазкур, такмили мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, тозаву озода нигоҳ доштани муҳити муассисаҳои таълимӣ , инчунин рушди низоми дарёфт, тарбия ва дастгирии хонандагони болаёқат ва соҳибистеъдод дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    30

    29.04.2026
  •  img
    ПЕШБУРДИ ҲАЛЛИ УСТУВОРИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАҲКИМИ МЕЪЁРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ 28 апрели соли 2026 дар дафтари Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари иттилоотӣ барои шарикони рушди лоиҳаи мазкур, ки бо маблағгузории Бонки Осиёии Рушд амалӣ мегардад, баргузор шуд. Семинар таҳти унвони «Пешбурди ҳалли устувори энергетикӣ ва таҳкими меъёрҳои сохтмонӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор шуда, дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, инчунин мутахассисони соҳаҳои сохтмон ва энергетика иштирок намуданд. Дар қисми ифтитоҳӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, намояндагони Бонки Осиёии Рушд ва шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ, ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО, иштирок намуда, суханронӣ карданд. Семинарро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ бо истифода аз ҳалли устувори энергетикӣ ва татбиқи стандартҳои муосири сохтмонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар доираи лоиҳа сохтмони биноҳои иловагӣ барои омӯзиши фанҳои дақиқ (блокҳои STEM) бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ин меъёрҳо талаботи ҳатмиро дар самтҳои бехатарии сохторӣ, устуворӣ ба офатҳои табиӣ ва самаранокии энергетикӣ дар бар мегиранд. Аз ҷумла, дар доираи такмили меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба ҷанбаҳои калидии татбиқи стандартҳои сохтмонии устувор ба зилзила, обхезӣ ва дигар хатарҳои табиӣ бо дарназардошти хусусиятҳои минтақаҳои гуногуни кишвар, истифодаи инфрасохтори «сабз» ва технологияҳои каммасрафи энергия, аз ҷумла, насби панелҳои офтобӣ ва системаҳои муосири гармидиҳӣ, ҷорӣ намудани системаҳои муосири гармидиҳӣ, вентилятсия ва ҳаводиҳӣ (HVAC) барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълим дар тамоми фаслҳои сол, таъмини бехатарии сӯхтор, мавҷудияти баромадгоҳҳои изтирорӣ ва фароҳамсозии дастрасии пурра барои шахсони дорои имконияташон маҳдуд, истифодаи маводҳои сохтмонии экологӣ ва камкарбон, ки ба коҳиши таъсири манфӣ ба муҳити зист мусоидат мекунанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҳамзамон, ба масъалаҳои таъмини инфрасохтори обтаъминкунӣ ва беҳдошт, аз ҷумла, ташкили иншооти алоҳида барои духтарон ва писарон, инчунин таъмини дастрасӣ ба оби нӯшокии бехатар, диққати махсус дода шуд. Зикр гардид, ки тарҳрезии биноҳо бо дарназардошти устуворӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ гардида, омилҳои муосири муҳандисӣ, аз ҷумла, баланд бардоштани қобилияти тобоварӣ ба сарбориҳои иловагӣ, ба назар гирифта мешаванд. Дар баромадҳои намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ва ЮНИСЕФ аҳаммияти муҳити таълимии бехатар, фарогир ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ҳамчун омили калидии таъмини таҳсилоти босифат таъкид гардид. Дар қисми муҳокимаи муштарак иштирокдорон табодули таҷриба намуда, роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва беҳтар намудани сифати лоиҳакашӣ ва сохтмони муассисаҳои таълимиро баррасӣ карданд. Қобили зикр аст, ки Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба татбиқи Лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2023 ба имзо расидааст. Лоиҳа дар сатҳи ҷумҳурӣ амалӣ гардида, 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии интихобшударо дар бар мегирад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳа муассисаҳои таълимии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳамчун марказҳои такягоҳӣ барои рушди инфрасохтор ва такмили ихтисоси омӯзгорон интихоб гардидаанд.

    55

    28.04.2026
  •  img
    ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН - 2026» 28 апрели соли 2026 дар Муассисаи таълимии томактабии №1 -и ноҳияи Шоҳмансур даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии сол - 2026” дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар даври ноҳиявии озмун мураббияҳои муассисаҳои таълимии томактабии ҳудуди ноҳияи Шоҳмансур фаъолона иштирок намуда, сатҳи баланди дониши касбӣ, маҳорати педагогӣ, малакаҳои методӣ ва қобилияти эҷодии худро ба намоиш гузоштанд. Иштирокчиён бо машғулиятҳои намунавӣ, баромадҳои методӣ ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадам сазовори баҳои баланд гардиданд. Бо мақсади таъмини шаффофият ва риояи талаботи муқарраргардидаи озмун ҳайати доварон аз ҳисоби мураббияҳои соҳибтаҷриба, роҳбарони муассисаҳои томактабӣ ва мутахассисони соҳаи маориф таъсис дода шуда, фаъолияти иштирокчиёнро мутобиқ ба меъёрҳои муқарраршуда арзёбӣ намуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани раванди баргузории озмун кумитаи тадорукот фаъолият бурда, ҳамаи корҳои ташкилию методиро мувофиқи талаботи амалкунанда ба роҳ монд. Даври ноҳиявии озмун бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода оғоз гардида, зимни баромади худ номбурда таъкид намуд, ки баланд бардоштани мақому манзалати мураббиён, такмили маҳорати касбӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълиму тарбия ва дастгирии мутахассисони болаёқат яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин қайд гардид, ки фаъолияти босамари мураббиён дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, рушди зеҳнӣ, маънавӣ ва ахлоқии насли наврас нақши калидӣ дорад. Бояд тазаккур дод, ки баргузории чунин озмунҳои касбӣ барои баланд бардоштани сатҳи касбияти мураббиён, такмили маҳорати педагогӣ, рушди методикаи таълиму тарбия, густариши таҷрибаи пешқадам ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

    32

    28.04.2026