01.11.2025
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими имзои ёддошти тафоҳум байни Донишкада ва Донишгоҳи лифти Корея баргузор гардид.
Санади мазкур ба рушди муносибатҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея равона гардида, заминаи устувор барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак фароҳам меорад. Мақсади асосии он рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҷалби донишҷӯёни нав, амалигардонии барномаҳои табодули донишҷӯён, таъсиси курсҳои забони кореягӣ, ҳамчунин таъсиси Маркази таълимии лифтсозӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Пас аз маросими имзо, намояндагони Донишгоҳи лифти Корея бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот доир намуда, дар бораи донишгоҳи худ, раванди таҳсил, барномаҳои таълимӣ, имкониятҳои таҳсил ва дурнамои шуғли хатмкунандагон маълумот пешниҳод карданд.
Хабарҳои дигар
-
«Омӯзгорон ояндаро месозанд» Имрӯз дар шаҳри Аддис-Абебаи Ҷумҳурии Демократии Федеративии Эфиопия, таҳти сарпарастии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Африқо (UNECA), конфронси байналмилалӣ оид ба мубодилаи донишҳо зери унвони «Омӯзгорон ояндаро месозанд» оғоз гардид. Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти норасоии омӯзгорони соҳибихтисос дар саросари ҷаҳон ва тақвияти иқтидори кадрӣ дар низомҳои миллии таълим мебошад. Дар кори конфронс аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм Маҷидзода Ҷамшед ва ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Мирзозода Наврӯз иштирок доранд.
8
03.11.2025 -
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» муайян гардиданд Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ иттилоъ дод, Раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок ва сухан намуд. Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад. Озмуни имсола аз 8 номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия); физика ва астрономия; химия; биология (ботаника, зоология, анатомия); география; технологияи иттилоотӣ; зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ; ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор гардид. Соли 2025 барои ҳар ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст. Дар озмун аз рўи номинатсияи «Математика» (арифметика, алгебра, геометрия) дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №89-и шаҳри Душанбе Раҳимов Муҳаммадбасир сазовори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Данғара Рашод Қодиров ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и шаҳри Исфара Хуршедҷон Раҳматов соҳиби ҷойҳои дуюм гардиданд. Инчунин дар ин номинатсия хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳоҷарой Содиқова, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Анисахон Ахмедова ва хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Данғара Абубакри Далер соҳиби ҷойҳои сеюм гаштанд. Дар озмун аз рўи номинатсияи «Математика» (арифметика, алгебра, геометрия) дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандаи синфи 10-и Литсей интернати президентӣ Душанбе Меҳрубон Юсупов сазовори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 10-и Литсейи тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор Фарҳод Соҳибназаров ва хонандаи синфи 9-и Гимназияи №1 –и ноҳияи Ҷаббор Расулов Асилбек Зокиров сазовори ҷойҳои дуюм шуданд. Хонандаи синфи 10-и Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Изатулло Исматов, хонандаи синфи 10-и Литсейи тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Ҳисор Муҳаммадиқбол Маҳмадов ва хонандаи синфи 11-и Литсейи тоҷикӣ-русии “Ҳотам ва ПВ” дар шаҳри Душанбе Абубакр Назарзода ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд. Дар номинатсияи «Математика» дар байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, донишҷӯи курси 2-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шоҳрух Ҳусейнов ба гирифтани ҷойи якум муяссар гардид. Донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Аҳлиддин Лоиқов ва донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Рустамҷон Абдуллозода соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд. Донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҳатамбек Иномҷонзода, донишҷӯи курси 3-и филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.Ломоносов Фараҳноз Нормуродзода ва донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фурузон Расулова сазвори ҷойҳои сеюм гардиданд. Дар озмун аз рўи номинатсияи «Биология» (ботаника, зоология, анатомия) дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоӣ, хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и Душанбе Фаришта Раҳматуллоҳзода сазовори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Ҷайҳун Мастона Ғанизода ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Спитамен Ёдгорҷон Алиқулов сазовори ҷойҳои дуюм гардиданд. Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Рӯдакӣ Азиза Раҷабова, хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Хуҷанд Раиса Иброҳимзода ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №90-и шаҳри Душанбе Рустам Зайниддинзода сазовори ҷойҳои сеюм шуданд. Дар номинатсияи «Биология» (ботаника, зоология, анатомия) байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандаи синфи 11-и Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор Зайнаб Ҳасанзода ғолиби ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе Умарҷон Қурбонзода ва хонандаи синфи 11-и Гимназияи №74 дар шаҳри Душанбе Аҳмад Раҳимзода сазовори ҷойҳои дуюм шуданд. Хонандаи синфи 11-и мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара Шоира Бобоҷонзода, хонандаи синфи 10-и Гимназияи №2-и ноҳияи Бобоҷой Ғафуров Фахриддин Фозилов ва хонандаи синфи 11-и Литсей барои хонандагони болаёқати равияи иқтисодӣ дар шаҳри Душанбе Аҳмадҷон Султонов сазвори ҷойи сеюм шуданд. Ғолиби ҷойи якуми озмун аз рўи номинатсияи «Биология» (ботаника, зоология, анатомия) дар байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, донишҷӯи курси 5-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Шерафкан Ҳомидов гардид. Донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Беҳрўз Раҳимов ва донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алишер Абдураҳимов ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд. Донишҷӯи курси 5-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Фозилҷон Раҷабов, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Нозия Кенҷаева ва донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қаюмов сазвори ҷойҳои сеюм шуданд. Дар номинатсияи «технологияи иттилоотӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Имрон Сафарзода сазвори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муҳаммадсаид Абдурасулов ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30-и шаҳри Истаравшан Абдулло Абдуллоев ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16- ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далерхон Бурҳонов, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и Душанбе Абдулҳамид Ҳамитов ва хонандаи синфи 7-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20-и шаҳри Хуҷанд Наимҷон Исмоилов ба гирфтани ҷойҳои сеюм мушарраф гардиданд. Аз рўи номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандаи синфи 11-и Муассисаи таълимии хусусии литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В.» дар шаҳри Душанбе Анри Эсоев сазвори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 11-и Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В.» дар шаҳри Душанбе Шаҳрон Азизмуродзода ва хонандаи синфи 11-и Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Беҳруз Акрамзода ҷойҳои дуюм гирифтанд. Хонандаи синфи 11-и мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ Лоиқ Шомуродов, хонандаи синфи 9-и Литсейи физикӣ-математикии шаҳри Хуҷанд Фазлиддин Ачилова, хонандаи синфи 11-и филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В.» дар шаҳри Ҳисор Аъзам Раҳимов ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд. Ғолиби ҷойи якум аз рўи номинатсияи «Технологияи иттилоотӣ» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ донишҷӯи курси 2-и филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии МИСиС, шаҳри Душанбе Тавҳид Ибодуллоев гардид. Донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Нозанин Ҳакимова ва донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Душанбе Муҳаммад Ҳакимҷонов ҷойи дуюмро ба даст оварданд. Донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Дилёб Сафаров, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Шоҳмансур Каримов ва донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шуҳрат Абдуқодиров соҳиби ҷойи сеюм шуданд. Дар Озмун аз рўи номинатсияи «география» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, хонандаи синфи 6-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Восеъ Сумая Абдуллоева сазвори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36-и ноҳияи Ашт Меҳровар Фидоев ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №130 Дилшод Абдуназаров ҷойи дуюм гирифтанд. Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 Ганҷина Ҳамдамзода, хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и шаҳри Душанбе Абдулло Қадамов ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и шаҳри Хуҷанд Ҷумъабой Ҷумъаев сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд. Ғолиби озмун аз рўи номинатсияи «География» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ) , хонандаи синфи 10-и Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Саидшои Сафархон соҳиби ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 11-и Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ Навбаҳор Худоназаров ва хонандаи синфи 11-и Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқати шаҳриДушанбе Макнуна Давлатова соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд. Хонандаи синфи 8-и Мактаби байналмиллалии «Контакт»-и шаҳри Исфара Боботолиб Кӯчаков, хонандаи синфи 11-и Листей интернати президентӣ дар шаҳри Душанбе Абубакр Хушвахтзода хонандаи синфи 11-и Гимназияи №1-и шаҳри Душанбе Нуримуҳаммад Исоев сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд. Дар озмун аз рўи номинатсияи «География» дар байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хуршед Алимзода сазовори ҷойи якум гардид. Донишҷӯи курси 2-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳруии Тоҷикистон Кайҳона Лутфуллозода ва донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Зулфира Саидмуродова сазовори ҷойҳои дуюм шуданд. Донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Аҳлиддин Давлатов, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Эмомова Муҳарама сазвори ҷойҳои сеюм гардиданд. Ғолиби ҷойи якум аз рўи номинатсияи «Химия» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и шаҳри Душанбе Абдулло Ҳақназаров гардид. Хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и шаҳри Душанбе Умар Мирзоев ва хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16-и ноҳияи Деваштич Зилола Раҳмонова сазовори ҷойҳои дуюм шуданд. Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳри Левакант Авазҷон Сулаймонов, хонандаи синфи10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Рӯдакӣ Комрон Пиров ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №84-и шаҳри Душанбе Ёсуман Мирзоева соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд. Дар озмун аз рўи номинатсияи «Химия» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандаи синфи 10-и Литсейи иноватсионии назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Сабринаи Абдурасул соҳиби ҷойи якум шуд. Хонандаи синфи 10-и Литсейи физикӣ- математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Нурмуҳаммад Оқилӣ ва хонандаи синфи 11-и Литсейи №5 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Шукрона Аслонова ғолиби ҷойи дуюм гардиданд. Хонандаи синфи 9-и Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Бузургмеҳр Раҷабзода, хонандаи синфи 11-и Гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Фарзона Саидзода ва хонандаи синфи 11-и Гимназияи №74-и шаҳри Душанбе Чориева Бахтия сазвори ҷойҳои сеюм шуданд. Ғолиби озмун аз рўи номинатсияи «Химия» дар байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Анушервон Боронов гардид. Дар ин номинатсия донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Басонат Шаропова ва донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Муҳсин Муҳаммадиев сазовори ҷойи дуюм шуданд. Донишҷӯи курси 6-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Ғолибҷон Ғаниев, магистри курси 1-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Донабегим Ҷаваршоева ва донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Гулҷаҳон Қурбонзода ҷойи сеюмро ба даст оварданд. Дар озмун аз рўи номинатсияи «Физика ва астрономия» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Душанбе Муҳаммадҷон Аминов сазвори ҷойи якум гардид. Хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Душанбе Дилноза Муқимова ва хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 –и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мақсудҷон Низомадинов ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд. Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44-и шаҳри Панҷакент Бикаромат Тӯраева, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и шаҳри Душанбе Изатулло Раҳимов ва хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Шаҳринав Сардорбек Сатторов сазвори ҷойҳои сеюм шуданд. Ғолиби ҷойи якум дар озмун аз рўи номинатсияи «Физика ва астрономия» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандаи синфи 11-и Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В.» дар шаҳри Душанбе Муҳаммадёсин Маъмуров гардид. Хонандаи синфи 8-и филиали Литсей-интернати тоҷикӣ русии «Ҳотам ва П.В.» дар шаҳри Ҳисор Рамзиддин Одинаев ва хонандаи синфи 10-и филиали Литсей-интернати тоҷикӣ русии «Ҳотам ва П.В.» дар шаҳри Ҳисор Маюсупов Хусрав соҳиби ҷойҳои дуюм шуданд. Хонандаи синфи 10-и филиали Литсей-интернати тоҷикӣ-русии «Ҳотам ва П.В.» дар шаҳри Ваҳдат Абубакр Раҳимов, хонандаи синфи 10-и Литсей барои хонандагони болаёқати ноҳияи Ҷаббор Расулов Далерҷон Турдибоев ва хонандаи синфи 9-и литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ, шаҳри Хуҷанд Низомиддин Нурматов сазвори ҷойҳои сеюм шуданд. Дар озмун аз рўи номинатсияи «Физика ва астрономия» дар байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, магистри курси 2-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Макнуна Муродова соҳиби ҷойи якум гардид. Магистри курси 1-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шавкат Баҳриддинов ва донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эраҷ Азизов ҷойҳои дуюмро ба даст оварданд. Донишҷӯи курси 4-и филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносов Насрулло Шомуродзода, донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Сорбон Исмоилов ва донишҷӯи курси 5-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Сафаров Рамазон соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд. Ғолиби ҷойи якуми озмун аз рўи номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Русия ва Тоҷикистон ба номи А.П.Чехов дар шаҳри Хуҷанд Зикрулло Мадализода гардид. Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96-и шаҳри Душанбе ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Баҳром Пӯлотов ғолиби ҷойи дуюм шуданд. Хонандаи синфи 6-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Русия ва Тоҷикистон ба номи А.П.Чехов дар шаҳри Хуҷанд Ҷасурхон Дадохонов, хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №116-и шаҳри Душанбе Наҷибулло Шарипов ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Раҳимҷон Давлатов соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд. Ғолиби ҷойи якуми озмун аз рўи номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандаи синфи 10-и литсейи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Афрузиддин Низамитдинов дониста шуд. Хонандаи синфи 10-и Литсей-интернати президентӣ дар шаҳри Душанбе Самир Ҳоҷибобоев ва хонандаи синфи 10-и Литсейи физикӣ-математикии №1 дар шаҳри Хуҷанд Мижгона Рустамӣ ба гирифтани ҷойҳои дуюм шарафёб шуданд. Хонандаи синфи 10-и мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара Ашурмади Самандар, хонандаи синфи 11-и Гимназияи тоҷикӣ-русии ба номи А.С.Пушкин дар ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадрофеъ Ёрзода ва хонандаи синфи 10-и Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе Ҳасан Ализода сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд. Дар озмун аз рўи номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Абдулазиз Авезов ғолиби ҷойи якум гардид. Донишҷӯи курси 3-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ Самандаров Самандар ва донишҷӯи курси 4-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Билол Бобозода ғолиби ҷойҳои дуюм шуданд. Донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Комрон Шероз, донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ Ҳасан Абдуллозода ва донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ Маъруфҷон Раҳимов соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд. Дар озмун аз рўи номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун, мутахассиси пешбари Маркази технологии информатсионӣ ва коммуникатсия дар шаҳри Хуҷанд Юсуфҷон Домуллоҷонов ғолиби ҷойи якум гардид. Омӯзгори калони кафедраи фанҳои тахассусии Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд Акмал Анварзода ва ординатори клиникии кафедраи урологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Нусратулло Сафаров ғолиби ҷойи дуюм гаштанд. Муҳандис-барномасози Маркази технологияҳои рақамӣ ва коммуникатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ Нуралӣ Шарифов, муаллими калони кафедраи системаҳои автоматикунонидашудаи идоракунии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Абдулазиз Каримзода ва мудири шуъбаи барномасозии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ Баҳром Ашурзода соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд. Ғолиби ҷойи якуми озмун аз рўи номинатсияи «Итироъкорӣ ва навоварӣ» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоии касбӣ, Гулиҷон Рузибоева хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гардид. Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №98-и шаҳри Душанбе Нозия Самиева ва хонандаи синфи 7-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Мурғоб Абдулҳамид Орозбеков ғолиби ҷойҳои дуюм шуданд. Хонандаи синфи 9-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҳайдар Назирмадов, хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №91-и шаҳри Душанбе Ардашер Паллаев ва хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Абӯбакр Каримов соҳиби ҷойҳои сеюм шуданд. Ғолиби ҷойи якуми озмун аз рўи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандаи синфи 11-и Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Юсупова Зулайхо гардид. Хонандаи синфи 10-и Литсейи №1 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мӯъминҷон Рӯзиев ва хонандаи синфи 11-и Литсейи иноватсионӣ дар шаҳри Душанбе Азам Орипов ғолиби ҷойи дуюм гардиданд. Хонандаи синфи 9-и Литсейи №4-и шаҳри Исфара Нурмуҳаммад Аминҷонов, хонандаи синфи 10-и Гимназияи №74- и шаҳри Душанбе Абдулло Абдуллоев ва хонандаи синфи 9-и Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғара Мадина Абдуллоева ғолиби ҷойҳои сеюм шуданд. Дар озмун аз рўи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» байни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, магистри курси 2-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Фариза Исоева ғолиби ҷойи якум гардид. Донишҷӯи курси 2-и Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Хисрав Аминзода ва донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Давлатҷон Бобоҷонов сазвори ҷойҳои дуюм шуданд. Донишҷӯи курси 5-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино Исмоилзода Ҷурҷонӣ, донишҷӯи курси 4-и Донишгоҳи давлатии Данғара Руҳафзо Раҳматова ва донишҷӯи курси 3-и Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Ангилина Хоҷамёрова ҷойҳои сеюмро ба даст оварданд. Дар озмун аз рўи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» байни ходимони илмӣ, аспирантону докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантони ҳабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун, мудири озмоишгоҳи ташхиси бемориҳои вируси парандаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Абдуқосим Тоҳирзода ғолиби ҷойи якум гардид. Омӯзгори калони кафедраи хизматрасонии техникӣ ва таъмини мошинҳои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Шаҳобиддин Раҳматзода ва сардори шуъбаи илм, омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Дилшод Аминов ғолиби ҷойи дуюм шуданд. Мудири кафедраи таъмини газу гармӣ ва ҳавотозакунии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ Саид Парвиз, директори Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургияи ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» Носир Наимов ва мудири кафедраи ҳимояи релеӣ ва автоматикаи Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон Диловар Гулов сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.
45
01.11.2025 -
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» 1 ноябри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, муовинони вазири маориф ва илм, дигар намояндагони расмӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, олимону устодони донишгоҳ, довталабону иштирокчиёни озмун ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд. Сараввал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, табрик намуда, таъкид кард, ки ин иқдоми арзандаи Пешвои муаззами миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод ва таҳқиқи илмҳои дақиқ табдил ёфтааст. Қайд гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад. Муовини Сарвазири кишвар иброз дошт, ки вазорат дар посух ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм тадбирҳои амалӣ меандешад ва озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҳамчун як ташаббуси созанда дар баланд бардоштани шавқи таҳқиқотӣ ва илмомӯзии ҷавонон нақши муҳим бозида, ҳамасола шумораи бештари иштирокчиёнро фаро мегирад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар даври сеюми озмун 4852 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз онҳо 667 нафар, аз ҷумла 227 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 хонандаи муассисаҳои типи нав, 183 донишҷӯ ва 41 намояндаи касбу кори гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Даври ҷумҳуриявии озмун аз 21 то 25 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар умум 156 нафар ғолиб дониста шуд, ки аз ин шумора 26 нафар соҳиби ҷойи якум, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон, мувофиқи натиҷаҳои озмун ба 139 нафар волидайни ғолибон нишони «Маърифатпарвар», ба 51 омӯзгор нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ба 36 нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд. Дар натиҷаи ҷамъбасти умумӣ, шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 86 ҷой (19 ҷойи якум, 25 ҷойи дуюм ва 42 ҷойи сеюм) ҷойи аввалро ишғол намуд. Вилояти Суғд бо 35 ҷой (3 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюм) дар ҷойи дуюм, вилояти Хатлон бо 20 ҷой (3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм) дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 11 ҷой (1 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм) дар ҷойи чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 4 ҷой (2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) дар ҷойи панҷум ҷойгир шуданд. Даври ниҳоии озмун нишон дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими иқтидори зеҳнӣ дар байни наврасону ҷавонон, ҳавасмандсозии омӯзгорон ва волидон, боло бурдани мақому нуфузи илму дониш дар ҷомеа ва дарёфти ҷавонони боистеъдод мусоидат мекунад. Озмун ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва густариши фарҳанги илмомӯзӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибони озмун дар номинатсияҳои гуногун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм супорида шуда, онҳо бо дипломҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд. Маросим бо барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иҷро гардид, анҷом ёфт. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
37
01.11.2025