06.05.2025

 img

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омӯзиш ва рушди бозии «Шоҳмот»  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми ҷумҳурӣ бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Шоҳмот» миёни хонандагон, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ дар соли 2025 баргузор гардид.

 

Таҳсилоти иловагӣ ҳамчун низоми таълиму тарбия асосан ҳангоми фориғ будан аз таҳсил ва дар асоси  барномаҳои таълимии иловагӣ дар заминаи муассисаҳои  таълимӣ роҳандозӣ гардида, барои интихоби бошууронаи касб замина фароҳам меоварад, ки дар таваҷҷӯҳи аввалиндараҷаи Вазорати маориф ва илм  қарор дорад. 

 

Бо мақсади сайқал додани дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва рушди қобилияти фикронӣ онҳо дар 84 муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ 106 маҳфилҳои «Шоҳмот ва шашка»  бо фарогирии 2425 таълимгиранда ташкил карда шудааст.

 

Бозии шоҳмот аз рӯзи пайдоиш то ба имрӯз дар байни мардуми сайёра ҳамчун бозии ақлу заковат, мантиқу фалсафа ва оромкунандаи асаби инсон маҳбубият пайдо кардааст.

 

Мусобиқаи ҷумҳуриявии «Шоҳмот» миёни  хонандагон, омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ  бо мақсади рушду омавигардонии бозии «Шоҳмот» инчунин баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва маҳорати зеҳнӣ хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорону дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар чор давр аз моҳи феврал оғоз гардида, имрӯз ғолибони даври сеюм  аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри  Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ дар даври ҷамъбастии мусобиқа иштирок додаранд.

 

Мусобиқа бо хулосаву натиҷагирии ҳайати доварон ҷамъбаст гардида, 18 нафар ғолибон аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо диплому тӯҳфаҳои хотирави сарфароз гардонида шуданд

  • БАРГУЗОРИ ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ШОҲМОТ" МИЁНИ ХОНАНДАГОН, ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ  img
  • БАРГУЗОРИ ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ШОҲМОТ" МИЁНИ ХОНАНДАГОН, ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ  img
  • БАРГУЗОРИ ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ШОҲМОТ" МИЁНИ ХОНАНДАГОН, ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ  img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ БИНОИ НАВИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ РАШТ 6 майи соли 2025 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Рашт боздид намуд.   Зимни боздид ба муовини вазир иттилоъ дода шуд, ки сохтмони бинои мазкур бо дастгирии Вазорати маориф ва илм соли гузашта оғоз гардида, он аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои утоқҳои кории мудир, муовинон, муҳосибот, 14 утоқи кории дигар, толори маҷлисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасону техникӣ мебошад. Бинои нав ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2026) ба истифода дода хоҳад шуд.   Муовини вазири маориф ва илмзимни шиносоӣ бо ҷараёни сохтмон изҳор дошт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол ба сол афзоиш ёфта, заминаи мусоид барои рушди инфрасохтори соҳа фароҳам меояд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    39

    06.05.2025
  •  img
    ИДОМАИ БОЗДИД АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ОСЕБДИДА ДАР НОҲИЯИ РАШТ 6 майи соли 2025 муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода дар ҳамроҳӣ бо ҳамоҳангсози барномаи Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) Иброҳим Этҳем аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№67 ва 37-и ноҳияи Рашт боздид намуданд.   Зимни боздид ҳайат нахуст аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67, воқеъ дар деҳаи Навдонаки ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт дидан намуда, бо вазъи ҷорӣ ва шароити таҳсил дар он шинос гардиданд. Ҳамоҳангсози барномаи Агентии туркӣ оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) изҳори омодагӣ намуд, ки дар асоси лоиҳаи пешниҳодшуда сохтмони синфхонаҳои иловагии муосирро бо тамоми шароити зарурии таълимӣ дар муассисаи мазкур роҳандозӣ намояд.   Муовини вазир зимни суҳбат таъкид дошт, ки Вазорати маориф ва илм аз ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд, аз ҷумла бо ТИКА изҳори қаноатмандӣ мекунад ва барои тавсеаи чунин ҳамкориҳо дар самти дастгирии инфрасохтори таълимӣ дар минтақаҳои дурдаст омода мебошад.   Қайд гардид, ки сохтмони синфхонаҳои иловагӣ бо шароити муосири таълимӣ, аз ҷумла системаи гармидиҳии мутобиқ ба иқлим, синфхонаҳо ва лабораторияҳои фаннии муҷаҳҳаз сохта шуда, он метавонад дар беҳтар гардидани сифати таҳсилот ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф мусоидат менамояд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    50

    06.05.2025
  •  img
    БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО 6 майи соли 2025 таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ вобаста ба рафти иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021–2025 баргузор шуд.   Дар оғози ҷаласа вазири маориф ва илм аз таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва таъмини иҷрои сифатноки стратегияву барномаҳои давлатии марбута ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат солҳои охир соҳаи маориф ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, бо мақсади дарёфт ва дастгирии насли наврасу болаёқат, муҳайё намудани шароити мусоиди таълимӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва татбиқи ислоҳоти муҳимми соҳа, пайваста тадбирҳои фарогир андешида мешаванд. Стратегияву барномаҳои давлатӣ на танҳо омили муҳимми пешрафти низоми таҳсилот, балки сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони кишвар ба шумор мераванд.   Сипас, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода дар бораи натиҷаҳои бадастомада дар ҷараёни иҷрои барномаи мазкур ҳисобот дод. Тибқи гуфтаи ӯ, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо мақсади таъмини иҷрои босифат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.   Мавсуф изҳор дошт, ки ҳамасола раванди иҷрои барнома ва Нақшаи чорабиниҳои амалигардонии он, ки аз 88 банд иборат аст, мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор мегирад. Ин раванд бо мақсади таҳкими назорат, баланд бардоштани самаранокии фаъолият ва кумаку машварати амалӣ ба сохторҳои иҷрокунанда амалӣ мегардад.   Дар ҷаласа масъалаҳои мубрами марбут ба мушкилоти ҷорӣ, роҳҳои беҳтар кардани иҷрои барнома, тақвияти ҳамкории сохторҳои марбута ва пешниҳодҳои иловагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    47

    06.05.2025