19.05.2026

 img

19 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо иштироки ҳайати комиссияи ҷумҳуриявии даври сеюми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026–2027 ҷаласа баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону масъулини сохторҳои дахлдори вазорат ва аъзои комиссияи ҷумҳуриявӣ иштирок намуданд.

 

Зимни ҷаласа вазири маориф ва илм таъкид кард, ки квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонони лаёқатманд, махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистони кишвар мебошад. Қайд гардид, ки ин ташаббуси наҷиб дар роҳи дастгирии ҷавонони болаёқат ва омода намудани кадрҳои соҳибтахассус барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ нақши муассир дорад.

 

Таъкид шуд, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат соли равон шумораи квотаҳои президентӣ зиёд гардида, теъдоди онҳо ба 1670 ҷой расонида шуд. Аз ин шумора, қисми зиёди квотаҳо ба самтҳои омӯзгорӣ, илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ равона гардидааст, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба рушди соҳаи маориф, таҳкими иқтидори илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир шаҳодат медиҳад.

 

Вазири маориф ва илм зимни суханронӣ ба ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва одилона баргузор намудани озмун дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки танҳо довталабони арзанда, донишманд ва соҳибмаърифат бояд соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки риояи шаффофият ва адолат дар ҳамаи марҳилаҳои озмун вазифаи аввалиндараҷаи комиссия ба шумор меравад.

 

Иброз гардид, ки сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар самти дастгирии ҷавонон, бахусус хонандагони деҳаҳои дурдаст, имрӯз барои ҳазорон нафар имкони идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро фароҳам оварда, дар таҳкими неруи зеҳнии мамлакат ва рушди устувори ҷомеа заминаи мусоид мегузорад.

 

Зикр гардид, ки тибқи пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 61 шаҳру ноҳияи кишвар барои иштирок дар даври сеюми озмун зиёда аз 6 ҳазор довталаб, ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ пешниҳод шудаанд. Озмуни мазкур барои дарёфти 1670 ҷойи квотаи Президентӣ ба 18 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БО ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН ТИБҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БО ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН ТИБҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА БО ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҚАБУЛИ ДОВТАЛАБОН ТИБҚИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе Бегоҳии 9 октябр пас аз бозгашт аз Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд.   Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи терминали нави байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд.   Иқтидори терминали муосир баробар ба хизматрасонии 8,5 миллион мусофир дар як сол мебошад.   Муҳлати сохтмони бино якуним сол муайян гардида, он бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва ҷалби садҳо мутахассиси ботаҷриба бунёд мегардад.   Ҳадаф аз бунёди иншооти нав таъмини сатҳи баланди қабул ва гусели мусофирон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва анъанаҳои накуи меҳмоннавозии тоҷикона мебошад.   Аснои шиносоӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти фурудгоҳ ва дигар шахсони масъул супориш доданд, ки корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, терминали нав дар муҳлати муайяншуда бунёду ба истифода дода шавад.

    31

    09.10.2026
  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ дар Туркманистон 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.   Сарвари давлати мо дар оғози сухан ба ҷониби Туркманистон барои сатҳи баланди ташкили ин нишаст ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, дӯстони туркманро бо анҷоми бомуваффақияти раёсат дар ИДМ табрик гуфтанд ва ба  талошҳои онҳо дар ин мақом баҳои баланд доданд.   Сипас, Раҳбари давлати мо ҷаласаи кунунии Шурои сарони давлатҳоро, ки дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ баргузор мегардад, басо рамзӣ номида, таъкид доштанд, ки роҳи тайшуда дар ин солҳо аҳаммияти Иттиҳодро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва вокуниши муштарак ба хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таъкид намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заминаи боэътимоди ҳуқуқие, ки барои густариши рӯзномаи ҳамкории бисёрҷониба гузошта шудааст, ёдрас шуда, бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки ИДМ ба шароити тағйирёбанда мутобиқ мешавад ва ҳамкорӣ дар доираи он бо назардошти воқеиятҳои нав таҳким меёбад.   Дар ин робита, аҳамияти рушди ҳамкории технологӣ, навовариҳо, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди “сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи неруи барқароршаванда таъкид гардид.   Рушди пайвастаи робитаҳои нақлиётӣ, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва ҳамчунин, тақвияти ҳамёрии амниятӣ муҳим дониста шуд.   Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2027-2036 Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, изҳор доштанд, ки мо якҷоя бо СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ нақша дорем моҳи июни соли 2027 дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро барои оғози расмии Даҳсола баргузор намоем. Дар ин робита Пешвои миллат таъкид доштанд, ки иштироки фаъоли кишварҳои ИДМ дар ин чорабинӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, бешубҳа, боз як нишонаи ҳамбастагии муштараки кишварҳои иштирокдори Иттиҳод хоҳад буд.   Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо бо пуштибонӣ аз қарорҳои дар ин ҷаласа қабулшаванда, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон пайваста аз идомаи ҳамкории созандаи бисёрҷониба дар доираи ИДМ пуштибонӣ мекунад.

    40

    09.10.2026
  •  img
    Суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар минтақаи Авазаи Туркманистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, аз ҳузури Президенти кишвари дӯсту бародар дар нишасти мазкур ҳамчун меҳмони фахрӣ истиқбол намуданд.   Зимни суҳбат як зумра масоили вобаста ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва роҳҳои минбаъдаи таҳким ва густариши онҳо баррасӣ шуд.

    33

    09.10.2026