14.05.2026

 img

Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рафти иҷрои Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, марҳилаи аввал солҳои 2026-2030 ҷаласа баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

 

Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазир таъкид намуд, ки масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

 

Қайд карда шуд, ки Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

 

Дар ин замина гуфта шуд, ки Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 бо мақсади таҳкими амнияти кишвар, пешгирии таҳдидҳои муосир ва роҳандозии тадбирҳои муассири муқовимат ба идеологияҳои ифротгароӣ таҳия гардидааст.

 

Муовини якуми вазир зимни суханронии худ иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ масъалаи таъмини амнияти маънавию иттилоотии ҷавонон аҳаммияти бештар касб намудааст. Муассисаҳои таълимӣ дар самти тарбияи насли худогоҳу ватандӯст, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии гаравиши онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ нақши муҳим доранд.

 

Ҳамзамон, прокурори калони Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералӣ, мушовири адлияи дараҷаи 2 - М. Нурзода доир ба ҳадафҳои асосии стратегия, роҳҳои пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ маъруза намуд.

 

Зикр гардид, ки стратегияи мазкур ба такмили сиёсати давлатӣ, муайян намудани вазифаҳои афзалиятноки мақомоти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот, инчунин, таҳкими ҳамкориҳои онҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ равона шудааст.

 

Дар ҷараёни ҷаласа таъкид карда шуд, ки ҳадафҳои асосии стратегия пешгирии барвақтии экстремизм дар мактаб, ҷомеа ва оила, коҳиш додани омилҳои мусоидаткунанда ба ифротгароӣ, тақвияти корҳои пешгирикунанда бо гурӯҳҳои осебпазир, бахусус, ҷавонон, таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа, инчунин офиятбахшӣ ва барқарорсозии бозгаштагон мебошад.

 

Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба татбиқи самараноки стратегия, баланд бардоштани масъулияти сохторҳои соҳавӣ ва густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ироа карданд.

 

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи танҳо як ниҳод набуда, он масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад ва дар ин самт баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ аҳаммияти калидӣ дорад.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ img
  • БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОҒОЗИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ" Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» оғоз гардид, ки дар расми ифтитоҳи он сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Б.М., намояндаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дигар шахсони масъул, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни озмун ва омӯзгорони онҳо ширкат намуданд.   Ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» аз иқдомоти навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ арзёбӣ гардида, он дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2026,№219 эълон карда шудааст.   Озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” аз рӯйи номинатсияҳои “Барномасозӣ”, “Меъморӣ”, “Моделсозӣ”, “Радиоэлектроника”, “Робототехника”, “Сайёҳӣ – кишваршиносӣ” ва “Табиашиносӣ” доир гардида, дар назар аст ҷамъбасти он дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо баргузор намудани маросими ҳавасмандгардонии ғолибони он, баргузор карда шавад.   Озмуни мазкур таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардида, ғолибони он аз рӯйи ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ бо мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 15 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 10 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 5 000 сомонӣ сарфароз карда мешаванд.   Инчунин, ба омӯзгорони хонандагоне, ки дар озмун ғолибиятро ба даст меоранд, мукофотпулӣ: барои ҷойҳои якум 10 000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм 5 000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 3 000 сомонӣ барои ҳар як номинатсия дар алоҳидагӣ, муқаррар гардидааст.   Бояд тазаккур дод, ки тибқи дархости комиссияи шаҳрии озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ҷиҳати мақсаднок, озод ва шаффоф баргузор намудани он, аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мутахассисони соҳибтаҷриба, ходимони намоёни соҳаҳои илми ватанӣ ба ҳайати ҳакамони озмун шомил гардидаанд.   Озмуни «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ду рӯз идома ёфта, он дар маҷмуъ аз санҷиши донишҳои назариявӣ аз рӯйи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва муаррифии лоиҳаҳои эҷодӣ иборат хоҳад буд.

    14

    14.05.2026
  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Саъдуллозода, ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода, мувоинони ректор, намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни ҷаласаи тақсимот масъулин оид ба муҳимияти иҷрои вазифаҳои касбӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, ба хатмкунандагон шарҳу тавзеҳ дода шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ, вазифаи ҳар як мутахассиси ҷавон аст, ки роҳхатҳои додашударо сари вақт амалӣ намуда, ба муассисаҳои таълимие, ки ба онҳо тақсим шудаанд, ҳозир шаванд.   Ҳамчунин таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон робитаи мустақим дорад. Иброз шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд.   Дар ин баробар вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорон ва нақши онҳо дар тарбияи насли наврас ибрози назар шуда, саҳми омӯзгорон дар ташаккули ҷомеаи босаводу маърифатнок муҳим дониста шуд.   Дар анҷом, барои равшан намудани баъзе масъалаҳои марбут ба раванди тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон, миёни мутахассисони ҷавон ва намояндагони Вазорати маориф ва илм саволу ҷавоб сурат гирифт.   Таъкид шуд, ки тақсимоти мутахассисони ҷавон қадами муҳим дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ба шумор рафта, барои таҳкими низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.

    24

    14.05.2026
  •  img
    ҲАМКОРИҲОИ МУШТАРАК ДАР САМТИ ҶОРӢ НАМУДАНИ КУРСҲОИ БОЗОМӮЗӢ 14 майи соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мулоқоти ректори донишкада Наврӯз Мирзозода бо директори Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой Веретенникова Лидия баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ Н. Ми­рзозода иброз намуд, ки Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои такмили ихтисоси Федератс­ияи Россия ба тасвиб расонидааст, аз ҷум­ла бо Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой.   Дар ин замина зарурати фаъолияти муштарак барои солҳои 2026-2027 дар самт­ҳои зерин: таҳияи барномаҳои муштараки бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, таҳия ва татбиқи барномаҳ­ои таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорони Тоҷикис­тон, аз омӯзишҳо гуз­аронидани равоншинос­они муассисаҳои таъл­имӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар низоми такмили ихтисоси омӯз­горон ва идоракунии сифати таҳсилот дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар фарҷом, роҳбарони ду муассиса ба мув­офиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик тат­биқи лоиҳаҳои мазкур­ро оғоз намоянд. Ҳамзамон, аз ҷониби меҳмонон барномаҳои таълимии бозомӯзии омӯзгорони фанни математика ва педагогика ва психология бо назардошти талаботи донишкада таҳия гардидаанд, барои мутобиқсозӣ пешниҳод гардид.

    20

    14.05.2026