30.12.2025
30 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, сардорони раёсат ва шуъбаҳои маориф, инчунин дигар шахсони масъули соҳаи маориф ва илм иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос кард. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат заминаи устувори рушди низоми таҳсилот дар кишвар маҳсуб меёбад. Иброз гардид, ки татбиқи пайгиронаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ба баланд бардоштани сифати таҳсил, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва рушди устувори соҳа мусоидат менамояд.
Сипас, гузориши Н. Убайдуллозода сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм, оид ба ҷамъбасти ҳисоботи омории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти олии касбӣ шунида шуд. Гуфта шуд, ки ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти оморӣ бо истифода аз низомҳои муосири иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, барои таҳияи қарорҳои асоснок ва банақшагирии самараноки фаъолияти соҳа заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки такмили низоми оморӣ ва таъмини саҳеҳии маълумот яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии идоракунии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Дар идома ҳисоботи Н. Ҷумъамурод сардори Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илм, дар бораи корҳои иҷрошуда ва натиҷаҳои фаъолияти сохторҳои марбута мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки тадбирҳои андешидашуда ба ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои низоми маориф, тақвияти таҳлилҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии соҳа мусоидат менамояд.
Ҳамсунин ҳисоботҳои У. Ҳасанзода директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, вобаста ба тартиби механизми пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шунида шуд.
Дар қисмати иловагии ҷаласа гузоришҳои А. Холиқзода мудири шуъбаи сифати таҳсилот, оид ба тасдиқи «Барнома оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомнома оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нишондиҳандаҳо (индикаторҳо) оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин «Барнома оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомнома оид ба арзёбии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, зикр гардид, ки татбиқи ин санадҳо заминаи устувор барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ кардани фаъолияти муассисаҳо ба стандартҳои муосири байналмилалӣ мебошад.
Дар фарҷом, вазир бо дарназардошти масъалаҳои баррасишуда ва бо мақсади таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати вазифаҳои дар назди соҳа гузошташуда, ба масъулини сохторҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, зарурати таҳкими назорат, тақвияти масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти сохторҳои низоми маориф ва илмро таъкид намуда, аз масъулин талаб кард, ки ҷиҳати татбиқи самараноки қарорҳои қабулгардида ва иҷрои қатъии супоришҳои додашуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон