28.05.2026
26 майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илму маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар шароити муосир рушди устувори соҳа, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти раванди тарбияи насли соҳибмаърифат ва омодасозии мутахассисони баландихтисос аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа нахуст директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» М.Ғафорзода гузориш дода, натиҷаҳои иштироки хонандагонро дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ таҳлил намуд. Сипас, сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки вазорат Ҷ. Бобоҷон аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар вилояти Суғд маълумот пешниҳод кард.
Дар ҷараёни муҳокимаҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳаракати олимпӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагони болаёқат, беҳтарсозии шароити фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдор баррасӣ гардиданд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа вазири маориф ва илм ҷиҳати такмили минбаъдаи фаъолияти соҳа ва баланд бардоштани самаранокии кор ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки барои таҳкими ҳаракати олимпӣ, густариши иштироки хонандагони болаёқат дар олимпиадаҳои фаннӣ, такмили низоми ҳавасмандгардонии ғолибон ва омӯзгорони фаъол, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорону методистони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳияи таҳлилҳои муфассали оморӣ бо усули рейтингӣ вобаста ба натиҷаҳои олимпиадаҳо, инчунин пурзӯр намудани назорат аз болои иҷрои қонунгузорӣ дар самти таълиму тарбияи кӯдак тадбирҳои муассир андешида шаванд.