21.01.2026
Имрӯз, 21 январи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода доир шуда, дар кори он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Дар оғози суханронии худ вазир аз таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва илм ёдовар шуда, суханони Пешвои миллатро дар бораи нақши ҳалкунандаи маориф дар ташаккули шахсияти комил, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа ва тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯст ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ равона гардида, такмили сифати таълиму тарбия, истифодаи самараноки усулҳои муосири таълим ва таҳкими масъулияти омӯзгорон аз вазифаҳои аввалиндараҷаи кормандони соҳа ба шумор мераванд.
Сипас, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Ҳ. Саидзода дар бораи вазъи иҷрои Дастурамал оид ба таҳияи сарбории ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур У. Маҳмадёрзода оид ба фаъолияти муассисаи таълимӣ дар нимослаи соли таҳсили 2025-2026 гузориш пешниҳод намуданд.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз қабили баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, такмил ва навсозии муҳтавои барномаҳои таълимӣ ва ба замони муосир мутобиқ намудани он, иҷрои пурраи Дастурамал оид ба таҳияи сарбории ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тақвияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаҳои мазкур таъкид намуд, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори низоми маориф, боло бурдани сатҳу сифати таълим, татбиқи самараноки барномаҳои таълимӣ, тақвияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҷалби мутахассисони соҳибтахассус, истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд, ҳар як сохтору зерсохтори марбута бояд бо масъулияти баланд, муносибати илмӣ ва равиши муосири идоракунӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, барои амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини ниёзҳои ҷомеаи муосир дар самти таълиму тарбия саҳми муассир гузорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон