16.04.2026

 img

16 апрели соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар доираи арзёбии байналмилалии PIRLS-2026 чорабинии муҳимми санҷиши сатҳи саводнокии хонандагон баргузор гардид.

 

Чорабинӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсили босифат», ки дар назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани сифати таҳсил ва мутобиқ намудани низоми маориф ба стандартҳои байналмилалӣ равона шудааст.

 

Дар рафти арзёбӣ 91 нафар хонандаи синфҳои 4 иштирок намуда, сатҳи фаҳмиши матн, қобилияти таҳлил, хулосабарорӣ ва малакаҳои хондану дарки мазмунро нишон доданд.

 

Дар арзёбии мазкур дар маҷмӯъ 144 нафар хонандагони синфҳои 4-и муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок доранд. Аз ин шумора 91 нафар хонанда ба МТМУ №8, 29 нафар ба МТМУ №26 ва 24 нафар ба МТМУ №70 рост меоянд.

 

Қобили зикр аст, ки арзёбии PIRLS яке аз барномаҳои муҳими байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, ҳар панҷ сол як маротиба баргузор гардида, имконият фароҳам меорад, ки кишварҳо сатҳи саводнокии хонандагони худро дар муқоиса бо меъёрҳои ҷаҳонӣ муайян намоянд.

 

Зимни баргузории чорабинӣ мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ -Маҷидзода Ҷамшед аз ҷараёни раванди арзёбӣ дидан намуда, ба сатҳи ташкил ва иштироки хонандагон баҳои мусбӣ доданд. Мавсуф таъкид намуд, ки чунин арзёбиҳо дар рушди малакаҳои хонандагон, такмили усулҳои таълим ва баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон нақши муҳим доранд.

 

Бояд қайд кард, ки иштироки муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар чунин барномаҳои байналмилалӣ ба таҳкими мавқеи низоми маорифи миллӣ мусоидат намуда, заминаи мусоидро барои татбиқи таҷрибаҳои пешқадами ҷаҳонӣ фароҳам меорад.

 

Дар маҷмуъ, баргузории арзёбии PIRLS–2026 боз як қадами устувор дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсил ва рушди зеҳнии хонандагон арзёбӣ мегардад.

  • БАРГУЗОРИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS–2026 ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ img
  • БАРГУЗОРИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS–2026 ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҲАМКОРИҲОИ МУШТАРАК ДАР САМТИ ҶОРӢ НАМУДАНИ КУРСҲОИ БОЗОМӮЗӢ 14 майи соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мулоқоти ректори донишкада Наврӯз Мирзозода бо директори Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой Веретенникова Лидия баргузор гардид.   Дар вохӯрӣ Н. Ми­рзозода иброз намуд, ки Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои такмили ихтисоси Федератс­ияи Россия ба тасвиб расонидааст, аз ҷум­ла бо Донишкадаи таҳсилоти иловагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой.   Дар ин замина зарурати фаъолияти муштарак барои солҳои 2026-2027 дар самт­ҳои зерин: таҳияи барномаҳои муштараки бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф, таҳия ва татбиқи барномаҳ­ои таҷрибаомӯзӣ барои омӯзгорони Тоҷикис­тон, аз омӯзишҳо гуз­аронидани равоншинос­они муассисаҳои таъл­имӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ дар низоми такмили ихтисоси омӯз­горон ва идоракунии сифати таҳсилот дар шароити муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Дар фарҷом, роҳбарони ду муассиса ба мув­офиқа расиданд, ки дар ояндаи наздик тат­биқи лоиҳаҳои мазкур­ро оғоз намоянд. Ҳамзамон, аз ҷониби меҳмонон барномаҳои таълимии бозомӯзии омӯзгорони фанни математика ва педагогика ва психология бо назардошти талаботи донишкада таҳия гардидаанд, барои мутобиқсозӣ пешниҳод гардид.

    7

    14.05.2026
  •  img
    ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ Имрӯз, 14 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷаласаи тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Саъдуллозода, ректори донишгоҳ Мунир Сафарзода, мувоинони ректор, намояндагони Вазорати маориф ва илм, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.   Зимни ҷаласаи тақсимот масъулин оид ба муҳимияти иҷрои вазифаҳои касбӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва сари вақт ба ҷойи кор ҳозир шудани мутахассисони ҷавон андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, ба хатмкунандагон шарҳу тавзеҳ дода шуд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои меъёрии соҳавӣ, вазифаи ҳар як мутахассиси ҷавон аст, ки роҳхатҳои додашударо сари вақт амалӣ намуда, ба муассисаҳои таълимие, ки ба онҳо тақсим шудаанд, ҳозир шаванд.   Ҳамчунин таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон робитаи мустақим дорад. Иброз шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин соҳаро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд.   Дар ин баробар вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбии омӯзгорон ва нақши онҳо дар тарбияи насли наврас ибрози назар шуда, саҳми омӯзгорон дар ташаккули ҷомеаи босаводу маърифатнок муҳим дониста шуд.   Дар анҷом, барои равшан намудани баъзе масъалаҳои марбут ба раванди тақсимот ва ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон, миёни мутахассисони ҷавон ва намояндагони Вазорати маориф ва илм саволу ҷавоб сурат гирифт.   Таъкид шуд, ки тақсимоти мутахассисони ҷавон қадами муҳим дар самти таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус ба шумор рафта, барои таҳкими низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.

    12

    14.05.2026
  •  img
    Мулоқот бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии шаҳри Чунчин Юан Ҷияҷюн 13 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатии худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз шаҳри Чунчин боздид намуда, бо Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд.   Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистон бо ин шаҳр, ки яке аз қутбҳои муҳимтарини   саноативу инноватсионии Чин ба шумор меравад, баррасӣ шуд.   Тавре зикр гардид, Чунчин бо 34 миллион аҳолӣ яке аз бузургтарин шаҳрҳо ва марказҳои логистикӣ дар роҳи пайванди Чин бо Осиёи Марказӣ аз аҳаммияти стратегӣ бархурдор буда, дар татбиқи ташаббуси глобалии «Як камарбанд, як роҳ» нақши калидӣ мебозад.   Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори роҳандозии ҳамкории босамар бо ин шаҳр дар соҳаҳои саноат, технологияҳои нав, энергетикаи “сабз”, илм, маориф, алоқа, бунёди “шаҳрҳои ҳушманд”, буда, сохторҳои давлатию хусусии ҳарду ҷонибро ба роҳандозии робитаҳои ҳамкории судманд ташвиқ менамояд.   Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин, ба омодасозии кадрҳои ҷавони бахшҳои инноватсия ва технологияҳои муосир аз тариқи табодули донишҷӯёну устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ҷудо намудани бурсияҳои иловагӣ барои ҷавонони тоҷик, зоҳир гардид.   Пас аз мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунистии Чин Юан Ҷияҷюн аз Намоишгоҳи нақшаи рушди шаҳрсозии Чонгчин боздид намуданд.   Ба ифтихори сафари давлатии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин шоу-намоиши рангини дронҳо баргузор гардид. 5 ҳазор дрон аксҳои манзараҳои зебо ва таърихии Тоҷикистону Чин, роҳи Абрешим, меросҳои ғайримоддии ду кишварро тасвир намуданд, ки бисёр хотирнишин буд. 

    31

    13.05.2026