29.05.2026

 img

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” баргузор гардид.

 

Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

 

Конференсияро муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, таъкид кард, ки таваҷҷуҳ, ҳифз ва сармоягузорӣ ба кӯдакон яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таҳкими сармояи инсонӣ мебошад.

 

Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ давлатҳое муваффақ мешаванд, ки ба рушди инсон, бахусус кӯдакон, афзалият медиҳанд. Дар ин замина сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушду камолоти кӯдакон равона гардидааст.

 

Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар суханронии худ иброз дошт, ки таваҷҷуҳ ва сармоягузорӣ ба кӯдакон сармоягузорӣ ба зеҳн, маърифат, саломатӣ, фарҳанг ва амнияти онҳо мебошад.

 

Дар идомаи суханронии худ вазири маориф ва илм ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таваҷҷуҳ намуда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд дар самти таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон заминаҳои ҳуқуқиро такмил дода, як қатор барномаҳои давлатӣ қабул намудааст.

 

Қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, таъмини муҳити бехатари таълимӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи кӯдакон аз таъсири манфии муҳити рақамӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд.

 

Дар шароити густариши технологияҳои рақамӣ масъалаи амнияти иттилоотии кӯдакон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир арзёбӣ гардида, зарурати ташаккули саводнокии рақамӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ ва рушди малакаҳои муосири хонандагон таъкид шуд.

 

Ҳамзамон, ба масъалаҳои вобаста ба дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, тақвияти инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии омӯзгорон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

 

Қайд гардид, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО, дар самти рушди таҳсилоти фарогир, рақамикунонии соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии кӯдакон натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодаанд.

 

Дар фароварди сухан вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки сармоягузорӣ ба кӯдакон сармоягузорӣ ба ояндаи миллат буда, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, бахусус дар самти таъмини таҳсилоти босифат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад.

 

Дар ҷараёни муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид карданд, ки ҳифзи манфиатҳои беҳтарини ҳар як кӯдак ҳамоно яке аз самтҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Конференсияи мазкур ҳамчун майдони муҳими мубодилаи афкор дар самти таҳкими сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва рушди соҳаи маориф арзёбӣ гардида, иштирокчиён омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН img
  • БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН img
  • БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ МУОСИРИ ТЕСТӢ ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Бо ташаббуси шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамикунонии соҳаи маориф, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маркази муосири тестӣ мавриди истифода қарор дода шуд.   Дар маросими ифтитоҳи он директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, директори Маркази ТИК-и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.   Қайд карда шуд, ки маркази муосири тестӣ дорои 80 адад компютери муосир ва дигар таҷҳизотҳои техникӣ буда, бо интернети баландсуръат таъмин мебошад. Ин марказ барои омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, баргузории санҷишҳо, тестгузаронӣ, машғулиятҳои омӯзишӣ ва рушди малакаҳои рақамии хонандагон пешбинӣ шудааст. Таъсиси чунин марказ ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагон, рушди тафаккури техникӣ ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд. Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои марказ масъулин иброз доштанд, ки истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ пайваста амалӣ карда мешаванд.   Инчунин, таъкид гардид, ки таъсиси чунин марказҳои муосир барои омодагии бештари хонандагон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, рушди малакаҳои рақамӣ ва мутобиқ намудани низоми таълим ба талаботи ҷомеаи иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

    6

    30.05.2026
  •  img
    СУҒД: СЕМИНАР-МАШВАРАТ БО ОМУЗГОРОНИ ҶАВОНУ ФАЪОЛИ ВИЛОЯТ ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” Дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд машварат бо омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.   Дар чорабинӣ омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи технологияҳои муосири омӯзиш, тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳамкории байни омӯзгорони ҷавон мубодилаи афкор намуданд.   Дар оғози чорабинӣ бо мақсади эҳтиром гузоштан ба корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихии кишвар, филми мустанад оид ба маросими ба Ватан баргардонидани мушти хоки оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад намоиш дода шуд.   Сипас, сардори Раёсати маорифи вилоят зимни суханронии худ аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илму маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки маориф меҳвари асосии рушди давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли наврас вобаста аст».   Таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин машварат, пеш аз ҳама, муттаҳидсозии омӯзгорони ҷавон, тақвияти ҳамкории касбии онҳо, шиносоӣ бо таҷрибаи якдигар, мубодилаи афкору таҷрибаи пешқадам, инчунин дарёфти роҳҳои нави баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди маҳорати касбии омӯзгорон мебошад.   Ҳамзамон, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо миёни омӯзгорони ҷавон, дастгирии ташаббусҳои эҷодиву касбӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди малакаҳои омӯзгорӣ, дар ҷараёни машварат таъсиси гурӯҳи «Маорифчиёни ҷавон» дар назди Раёсати маорифи вилояти Суғд пешниҳод гардид.   Зикр карда шуд, ки ин гурӯҳ метавонад ҳамчун платформаи доимии ҳамкорӣ, омӯзиш ва дастгирии омӯзгорони ҷавон фаъолият намуда, ба рушди касбии онҳо ва таҳкими равандҳои инноватсионии соҳаи маориф мусоидат намояд.

    6

    30.05.2026
  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 29 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд.   Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Гуфта шуд, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодаанд.   Дар идомаи ҷаласа масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо ба маводи сӯхт, аз ҷумла ангишту ҳезум мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ М. Тоирзода гузориш пешниҳод намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи зарурии сӯхт, омодасозии иншооти соҳа ба мавсими сармо ва ҳамоҳангсозии корҳои вобаста маълумот дод.   Сипас, лоиҳаи Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2026 баррасӣ гардид. Мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов зимни баромади худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат, нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда ва вазифаҳои асосии сохторҳои соҳавӣ маълумот пешниҳод намуд.   Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода оид ба вазъи фаъолияти муассисаҳои мазкур, сатҳи таълиму тарбия, таъминоти кадрӣ ва зарурати тақвияти назорати сифати таҳсилот гузориш дод.   Инчунин, масъалаи тасдиқи Низомномаи истироҳати тобистонаи солимгардонии наздимуассисавӣ баррасӣ гардид. Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ М. Давлатзода доир ба муҳтавои низомнома, тартиби ташкили истироҳати тобистонаи хонандагон ва фароҳамсозии шароити мусоид барои фароғату солимгардонии кӯдакону наврасон маълумот пешниҳод намуд.   Бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиён аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.   Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулшуда, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистон, таҳкими назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, татбиқи нақшаи кории вазорат ва ташкили самараноки истироҳати тобистонаи хонандагон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    49

    29.05.2026