09.07.2025

Дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Инноватсия барои оянда: таълими STEM дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО ва Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато, коршиносони бахши STEM, пажӯҳишгарон ва омӯзгорони STEM ва дигар нафарони масъул тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Конфронс дар доираи татбиқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таълими фанҳои дақиқ ва риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ба роҳ монда шуда, ба ҳадафи таҳкими муҳити инноватсионӣ дар соҳаи таълими STEM, такмили салоҳиятҳои рақамии омӯзгорон ва рушди инфрасохтори ТИК нигаронида шудааст.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми вазири маориф ва илм иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, хусусан ба омӯзиши босифати фанҳои STEM ва татбиқи технологияҳои иттилоотию рақамӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Мо итминон дорем, ки чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ имкони густариши ҳамкориҳоро фароҳам оварда, ба ташаккули насли ҷавони бо дониш ва маҳоратҳои замонавӣ мусаллаҳ, ҳамзамон рақобатпазир дар бозори меҳнат мусоидат мекунанд.
Ҳамчунин намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО ва Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато баромад намуда, аҳамияти ин ташаббусро барои рушди устувор ва тақвияти неруи инсонӣ дар кишвар таъкид карданд.
Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои муҳимми ҳамгироии барномаҳои таълимӣ бо воқеияти бозори меҳнат, омӯзиши босалоҳияти омӯзгорон, баробарии гендерӣ дар таҳсилоти STEM, инчунин, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар мактабҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон иштирокчиён бо таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дигар дар самти омӯзиши робототехника, зеҳни сунъӣ (AI), чопи 3D ва ташкили лабораторияҳои интерактивӣ шинос шуданд.
Дар идома, барои омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ Маркази таҷрибаи STEM ташкил гардида, тавассути намоишҳои амалӣ ва семинарҳои корӣ имкони омӯзиши мустақими технологияҳои нав ва мубодилаи таҷриба фароҳам оварда шуд. Иштирокчиён инчунин дар кори гӯшаҳои мавзуии техника, лабораторияҳои STEM, маводи нави таълимӣ ва платформаҳои ҳамкорӣ ширкат варзиданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон