БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҲАВАСМАНДСОЗӢ ВА ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ДУЮМИ (НОҲИЯВӢ) ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННИИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ДАР СОЛИ 2024
25.12.2024
Санаи 25 декабри соли равон дар асоси сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ” дар толори фарҳангии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни баргузории чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, сарпарасти соҳа Аминзода Манижабону, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Кучарзода Ҳусния Аламхон, меҳмонону волидайни хонандагон ва масъулини соҳаи маорифи ноҳия иштирок намуданд.
Муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ М. Аминзода дар оғози чорабинии мазкур хонандагон ва омӯзгоронро барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар олимпиадаҳои дохиливу бурунмарзӣ табрику таҳният арз намуда, барои хонандагон дар давраҳои минбаъдии олимпиадаҳо барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар идома маросими ҷоизасупорӣ аз рӯи номинатсияҳои: “Панҷгонаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии фаъол дар рушди ҳаракати олимпӣ” , “Панҷгонаи муассисаҳои таълимии фаъол дар рушди ҳаракати олимпӣ миёни литсей ва гимназияҳо”, “Ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагон” ва ғолибони даври дуюми Олимпиада оид ба "Шоҳмот" ва "Spelling Bee" баргузор гардид. Муассисаҳои таълимие, ки дар омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо ва рушди ҳаракати олимпӣ саҳми бориз гузоштаанд бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Аз ҷумла, вобаста ба миқдори ҷойҳои ишғолнамудаи хонандагони муассисаҳо аз рӯйи номинатсияи “Панҷгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ҳаракати олимпӣ” Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1-ум, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Бозор Собир сазовори ҷойи 2-юм, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Донишгоҳи Славянии Россия ва Тоҷикистон сазовори ҷойи 3-юм, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 сазовори ҷойи 4-ум ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 бошад сазовори ҷойи 5-ум дониста шуда бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
Аз рӯйи номинатсияи “Панҷгонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти типпи нав дар ҳаракати олимпӣ” бошад, Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 1-ум, Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ба номи Ниёз Сафар сазовори ҷойи 2-юм, Муассисаи давлатии таълимии Гимназияи ба номи Асадулло Ғуломов сазовори ҷойи 3-юм, Литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи 4-ум ва Муассисаи давлатии таълимии Литсейи №5 бошад сазовори ҷойи 5-ум дониста шуда бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, омӯзгорон ва мутахассисоне, ки дар тарбияи насли наврас ва дар рушди ҳаракати олимпӣ саҳмгузорӣ намудаанд бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Сипосномаи шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.
Дар идома ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) Олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомониро бо диплому медал ва тӯҳфаҳои хотирмон аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ намуданд.
Барои болидагии хотир ва фароғати хонандагону ҳозирин барномаи фарҳангӣ роҳандозӣ гардид, ки дар он санъаткорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ҳунарнамоӣ карданд.