07.07.2026
7 июли соли 2026 дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф мизи мудаввар таҳти унвони «Фаъолияти Донишкада барои таҷдиди сохтори амалкунанда дар низоми рушди муттасили касбии омӯзгорон (РМКО) ва муҳокимаи пешниҳодҳо оид ба такмили сохтор ва тақвияти иқтидори институтсионалӣ» баргузор гардид.
Дар кори мизи мудаввар муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, намояндагони сохторҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, шарикони рушд, коршиносони миллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки таҷдиди сохтори низоми рушди муттасили касбии омӯзгорон ва такмили механизми баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон яке аз самтҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Муовини вазири маориф ва илм зимни суханронӣ иброз дошт, ки дар шароити ислоҳоти соҳаи маориф бознигарии сохтори амалкунандаи низоми рушди муттасили касбии омӯзгорон, ташкили модели ҳамоҳангшудаи рушди касбӣ бо вазифаҳои мушаххас, низоми ягонаи татбиқ ва механизми устувори дастгирии методӣ то соли 2030 аз масъалаҳои муҳими соҳа маҳсуб меёбанд.
Дар идома директори Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии назди Вазорати маориф ва илм Ш. Каримзода оид ба аҳаммияти таҷдиди сохтори амалкунанда дар низоми рушди муттасили касбии омӯзгорон суханронӣ намуда, зикр кард, ки такмили сохтор ҳамчун воситаи муҳими идоракунӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои марбута, пешгирии такроршавии вазифаҳо, тақвияти ҳамкории байнисохторӣ ва баланд бардоштани самаранокии қабули қарорҳо мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, намояндагони шарикони рушд ва мушовирони миллӣ ва байналмилалӣ натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда, пешниҳодҳо оид ба такмили сохтор ва тақвияти иқтидори институтсионалии низоми рушди муттасили касбии омӯзгоронро муаррифӣ намуда, тавсияҳои худро ҷиҳати такмили минбаъдаи ин раванд иброз доштанд.
Дар фарҷоми ҳамоиш ректори донишкада натиҷаҳои муҳокимаҳоро ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки таҷдиди сохтори низоми рушди муттасили касбии омӯзгорон танҳо тағйироти сохторӣ набуда, балки қадами муҳим дар роҳи баланд бардоштани сифати рушди касбии омӯзгорон, такмили низоми арзёбӣ ва мониторинги натиҷаҳои омӯзиш, таҳкими масъулият, шаффофият, ҳамоҳангӣ ва натиҷамандии фаъолияти муассисаҳои соҳавӣ мебошад.
Дар анҷоми чорабинӣ натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда ҷамъбаст гардида, қадамҳои минбаъдаи татбиқи ислоҳот дар низоми рушди муттасили касбии омӯзгорон муайян карда шуданд.