10.04.2026
Имрӯз, 10 апрели соли 2026 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 ба кори худ расман оғоз бахшид. Чорабинӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳаи маориф, корпусҳои дипломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва хонандагону довталабон баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ муовини раиси вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои ҷавонони кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, ҷавонон имрӯз метавонанд ҷаҳонбинии худро тавсеа бахшида, таҳсили худро дар муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи давлатҳои пешрафта идома дода, донишу малакаи худро такмил диҳанд.
Ҳамзамон, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Холиқзода зимни баромади худ зикр намуд, ки айни замон зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони ҷумҳурӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ таҳсил намуда истодаанд. Қайд карда шуд, ки ин раванд ба баланд гардидани обрӯ ва нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Зикр гардид, ки аз вилояти Суғд наздик ба 8000 нафар хонандагон аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят барои иштирок дар фестивал ташриф овардаанд. Иштирокчиён имконият доранд, ки бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ мустақиман мулоқот намуда, дар бораи ихтисосҳо, шароити таҳсил ва имкониятҳои грантӣ маълумоти муфассал ба даст оранд.
Таъкид шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои рушди босифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Қайд гардид, ки фестивал ҳамчун майдони муаррифии имкониятҳои таҳсил, барқарорсозии робитаҳои мустақим миёни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла роҳандозии дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва амалисозии лоиҳаҳои илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Ҳамзамон, иброз гардид, ки сифати низоми таҳсилот ва эътирофи байналмилалии он яке аз омилҳои муҳими муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, мутахассисони соҳибкасб ҳамчун неруи асосии рушди устувори ҷомеа арзёбӣ мегарданд.
Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти баргузории фестивалро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои илмӣ ва рушди фазои ягонаи таҳсилоти олӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Фестивал-намоишгоҳи байналмилалӣ ҳамчун платформаи муҳими муаррифии имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар арзёбӣ гардида, ба тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти босифат мусоидат менамояд.