09.07.2025

 img

Имрӯз, 9 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, бо иштироки муовини якум, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсати маорифи вилояти Хатлон ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

 

Зимни ҷаласа масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола мавриди муҳокима қарор дода шуда, таъкид гардид, ки татбиқи ин иқдом дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, яке аз марҳилаҳои муҳимми ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

 

Вазири маориф ва илм зимни суханронии худ иброз дошт, ки соҳаи маориф дар солҳои Истиқлоли давлатӣ зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии кадрӣ рушд намуда истодааст. Дар ҳамин замина, гузариш ба низоми таҳсили 12-сола амри зарурӣ буда, ба боло рафтани сифати таълим ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Бо мақсади амалӣ намудан ва муҳайё сохтани заминаҳои мусоид барои татбиқи низоми мазкур, қарор қабул гардид, ки дар давоми даҳ рӯз гурӯҳи байниидоравӣ таъсис дода шавад. Гурӯҳи мазкур бояд вобаста ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо, омода намудани барномаҳои таълимӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои амалӣ андешад.

 

Зикр шуд, ки таҷрибаи як қатор кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки гузариш ба низоми таҳсили 12-сола раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷидашуда мебошад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм бо ҷалби васеи мутахассисон ва бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ нақшаи амалии мазкурро тадриҷан ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ хоҳад кард.

 

Дар анҷоми ҷаласа аз масъулин тақозо гардид, ки барои иҷрои сифатноки вазифаҳои дар пешистода, сари вақт таҳия ва иҷро намудани нақшаи чорабиниҳо, инчунин, назорати ҷараёни амалисозии гузариш ба низоми таҳсили 12-сола тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ва ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.   Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфарро мавриди истифода қарор доданд.   Муассисаи навбунёд сеошёна буда, барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 300 кӯдак бунёд гардидааст.   Иншооти мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд гардида, дорои имкониятҳои хуби таълиму тарбия мебошад.   Синфхонаи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои муассисаи таҳсилоти томактабӣ мувофиқ ба завқи кӯдакон бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.   Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии Нилуфар дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тӯҳфаи хуб дониста шуд ва сокинони шаҳри Панҷакент самимияту миннатдории хоси худро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ташкили фазои мусоиди таълим баҳои баланд дода, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.

    21

    11.07.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115 дар шаҳри Панҷакент 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 115-ро ифтитоҳ намуданд.   Иншооти соҳаи маориф бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон ва рушди соҳаи маориф бунёд шудааст.   Зимни шиносоӣ бо шароити муассиса ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 36 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин шудаанд.    Бинои таълимӣ дорои 21 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 63 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзишӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоиди таълиму тадрис ба ташаккули дониши муҳассилин мусоидат менамояд.   Раванди таълим дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ ба роҳ монда шудааст. Қабули хонандагон ба муассиса бо роҳи санҷиш ва баҳогузории донишу маҳорат сурат мегирад.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро мунтазам назорат ва таҳлил намоянд, омӯзгоронро пайваста ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб намуда, барои таълифи дастурҳои дарсии мутобиқ ба воқеияти миллию ҷаҳонӣ иқдом намоянд.   Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти як қатор иншоот, аз ҷумла муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаи Суҷина барои 120 кӯдак, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Косатарош барои 520 хонанда дар ду баст, синфхонаҳои иловагӣ дар деҳоти Сор барои 120 хонанда, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маркази шаҳр бо 63 ҷойи корӣ, бинои Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар деҳоти Саразм, бинои ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва меҳмонхонаи Фаризи дорои 60 ҳуҷра дар маркази шаҳри Панҷакентро ифтитоҳ намуданд.

    10

    11.07.2025
  •  img
    Ифтитоҳи Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ 11 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшиданд.   Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд.   Масоҳати умумии маҷмаа 8 ҳазор метри мураббаъ мебошад. Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон аз як ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он китобхонаи замонавӣ бо 5 ҳазор адабиёти ҷаҳонии муосир, классик ва бачагона, коргоҳи пойафзолбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор ҷуфт пойафзол дар як сол, кошонаи ҳусн, толори варзишӣ, ҳуҷраҳои кории мактаби варзишии ноҳия, хонаи бахт, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудааст.   Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани онро барои таъмини инфрасохтор дар бахшҳои алоҳида неку муассир арзёбӣ намуданд.   Қобил ба зикр аст, ки бинои маҷмааи Боғистон бо тарҳ ва усулҳои хоси меъмории миллӣ бунёд шуда, ба яке аз маконҳои хуби сайругашти сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.   Саҳн ва атрофи бино сабзкорӣ шуда, барои истироҳати сокинон суҳбаткадаву айвонҳои муосир бунёд гардидааст.   Коргоҳи истеҳсоли пойафзол, дар асоси барномаи рушди саноатикунонии кишвар рӯи даст гирифта шуда, тамоми таҷҳизоти насбгардида, истеҳсоли насли нав мебошад ва неруи барқро сарфа мекунад.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло иқтидори истеҳсолии коргоҳ 20 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, бо назардошти зиёд гардидани талабот ҳаҷми истеҳсол афзоиш ва теъдоди коргарон низ ба маротиб зиёд карда мешавад.   Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз китобхонаи маҷмаа дидан карда, бо шароити кории он шинос шуданд.   Дар китобхонаи электронии ин махзани илм 2 ҳазор адабиёт маҳфуз буда, барои дӯсторони каломи бадеъ имконияти мусоид муҳайё шудааст.   Гӯшаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” қисмҳои алоҳидаи китобхонаро ташкил медиҳад, ки бо адабиёти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.   Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш дар Маҷмаа Муассисаи давлатии Мактаби варзишии ноҳиявӣ бо назардошти толору дигар инфрасохтори зарурӣ фаъолият менамояд.     Ҳамчунин, толори варзишӣ барои бозиҳои тенниси рӯи миз, гуштин, вазнбардорӣ ва бозиҳои шашкаву шоҳмот пешбинӣ шудааст. Ҷавонону варзишгарон барои ин иқдоми Роҳбарияти олии кишвар изҳори сипос намуданд.   Хонаи ақди нигоҳ ва кошонаи ҳусн аз имкониятҳои алоҳидаи маҷмаа аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.   Тарабхонаи миллии маҷмаа дорои 150 ҷойи нишаст буда, барои гузаронидани чорабинҳои гуногун мувофиқ мебошад. Тарҳ ва намои тарабхона сирф миллӣ буда, бо санъати баланди меъмории муосир ҳаккокӣ шудааст.   Дар ҳамин ҷо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 80 нафар ятимон ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.   Мавриди зикр аст, ки чун аънана Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбати ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.   Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, маҷмӯи сару либос ва кумаки молиявӣ тақдим карда шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.   Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯст туҳфаҳои арзишманд  гирифтанд. Кудакон аз он изҳори хушҳолӣ мекунанд, ки ҳамеша таҳти ғамхорию дастгирии Пешвои маҳбуби миллат қарор доранд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим ва тарбиятгирандагони Мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияҳои муосир ҳидоят намуданд.   Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа, ба хусус ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад.

    9

    11.07.2025