03.06.2025

 img

 

3 июни соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди корӣ оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, роҳбарону кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, инчунин директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

 

Ҷаласаро муовини вазир ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, таҳкими пояҳои моддию техникӣ ва татбиқи муқаррароти қонунгузории соҳавӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти Вазорати маориф ва илм маҳсуб меёбад.

 

Сипас, масъалаи маблағгузории соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифта, Сафарзода Иброҳим – сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, доир ба вазъи маблағгузории муассисаҳои таълимӣ дар соли 2025 маълумот дод.

 

Дар идома сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Бобоҷон Ҷаҳонгир вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баромад намуда, зикр кард, ки таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати таълиму тарбияи муназзами кӯдак аҳамияти калон дорад.

 

Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа ба роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муқаррароти қонунгузории амалкунанда хотиррасон карда шуда, таъкид гардид, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (моддаи 58, банди 9) ҷамъоварии ҳамагуна маблағ аз таълимгирандагон ва падару модари онҳо аз ҷониби омӯзгорон, мураббиён, парасторон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ аст. Ҳамчунин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (моддаи 20, банди 3), омӯзгор уҳдадор аст, ки аз қабули ҳар гуна маблағ, аз ҷумла, дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯз, инчунин, аз гирифтани туҳфаҳои молию пулӣ худдорӣ намояд. Зикр гардид, ки риояи ин талаботи қонунгузорӣ омили муҳимми нигоҳдории муҳити солим, шаффоф ва ахлоқии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб рафта, аз тамоми омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҷамъоварии маблағ дар муассиса ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ надиҳанд. Дар сурати ба таври расмӣ ба Вазорати маориф ва илм ворид шудани арзу шикоят доир ба ҷамъоварии маблағ, ҳатман аз ҷониби вазорат нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин амалҳо чораҳои интизомӣ андешида мешавад.

 

Дар идомаи ҷаласа, масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, таҳияи нақшаҳои таълимии солона, мутобиқсозии барномаҳои таълимии муассисаҳои хусусӣ бо талаботи давлатӣ ва ҳамоҳангии он бо Маркази ҷумҳуриявии рушди муассисаҳои томактабӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

 

Инчунин, раванди баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷиҳати фарогирии васеи хонандагон ва беҳтар ба роҳ мондани ташкили он дар шаҳру ноҳияҳо тавсияҳо пешниҳод гардиданд.

 

Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа иштирокдорон доир ба масъалаҳои муҳокимашуда мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили фаъолияти минбаъдаи соҳа ироа намуданд.

 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАСТОВАРДИ ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ХИМИЯ БА НОМИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ   Аз 28-уми май то 4-уми июни соли 2025 шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон мизбони Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия ба номи Абурайҳони Берунӣ гардид. Дар ин чорабинии бонуфузи илмӣ хонандагони боистеъдод аз зиёда аз 14 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.   Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиада 4 нафар хонанда муаррифӣ карда, бо донишу маҳорати худ сазовори 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гардиданд.   Ин дастовард нишондиҳандаи омодагии ҳамаҷониба ва сатҳи баланди дониши хонандагони тоҷик дар соҳаи химия мебошад.

    37

    04.06.2025
  •  img
    ПИРӮЗИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ FEMO   Аз 29-уми май то 2-юми июни соли 2025 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон олимпиадаи байналмилалии FEMO миёни хонандагони зиёда аз 18 давлати дунё баргузор гардид.   Дар қатори дигар кишварҳо дастаи мунтахаби ҷумҳуриро 37 нафар хонандагон муаррифӣ намуда, сазовори 2 – медали тилло, 6 – медали нуқра ва 9 – медали биринҷӣ гардиданд.   Дастовардҳои хонандагони тоҷик бори дигар собит месозад, ки илму фанни миллӣ дар арсаи байналмилалӣ рақобатпазир гардида, таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши илмҳои муосир бештар гардидааст.  

    37

    04.06.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ ШУРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ (GPE) ДАР ПАРИЖ ОҒОЗ ГАРДИД   Имрӯз, 3 июни соли 2025 дар шаҳри Парижи Фаронса ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) оғоз гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамчун аъзои Шурои директорони GPE иштирок намуда истодааст.   Дар рӯзи аввали ҷаласаи Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирокчиён дар қисмати ифтитоҳӣ бештар ба мавзуъҳои калидии рушди таҳсилоти фарогир ва устувор диққат доданд. Аз ҷумла, дар баромадҳои худ иштирокичён масъалаҳои арзёбии натиҷаҳои татбиқи модели нави фаъолият (GPE-2025), пешниҳоди роҳҳои содасозии равандҳои ҳамкорӣ, баррасии механизмҳои маблағгузории муосир ва самаранок, густариши дастрасии духтарон ба таҳсилот дар доираи татбиқи стратегияи баробарии гендерӣ, инчунин роҳҳои тақвияти ҳамкории кишварҳои шарик ва баланд бардоштани нақши онҳо дар қабули қарорҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Иштирокчиён ба зарурати ҳамоҳангии бештари стратегӣ ва тақвияти кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи маориф таъкид карданд.   Дар баробари дигар иштирокичён вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмати ифтитоҳӣ ҳамчун аъзои Шурои директорон вобаста ба таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан ба соҳаи илму маориф дар замони муосир суханронӣ намуда, қайд дошт, ки соҳаи илму маориф асоси рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар як давлатро ташкил медиҳад.   Дар суханронии худ вазири маориф ва илм иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои афзалиятноки фаъолияти худро дар иртибот бо Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда, омода аст, ки ҳамкориҳои худро дар самти рақамикунонии соҳаи маориф, таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолият бо Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшад.   Дар интиҳои суханронӣ, вазир ба ҳамкориҳои муваффақонаи байни Вазорати маориф ва илм ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф ишора намуда, изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳамкорӣ дар оянда низ барои таҳкими низоми маорифи Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.   Ҷаласаи Шӯрои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф то 5 июн идома ёфта, барои баррасии масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    53

    03.06.2025