21.05.2026

 img

Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии маориф (Education World Forum 2026), ки дар шаҳри Лондон баргузор гардида истодааст, мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони бо намояндагони Нашриёти Донишгоҳи Кембриҷ ва Маркази арзёбӣ (Cambridge University Press & Assessment) доир гардид.

 

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии арзёбӣ дар муассисаҳои таълимии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, омодасозии омӯзгорон ва татбиқи усулҳои муосири баҳодиҳӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз намуданд.

 

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои ташаккули низоми таҳсилоти рақобатпазир, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи ҷаҳони муосир заминаи мусоид фароҳам оварад.

 

Инчунин, ҷонибҳо аҳаммияти истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арзёбии сатҳи донишро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшанд.

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРӢ БО НАШРИЁТИ ДОНИШГОҲИ КЕМБРИҶ ВА МАРКАЗИ АРЗЁБӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҲАМОИШ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ Бахшида ба 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.   Дар чорабинӣ устодону кормандон, мураббиёну варзишгарон ва донишҷӯёни донишкада иштирок намуда, дастовардҳои риштаи футбол ва намоиши бозии футбол манзури ҳозирин гардонида шуд.   Муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, таъкид кард, ки ташаббуси эълон гардидани Рӯзи ҷаҳонии футбол бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва барои Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.   Ректори донишкада зикр намуд, ки чунин чорабиниҳо барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ ва рушди футбол миёни ҷавонон мусоидат мекунанд.   Қайд гардид, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол соли 2024 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуда, 25 май расман ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.   Дар анҷоми ҳамоиш як қатор устодон, мураббиён ва донишҷӯёни фаъол бо “Сипоснома” ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, ҳамзамон маросими ифтитоҳи мусобиқаи футболи хурди “Ҷоми Истиқлол” барои дарёфти Ҷоми Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

    7

    21.05.2026
  •  img
    АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ФАРЗАНДОНИ ФИДОИИ МИЛЛАТ 21 майи соли 2026 роҳбарият, ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо мақсади эҳтиром ва гиромидошти хизматҳои фарзандони содиқи миллат ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ҳозир шуданд.   Дар ҷараёни ин боздиди маънавӣ иштирокдорон аз оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин шахсияти маъруфи таъриху фарҳанги миллӣ Нисор Муҳаммад дидан намуда, ба рӯҳи поки онҳо арҷ ва гулчанбар гузошта, дуои хайр карданд.   Ин тадбири фарҳангиву тарбиявӣ дар руҳияи сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ватансозонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон аҳаммияти муҳим дорад.   Зикр шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки ин фарзандони номдори миллат ба Тоҷикистон оварда шуда, номи онҳо ҳамчун муборизони роҳи истиқлол, озодӣ ва давлатдории миллӣ гиромӣ дошта мешавад.   Ҳамзамон, дар рафти маросим хотираи неки дигар намояндагони шинохтаи илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик низ пос дошта шуд.

    10

    21.05.2026
  •  img
    ПОСИ ХОТИРИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ ТОҶИКОН ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Бо чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-маърифатии ҳайати олимону донишмандон ва устодону донишҷӯёни муассиса дар ҳошияи маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ баргузор гардид.   Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, муовинони ректор, ҳайати устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён иштирок намуданд.   Кори ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва намоиши филми мустанад доир ба рӯзгор, фаъолияти сиёсӣ ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат оғоз гардид, ки дар он саҳми мондагори Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон бозтоб ёфт.   Зимни ироаи сухани муқаддамотӣ ректори донишгоҳ Мунир Сафарзо датаъкид доштанд, ки дар таърихи давлатдории халқҳо рӯйдодҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳамчун воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун эҳёи виҷдон, бедории хотираи миллӣ ва рамзи адолати таърихӣ ҷовидона боқӣ мемонанд. Иқдоми наҷибона ва пурифтихори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат-Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад маҳз аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз мебошад.   Таъкид гардид, ки ин иқдом танҳо маросими рамзии интиқоли мушти хок набуда, балки таҷассумгари эҳтироми давлат ба таърих, қадршиносии миллат аз фарзандони содиқ ва зуҳури сиёсати фарҳангсолоронаи Роҳбарияти Олии кишвар мебошад. Дар воқеъ, миллате, ки қаҳрамонони худро пос медорад ва хотираи онҳоро зинда нигоҳ медорад, ҳеҷ гоҳ дар саҳнаи таърих гум намешавад. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи он чеҳраҳои нодире буданд, ки дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи тоҷикон барои ташаккули давлатдории миллӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне қадам ба майдони сиёсат гузоштанд, ки сарнавишти миллатҳои Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тақсимоти сиёсиву маъмурӣ қарор дошт. Маҳз бо ҷасорат, хирад ва иродаи ин фарзандони ватандӯст Тоҷикистон аз як воҳиди маҳдуди маъмурӣ ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфта, пояҳои давлатдории тоҷикон таҳким пайдо кард.   Дар идома Холиқзода Сафар, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими муассиса дар мавзуи “Қудуми ин мусофир қаҳрамонҳоят муборак, Тоҷикистонам” маъруза намуда, таъкид дошт, ки бозгашти мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан на танҳо рӯйдоди таърихӣ, балки рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи хотираи миллӣ ва таҳкими руҳияи ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошад. Зикр гардид, ки ин иқдоми башардӯстона ва таърихии Пешвои миллат дар замири мардум эҳсоси баланди арҷгузорӣ ба таърих ва муқаддасоти миллӣ ба вуҷуд оварда, ҷавононро ба омӯзиши амиқи мероси сиёсию маънавии қаҳрамонони миллат ҳидоят менамояд. Ҳамчунин, иброз дошт, ки хизматҳои Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Носир Муҳаммад дар роҳи ҳифзи манфиатҳои тоҷикон ва ташаккули давлатдории миллӣ барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун мактаби ҷовидонаи худшиносӣ ва ватандорӣ хизмат хоҳанд кард.   Зимнан, Изатов Умедҷон, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ҳангоми ироаи маъруза дар мавзуи “Ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ ҳамчун таҷассуми сиёсати эҳёи адолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” таъкид намуд, ки арзиши сиёсӣ ва маънавии ин иқдом ниҳоят бузург буда, он ҳамчун нишонаи эҳтироми давлат ба таърихи миллат ва қадршиносӣ аз хизматҳои фарзандони содиқи Ватан арзёбӣ мегардад. Қайд гардид, ки ба таври бошукӯҳ ва тантанавӣ ба Ватан овардани мушти хоки қаҳрамонони миллӣ аз ғурбат на танҳо эҳёи адолати таърихӣ, балки таҳкими ваҳдати миллӣ ва бедории шуури таърихии ҷомеа мебошад. Таъкид шуд, ки чунин иқдомҳо симои давлатдории миллиро таҳким бахшида, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба арзишҳои таърихӣ, хотираи миллӣ ва эҳтироми фарзандони фарзонаи миллат ба таври шоиставу ифтихорӣ арҷ мегузорад.   Дар идома Бадалов Исфандиёр, ёвари ректори донишгоҳ дар мавзуи “Эҳёи адолати таърихӣ ва нақши қаҳрамонони миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон” баромад намуда, иброз дошт, ки эҳтиром ба корнома ва мероси шахсиятҳои барҷастаи миллат яке аз заминаҳои асосии ташаккули худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ватандӯст мебошад. Таъкид гардид, ки қаҳрамонони миллат дар давраҳои пуртазоди таърихӣ бо фидокорӣ ва иродаи қавӣ барои ҳифзи ҳастии миллат, забон, фарҳанг ва давлатдории тоҷикон мубориза бурдаанд ва имрӯз пос доштани хотираи онҳо рисолати маънавии ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа ба шумор меравад. Номбурда инчунин зикр намуд, ки сиёсати фарҳангпарварона ва инсонмеҳваронаи Пешвои миллат барои эҳёи ҳақиқати таърихӣ ва муаррифии чеҳраҳои барҷастаи миллат заминаи мусоиди илмӣ ва маънавӣ фароҳам овардааст.   Дар умум, таъкид гардид, ки ҳамоиши илмӣ-маърифатии ҳайати олимону донишмандон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Поси хотири қаҳрамонони миллӣ ва таҳкими худшиносии тоҷикон дар партави сиёсати Пешвои миллат» бо баҳрамандӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун арҷгузорӣ ба корнома ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ва бозгӯи эҳтироми амиқи ҷомеаи илмии ин боргоҳи илму маърифат ба таърихи давлатдории тоҷикон мебошад.   Зикр шуд, ки ин иқдоми таърихӣ - ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ, дар замири ҷомеа, бахусус ҷавонон эҳсоси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро таҳким мебахшад. Изҳори умед карда шуд, ки чунин ҳамоишҳо барои омӯзиши амиқи мероси сиёсиву маънавии қаҳрамонони миллат заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамчун майдони муҳими илмӣ барои таҳқиқ, тарғиб ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ хизмат менамоянд ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи тафаккури таърихӣ ва тарбияи насли худогоҳу содиқ ба Ватан нақши муассир хоҳанд гузошт.

    17

    20.05.2026