12.12.2025
12 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди онлайнӣ оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзгорон баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода баргузор гардида, дар кори он роҳбарон ва намояндагони раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд.
Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки соҳаи маориф дар кишвар дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди рӯзафзун дошта, дар ин росто мо кормандони соҳаро мебояд саъю талоши худро ҷиҳати таъмини сифати таълим бештар намоем. Таъкид шуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва барномаҳои стратегии Ҳукумати кишвар омили асосии дастёбӣ ба пешрафт дар соҳаи маориф буда, зарур аст, ки ҳар яки мо бо масъулияти баланд барои амалӣ шудани ҳадафҳои миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем.
Сипас, ректори Донишкадаи ҷумиҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода оид ба фарогирии шунавандагон ба курси такмили ихтисос аз рӯйи низоми такмили ихтисоси 3-сола дар соли 2025 маълумот дод.
Дар идома ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан доир ба вазъи таҳсилоти томактабӣ ва ҷараёни ҷалб намудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ шунида шуд.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, таъсиси марказҳои рушди кӯдакон дар маҳалҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва таҳкими корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муҳокима гардиданд.
Ҷаласа бо таҳлилу баррасии самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф ҷамъбаст гардида, барои амалисозии муваффақонаи ҳадафҳои гузошташуда ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон