21.08.2026
20 августи соли 2026 дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар машварат вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовинони раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мудирону кормандони шуъбаву бахшҳои маориф, собиқадорон, омӯзгорон ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд.
Машварати августӣ ба баррасии натиҷаҳои соли таҳсили 2025-2026, арзёбии дастовардҳои хонандагону омӯзгорон ва муайян намудани вазифаҳои асосии соҳаи маорифи вилоят дар соли нави таҳсил бахшида шуд.
Пеш аз оғози машварат иштирокдорон аз намоиши дастовардҳои хонандагон ва муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Хатлонро дар соли таҳсили 2025-2026 таҳлил намуда, афзоиши нишондиҳандаҳои хонандагони вилоятро дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ яке аз натиҷаҳои назарраси соли таҳсил арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи соҳаи маориф пеш аз ҳама ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили маҳорати касбии омӯзгорон, истифодаи самараноки технологияҳои муосир ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбия вобаста мебошад.
Вазир таъкид намуд, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ муассисаҳои таълимӣ бояд аз имкониятҳои интернет, захираҳои электронии таълимӣ ва воситаҳои муосир, аз ҷумла, имкониятҳои зеҳни сунъӣ, самаранок истифода намоянд. Дар ин замина мутобиқ намудани мазмун ва усулҳои таълим ба талаботи замони муосир ва омода намудани хонандагон ба рақобати донишӣ аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, ба масъалаи рушди таҳсилоти томактабӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, дастгирии омӯзгорони ҷавон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва тақвияти фаъолияти муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Зимни баррасии натиҷаҳои соли таҳсил зикр шуд, ки хонандагони вилояти Хатлон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ соҳиби 906 медал гардидаанд, ки нисбат ба соли гузашта 460 медал зиёд мебошад. Дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ низ хонандагони вилоят 1167 медал ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ 367 медал бештар аст.
Яке аз дастовардҳои муҳимми соли таҳсил натиҷаи хатмкунандагони вилояти Хатлон дар озмуни ҷумҳуриявии «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» мебошад. Имсол 37 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии вилоят ба гирифтани аттестатҳои аъло бо медалҳои тилло ва нуқра мушарраф гардида, вилояти Хатлон дар байни минтақаҳои кишвар мақоми аввалро соҳиб шуд.
Ҳамчунин, ғолибияти Сайдализода Мадина, хонандаи муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи соли Тоҷикистон» ҳамчун яке аз дастовардҳои назарраси соли таҳсил таъкид гардид.
Раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ дастовардҳои соҳаи маорифи вилоятро таҳлил намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ёдовар шуд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки ҳадафи рушди соҳаи маориф танҳо бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ ва таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоту технология нест, балки тарбияи инсони донишманд, соҳибкасб, худшинос, эҷодкор ва рақобатпазир мебошад. Аз ин рӯ, меъёри асосии фаъолияти муассисаи таълимӣ бояд сатҳи воқеии дониш, малака ва ҷаҳонбинии хонанда бошад.
Зикр гардид, ки фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ дар вилоят ба 33 фоиз расида, дар самти рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Дар идомаи машварат як қатор омӯзгорон, хонандагон ва дигар фаъолони соҳаи маориф барои дастовардҳои назаррас қадрдонӣ шуданд.
Дар маҷмуъ, беш аз 100 нафар бо унвонҳои Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизаҳои «Омӯзгори ифтихории вилояти Хатлон», «Собиқадори соҳаи маорифи вилояти Хатлон», «Соҳибватан» ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.
Ба 37 нафар ғолибони озмуни «Аттестати аълои универсалӣ ва равиявӣ бо медалҳои тилло ва нуқра» аз ҷониби раиси вилояти Хатлон ба ҳар кадом 10 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмуъ 370 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид.
Омӯзгорони ин хонандагон низ барои меҳнати содиқона ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи шогирдони муваффақ бо 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардида, ҳаҷми умумии ин мукофотҳо 111 ҳазор сомониро ташкил дод.
Ҳамчунин, 10 нафар хонандаи фаъол ва ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷоизаи раиси вилояти Хатлон - «Соҳибватан» ва 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз шуданд.
«Парчами сайёри ғолиб» бо мукофоти 20 ҳазор сомонӣ ба ноҳияи Данғара супорида шуд. Парчами мазкур ҳамасола бо дарназардошти фаъолияти назаррас ва натиҷаҳои баландтарин ба яке аз шаҳру ноҳияҳои вилоят супорида мешавад.
Дар фарҷоми машварат таъкид гардид, ки дар соли нави таҳсил бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, рушди салоҳиятҳои касбии омӯзгорон, истифодаи технологияҳои муосир, дастгирии хонандагони болаёқат, рушди таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ равона карда шавад.
Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлон бо муайян намудани вазифаҳои минбаъда ҷиҳати рушди устувори соҳа ва омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил ҷамъбаст гардид.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон