19.09.2025

 img

19-уми сентябри соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи ҷории муассисаҳои таълимӣ, сатҳу сифати омодагиҳо ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2025-2026, риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ, татбиқи низоми баҳогузории 10-хола ва таъмини шароити мусоиди таҳсил барои хонандагон, аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуд.

 

Дар ҷараёни ин боздид вазири маориф ва илм бо ҳолати умумии муассисаи таълимӣ аз наздик шинос гардида, бо хонандагон, омӯзгорон ва ҳайати роҳбарияти мактаб суҳбат анҷом дод.

 

Дар муассисаи мазкур ба зиёда аз 1800 хонанда 60 омӯзгор дарс медиҳанд. Муассиса пурра бо кадрҳои омӯзгорӣ таъмин буда, вобаста ба норасоии кадрӣ ва ҷойи нишаст камбудӣ дида намешавад. Ҳамзамон, дар назди муассиса бо ибтикорӣ волидон сохтмони синфхонаҳои нави иловагӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

 

Дар рафти боздид як қатор мушкилот ва камбудӣ ошкор шуд. Аз ҷумла, зимни боздид маълум гардид, ки директори муассиса (Раҳмонов Амриддин) дар вақти корӣ бе сабабҳои узрнок дар ҷойи кор ҳузур надошт. Набудани роҳбари муассиса дар ҷойи кор дар рӯзҳои дарсӣ ва дар вақти фаъолият, хилофи принсипҳои масъулияти роҳбарӣ ва риояи интизоми меҳнатӣ мебошад.

 

Муассисаи мазкур ба мавсими тирамоҳу зимистонгузаронӣ омодагии кофӣ надошта, бо вуҷуди наздик шудани рӯзҳои сармо, то ҳол миқдори зарурии ҳезум захира нашудааст.

 

Дигар мушкилоте, ки дар ҷараёни боздид ба мушоҳида расид, ин набудани лавҳаи расмӣ бо номи муассиса дар қисми пеши бинои таълимӣ мебошад. Мувофиқи талаботи амалкунанда, ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бояд дар даромадгоҳи худ дорои аломати шиносоии муайянкунанда ва лавҳаи иттилоотии расмӣ бошад, ки дар он номи пурраи муассиса, рақам ва дигар маълумоти зарурӣ нишон дода мешавад. Вазъияти техникии синфхонаҳо низ камбудиҳои муайянро дар бар дошт. Аз ҷумла, дар як қатор синфхонаҳо чароғҳо (лампаҳои равшанидиҳӣ) сӯхтаанд ва то ҳол иваз карда нашудаанд, ки ин боиси коҳиш ёфтани равшании синфҳо мегардад ва шароити умумии таҳсилро ба таври назаррас душвор месозад. Дар муассиса умуман камераҳои назоратӣ насб нашудааст.

 

Масъалаи дигаре, ки дар ҷараёни боздид мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт, татбиқ нагардидани кофии низоми баҳогузории 10-хола дар муассиса буд. Тибқи дастурҳои амалкунанда ин низом бояд дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ мегардид, аммо дар муассисаи мазкур омӯзгорон то ҳол баҳогузориро 10-холаро ба таври кофӣ ҷорӣ накардаанд, ки ин гувоҳ аз камбудиҳои марбут ба омодагӣ, омӯзиш ва беназоратии роҳбарияти муассиса мебошад. Ҳангоми иштирок дар дарсҳо маълум гардид, ки аксари хонандагон забонҳои хориҷиро намедонанд.

 

Ҳамзон, вазири маориф ва илм аз ҳолати муассисаи томактабии назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, ки 105 кӯдакро ба таълим фаро гирифтааст, дидан намуд. Зимни боздид аз муассисаи томактабӣ вазир аз камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар вақти корӣ бе сабабҳои узрнок дар кор набудани мудири боғча (Файзова Зарагул), ғайритахасус фаъолият намудани мураббия, ҷойи хоби кӯдакон ва ҳолати гигиенӣ изҳори нигаронӣ намуд.

 

Дар охир вазири маориф ва илм ба масъулини муассиса ва раёсати маориф дастур дод, ки тамоми камбудиҳои зикршударо дар муҳлатҳои муқарраргардида бартараф намуда, аз имкониятҳои мавҷуда ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллӣ истифода бурда, зимистонгузаронии муассисаро таъмин намоянд, муҳити гигиениро беҳтар созанд, равшанидиҳиро барқарор намоянд, лавҳаи муассисаро насб кунанд ва ба татбиқи пурраи низоми баҳогузории 10-хола шуруъ намоянд. Илова бар ин масъалаи риояи интизоми меҳнат ва ҳузури надоштани роҳбарони муассисаҳо дар ҷойи кор мавриди санҷиш ва арзёбии иловагӣ қарор хоҳад гирифт.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БЕ ОГОҲӢ. БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №14-И НОҲИЯИ РӮДАКӢ img
  • БЕ ОГОҲӢ. БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №14-И НОҲИЯИ РӮДАКӢ img
  • БЕ ОГОҲӢ. БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №14-И НОҲИЯИ РӮДАКӢ img
  • БЕ ОГОҲӢ. БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №14-И НОҲИЯИ РӮДАКӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ 29 сентябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз намуда, иброз дошт, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзандаи худро гузоранд. Сипас, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.   Дар ҷараёни ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳимми соҳа мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҳисоботи сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон А. Мирзоқанд “Оид ба вазъи фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ, таъсиси марказҳои рушди барвақтии кӯдак ва иҷрои барномаҳои давлатии марбут ба самти томактабӣ” ба таври маҷозӣ шунида шуд.   Дар рафти баррасии масъала натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилоят дар ин самт, дастовардҳо, мушкилоти ҷойдошта ва вазифаҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм вобаста ба масъалаи мазкур таъкид намуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, рушди марказҳои рушди барвақтии кӯдак ва иҷрои босифати барномаҳои давлатии марбут ба самти томактабӣ, роҳбарияти раёсати маорифи вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, беҳтар намудани шароити муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди барвақтии кӯдак тадбирҳои мушаххас андешанд.   Ҳамчунин, вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои мушовара ва ҷаласаҳои назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 Ҷ. Амиров, котиби ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм ва оид ба баррасии китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ У. Ҳасанзода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ баромад намуда, иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулгардида, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими назорати иҷрои онҳо ва раванди таҳия, баррасӣ ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимию методиро мавриди баррасӣ қарор дод.   Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои беҳтар намудани фаъолияти соҳаи маориф ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.   Раиси ҷаласа зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки аҳли маорифи кишвар вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    38

    29.09.2026
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2026» Имрӯз, 29 сентябри соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №59-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз рафти баргузории даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2026» дидан намуд.   Зимни боздид вазир бо ҷараёни озмун, фаъолияти иштирокчиёни даври ниҳоӣ ва тарзи иҷрои шартҳои озмун аз наздик шинос шуда, Иштирокчиён маҳорати касбӣ, таҷрибаи педагогӣ, усулҳои кор бо кӯдакон ва малакаҳои эҷодии худро муаррифӣ карданд.   Вазири маориф ва илм бо аъзои комиссияи озмун суҳбат намуда, таъкид кард, ки баҳогузории иштирокчиён бояд бар асоси талаботи Низомномаи озмун, бо риояи меъёрҳои муайяншуда ва дар фазои шаффофу одилона анҷом дода шавад. Таъкид гардид, ки натиҷаи озмун бояд маҳз фаъолияти касбӣ, дониш, таҷриба, маҳорати педагогӣ ва дастовардҳои воқеии иштирокчиёнро инъикос намуда, ғолиб дар асоси натиҷаҳои воқеии баҳогузорӣ муайян карда шавад.   Вазир ба масъулини баргузории озмун дастур дод, ки дар тамоми марҳилаҳои озмун ба риояи талаботи муқарраргардида, шаффофияти раванди баҳогузорӣ ва муносибати баробар ба ҳамаи иштирокчиён таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.   Ёдовар мешавем, ки даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2026» рӯзҳои 28-30 сентябр баргузор гардида, дар ҷамъбасти он ғолиби озмун дар асоси натиҷаҳои баҳогузории комиссия муайян ва бо ҷоми озмун, диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    37

    29.09.2026
  •  img
    ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ Дар деҳаи Нонҷемаси Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 мавриди истифода қарор гирифт.   Дар маросими ифтитоҳи муассиса муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон З. Абдулзода, муовини раиси ноҳияи Восеъ, менеҷери лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок намуданд.   Муассисаи мазкур барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, корҳои таъмиру азнавсозии он анҷом дода шудаанд. Бинои муассиса дуошёна буда, дорои 25 синфхона мебошад. Аз ҷумла, лабораторияҳои фанҳои физика, химия ва биология, синфхонаи компютерӣ ва 20 синфхонаи таълимӣ дар он ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин, муассиса дорои толори варзишӣ, толори маҷлис, ошхона, ҳуҷраи кории директор, ҳуҷраи омӯзгорон ва маркази инкишофи кӯдак мебошад.   Дар ҳудуди муассиса майдони варзишӣ барои футбол, ҳавзи зиддисӯхтор, дегхона, анбор ва манораи обфишор сохта шуда, корҳои ободонӣ ва маҳкамсозии гирду атрофи муассиса анҷом дода шудаанд. Бино бо системаи гармидиҳӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.   Бо ба истифода додани муассиса барои 79 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шуда, барои фарогирии 640 хонанда ба таҳсил шароити мусоид муҳайё гардид.   Корҳои таъмиру азнавсозии муассиса дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» амалӣ гардиданд.   Ифтитоҳи муассисаи мазкур дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар намудани муҳити таълим қадами муҳим ба ҳисоб меравад.

    43

    28.09.2026