19.09.2025

 img

Бо мақсади шиносоӣ аз раванди таълиму тарбия, корҳои ободонӣ, шароити синфхонаҳо ва интизоми меҳнат, имрӯз, 19 сентябри соли 2025, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода беогоҳӣ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ноҳияи Ёвон боздид намуд.

 

Дар шароите ки таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф рӯз ба рӯз бештар гардида, барои пешрафти низоми таҳсил шароити мусоиди моддиву техникӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе муассисаҳои таълимӣ татбиқи самараноки ин сиёсати давлатӣ бо мушкилот рӯбарӯ мебошад.

 

Зимни боздид маълум гардид, ки дар муассисаи мазкур, бо вуҷуди дастгирии доимии давлат, дар самтҳои таълиму тарбия, корҳои тарбиявӣ ва таъмини интизоми меҳнат камбудиҳои муайян ҷой доранд. Муассиса, ки соли 2016 таъсис ёфтааст, бояд аз лиҳози шароит, муҳити омӯзишӣ ва сатҳи ташкили дарсҳо ҷавобгӯи талаботи замони муосир бошад, вале вазъ дар шароити нигаҳдории муассиса нигаронкунанда мебошад.

 

Дар муассиса 54 нафар омӯзгор ба таълими 1680 хонанда дар ду баст машғул мебошанд. Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни дарси яке аз гурӯҳҳо мушоҳида гардид, ки танҳо 21 нафар аз 29 хонанда ҳузур доштанд, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи нокофӣ ба масъалаи ҳозиршавии хонандагон ба дарс мебошад. Илова бар ин, аз 21 компютердар синфхонаи компютерӣ, танҳо 3 адади он фаъол буд, ки ин ҳолат нигаронкунанда арзёбӣ гардид. Ҳолати мазкур равшан мекунад, ки нигоҳубини таҷҳизот ва таъмини дарс бо шароити зарурӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда нашудааст ва баъзан муассисаҳо ба шуъбаҳои маориф аз бемасъулиятӣ омори саҳеҳ ироа намекунанд.

 

Ҳатто хонандагони ҳузурдошта натавонистанд ба саволҳои оддӣ, аз ҷумла, муаррифии худ ба забонҳои русӣ ва англисӣ ё фаҳмиши мафҳуми “технологияи иттилоотӣ” ҷавоби дуруст диҳанд. Ин ҳолат на танҳо нишондиҳандаи камбуд дар раванди омӯзиш аст, балки то андозае, сатҳи масъулияти худи хонандагон ва инчунин саҳми волидонро дар раванди таълиму тарбия зери суол мебарад.

 

Дар баробари ин, омезиши гуруҳҳои синфҳои 8 ва 9 дар як соати дарсӣ хилофи талаботи меъёрҳои таълим буда, нишон медиҳад, ки ташкили дарсҳо дар баъзе мавридҳо аз рӯйи принсипҳои равшан ва қонунӣ сурат намегирад. Ҳамзамон, ҳолати дарсшиканӣ аз ҷониби баъзе хонандагон, дар ҳолате ки соати дарсӣ ҳанӯз ба анҷом нарасида буд, баёнгари заъфи назорат дар дохили муассиса ва ноогоҳии баъзе хонандагон аз аҳамияти таҳсил мебошад.

 

Сару либоси тавсиявии хонандагон низ риоя нагардидааст, ки дар ин самт низ назорати дурусти маъмурият ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо волидон ва худи хонандагон зарур аст.

 

Вазири маориф ва илм зимни боздид, вобаста ба вазъи муассиса ва камбудиҳои мушоҳидагардида, таъкид намуд, муносибати масъулин бояд боз ҳам ҷиддитару бо масъулияти бештар ба роҳ монда шавад. Камбудиҳо дар сатҳи таҳсил, интизом, муҳити омӯзиш ва сатҳи омодагии хонандагон бояд ба таври таҳлилӣ баррасӣ гардида, ислоҳи онҳо ба таъхир гузошта нашавад.

 

Дар баробари масъулияти омӯзгорон ва маъмурияти муассиса, вазорат зикр мекунад, ки нақши волидон дар таъмини интизоми фарзандон ва дастгирии раванди таълим хеле муҳим аст. Бетафовутӣ ва беназоратии баъзе волидон нисбат ба рафтор ва таҳсили фарзандон, сабаби дуҷонибаи ба вуҷуд омадани мушкилот гаштааст.

 

Вазир таъкид кард, ки ҳар як корманди соҳаи маориф вазифадор аст, ки бо эҳсоси ватандӯстӣ ва садоқат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолияти худро ба роҳ монда, ба татбиқи амалии сиёсати маориф ҷиддӣ мусоидат намояд. Махсусан дар ҳамкорӣ бо волидон ва ҷомеа, шароити муассисаҳо беҳтар шуда, сатҳи таълим ва интизоми хонандагон ба маротиб баланд мегардад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БЕ ОГОҲӢ. ШИНОСОӢ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №16 НОҲИЯИ ЁВОН img
  • БЕ ОГОҲӢ. ШИНОСОӢ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №16 НОҲИЯИ ЁВОН img
  • БЕ ОГОҲӢ. ШИНОСОӢ АЗ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №16 НОҲИЯИ ЁВОН img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ 29 сентябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз намуда, иброз дошт, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзандаи худро гузоранд. Сипас, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.   Дар ҷараёни ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳимми соҳа мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҳисоботи сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон А. Мирзоқанд “Оид ба вазъи фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ, таъсиси марказҳои рушди барвақтии кӯдак ва иҷрои барномаҳои давлатии марбут ба самти томактабӣ” ба таври маҷозӣ шунида шуд.   Дар рафти баррасии масъала натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилоят дар ин самт, дастовардҳо, мушкилоти ҷойдошта ва вазифаҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.   Муовини якуми вазири маориф ва илм вобаста ба масъалаи мазкур таъкид намуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, рушди марказҳои рушди барвақтии кӯдак ва иҷрои босифати барномаҳои давлатии марбут ба самти томактабӣ, роҳбарияти раёсати маорифи вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, беҳтар намудани шароити муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди барвақтии кӯдак тадбирҳои мушаххас андешанд.   Ҳамчунин, вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои мушовара ва ҷаласаҳои назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 Ҷ. Амиров, котиби ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм ва оид ба баррасии китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ У. Ҳасанзода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ баромад намуда, иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулгардида, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими назорати иҷрои онҳо ва раванди таҳия, баррасӣ ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимию методиро мавриди баррасӣ қарор дод.   Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои беҳтар намудани фаъолияти соҳаи маориф ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.   Раиси ҷаласа зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки аҳли маорифи кишвар вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    38

    29.09.2026
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2026» Имрӯз, 29 сентябри соли 2026 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №59-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз рафти баргузории даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2026» дидан намуд.   Зимни боздид вазир бо ҷараёни озмун, фаъолияти иштирокчиёни даври ниҳоӣ ва тарзи иҷрои шартҳои озмун аз наздик шинос шуда, Иштирокчиён маҳорати касбӣ, таҷрибаи педагогӣ, усулҳои кор бо кӯдакон ва малакаҳои эҷодии худро муаррифӣ карданд.   Вазири маориф ва илм бо аъзои комиссияи озмун суҳбат намуда, таъкид кард, ки баҳогузории иштирокчиён бояд бар асоси талаботи Низомномаи озмун, бо риояи меъёрҳои муайяншуда ва дар фазои шаффофу одилона анҷом дода шавад. Таъкид гардид, ки натиҷаи озмун бояд маҳз фаъолияти касбӣ, дониш, таҷриба, маҳорати педагогӣ ва дастовардҳои воқеии иштирокчиёнро инъикос намуда, ғолиб дар асоси натиҷаҳои воқеии баҳогузорӣ муайян карда шавад.   Вазир ба масъулини баргузории озмун дастур дод, ки дар тамоми марҳилаҳои озмун ба риояи талаботи муқарраргардида, шаффофияти раванди баҳогузорӣ ва муносибати баробар ба ҳамаи иштирокчиён таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.   Ёдовар мешавем, ки даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2026» рӯзҳои 28-30 сентябр баргузор гардида, дар ҷамъбасти он ғолиби озмун дар асоси натиҷаҳои баҳогузории комиссия муайян ва бо ҷоми озмун, диплом ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда мешавад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    37

    29.09.2026
  •  img
    ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ Дар деҳаи Нонҷемаси Ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 мавриди истифода қарор гирифт.   Дар маросими ифтитоҳи муассиса муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон З. Абдулзода, муовини раиси ноҳияи Восеъ, менеҷери лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат», намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорон ва хонандагони муассиса иштирок намуданд.   Муассисаи мазкур барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, корҳои таъмиру азнавсозии он анҷом дода шудаанд. Бинои муассиса дуошёна буда, дорои 25 синфхона мебошад. Аз ҷумла, лабораторияҳои фанҳои физика, химия ва биология, синфхонаи компютерӣ ва 20 синфхонаи таълимӣ дар он ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин, муассиса дорои толори варзишӣ, толори маҷлис, ошхона, ҳуҷраи кории директор, ҳуҷраи омӯзгорон ва маркази инкишофи кӯдак мебошад.   Дар ҳудуди муассиса майдони варзишӣ барои футбол, ҳавзи зиддисӯхтор, дегхона, анбор ва манораи обфишор сохта шуда, корҳои ободонӣ ва маҳкамсозии гирду атрофи муассиса анҷом дода шудаанд. Бино бо системаи гармидиҳӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.   Бо ба истифода додани муассиса барои 79 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда шуда, барои фарогирии 640 хонанда ба таҳсил шароити мусоид муҳайё гардид.   Корҳои таъмиру азнавсозии муассиса дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» амалӣ гардиданд.   Ифтитоҳи муассисаи мазкур дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар намудани муҳити таълим қадами муҳим ба ҳисоб меравад.

    43

    28.09.2026