26.08.2026
26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрону шаҳрвандон бунёд гардидааст.
Дар бино қабулгоҳ, толори интизорӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои хизматрасонии “Равзанаи ягона” ва китобхона ҷойгир шудаанд.
Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, компютер ва дигар таҷҳизоти муосири корӣ муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бино бо низоми гармидиҳии мутамарказ пайваст аст.
Дар атрофи бино ободонию сабзкорӣ анҷом дода шудааст. Атрофи бино бо гулу гиёҳҳои мавсимӣ, дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз оро дода шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон зимни шиносоӣ бо шароити иншоот ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини хизматрасонии босифат ва муносибати масъулиятнок ба муроҷиати шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.
Хабарҳои дигар
-
Боздид аз шаҳри Левакант ва ба истифода додани корхонаи истеҳсолии Хишти диёри ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Левакант ва фаъолону сокинон бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Косибони деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант корхонаи истеҳсолии Хишти диёрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корхонаи муосири «Хишти диёр» дар шаҳри Левакант ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 250 ҳазор ва дар як сол 90 миллион дона хишт мебошад. Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар муҳлати 1 сол бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар раванди сохтмон сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд. Корхона дар заминаи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъати корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати бештар аз 12 гектар бунёд шуда, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад. Ин омил ба татбиқи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мусоидати амиқ менамояд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Корхонаи истеҳсолии Хишти диёр 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд. Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли хишти пухта дар Корхонаи Хишти диёр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии нозироти андоз дар шаҳри Левакант ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 400 хонандаро дар ду баст дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдат ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
1
26.08.2026 -
Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон 26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз гардид. Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Ёвон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, масъулони ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо самимият истиқбол гирифтанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин маҷмааи муҳташами меъморӣ, ки бозгӯй аз таъриху тамаддун, давлатдории миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Ёвон бунёд гардидааст. Майдони рамзҳои давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 1,1 гектар ҷойгир шудааст. Сутунпояи Парчами давлатӣ 56 метрро ташкил намуда, матоъи Парчам бо дарозии 15 ва паҳноии 7,5 метр парафшон шудааст. Таҳкурсии иншоот аз сангҳои хорои ватанӣ бунёд ёфтааст. Дар паҳлуи Парчами давлатӣ муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохта, ба ҳусни мавзеъ шукӯҳи бештар бахшидааст. Баландии худи муҷассама 8 метр буда, бо таҳкурсӣ баландии умумии он ба 14 метр мерасад. Истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ ва маҳорати ҳайкалтарошони тоҷик ба муҷассама намои хос бахшида, онро ба як асари меъмории дорои мазмуни баланди таърихиву миллӣ табдил додааст. Гузоштани шер аз ду паҳлӯи муҷассама бозгӯй аз мардонагӣ, ҷасорат ва тавонмандии миллати тоҷик аст. Рамзи дигари кишвари соҳибистиқлол ва давлатдории навини тоҷикон – Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шудаааст. Иншооти муҳташами меъморӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат хизмат намуда, дар таҳкими худшиносӣ ва ифтихору сарафарозӣ аз давлатдории навини тоҷикон аҳамияти хос дорад. Имрӯз ин макон на танҳо симои ноҳияи Ёвонро дигаргун кардааст, балки метавонад ба як мактаби маънавии худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврас табдил ёбад. Зеро ҳар як рамзи давлатӣ дар ин ҷо ба таърихи миллат, соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ пайванд дорад. Баробари ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон як гӯшаи нави ободу зебо ва дорои аҳамияти миллӣ ба вуҷуд омад, ки аз ин пас барои баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, инчунин тамошову истироҳати сокинону меҳмонон хизмат хоҳад кард. Муҳимтар аз ҳама, ин макон метавонад ба мавзеъе табдил ёбад, ки дар он эҳтиром ба Парчам, Нишони давлатӣ, таърихи давлатдории тоҷикон ва арзишҳои миллӣ дар қалби наслҳои нав боз ҳам устувор мегардад.
6
26.08.2026 -
Ба таври фосилавӣ ифтитоҳи 14 иншоот дар ноҳияи Ёвон ва 5 иншоот дар ноҳияи Хуросон 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 14 иншооти таъйиноти гуногун ва 5 иншооти соҳаҳои саноату маорифро дар ноҳияи Хуросон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ доданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хиштҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи гач, ки иқтидори солонаи он 1,5 млн. дона хиштро ташкил медиҳад, расман оғоз бахшиданд. Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 18 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳия корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии Агромикси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талко Кемикал, ки дар як сол 12,5 ҳазор тонна агромикс истеҳсол мекунад, мавриди истифода қарор дода шуд. Корхонаи истеҳсолии Агромикс бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардида, се номгӯи маҳсулот, аз ҷумла сулфати аммоний, доломит ва фосмука истеҳсол мекунад. Дар баробари ба фаъолият оғоз бахшидани корхона дар марҳилаи аввал 24 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Иншооти дигари фосилавӣ ифтитоҳшуда масири Ёвон – Рӯдакӣ – Душанбе мебошад, ки 31 километрро ташкил дода, аз ҷониби соҳибкори ҳимматбаланд ва меҳандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов таъмиру навсозӣ гардидааст. Зимни шиносоӣ аз ин қитъаи роҳ иттилоъ дода шуд, ки масири мазкур аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, мутобиқ ба талаботи муосир бо паҳноии 8 метр мумфарш карда шудааст. Дар ҳамин ҷо роҳи Ёвон-Ваҳдат-Норак, ки дар масофаи 18 километр бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло пурра навсозӣ шудааст, ба истифода дода шуд. Инчунин 3 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Наврӯзгоҳи деҳоти Норини ноҳияи Ёвон мумфарш шудааст, дар ҳамин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунёд ёфтани ин қитъаи роҳҳо дар рушди инфрасохтори нақлиётии ноҳия, ҳаракати мунтазам дар тамоми фасли сол, беҳтар гардидани иртибот бо шаҳру ноҳияҳои дигар, интиқоли зуд ва бехатарии мусофирон, молу маҳсулоти саноатӣ ва коҳиш додани хароҷоти нақлиётӣ мусоидат мекунад. Дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 70 километр роҳҳо мумфарш карда шуда, дар оянда боз бунёди 30 километр роҳи дигар дар назар дошта шудааст. Иншооти навбатӣ бинои нави Муассисаи таълимии рақами 84 ба ҳисоб меравад, ки дар ҳамин рӯз ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, имсол дар он 800 хонанда дар ду баст соли нави таҳсилро оғоз менамоянд. Ҳоло дар ин муассиса 4 ҳуҷраи корӣ ва 18 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Бо бунёди ин бино дигар толибилмон масофаи 3-5 километрро тай накарда, аз ин пас тадрисро дар мактаби деҳаи худ идома медиҳанд. Бинои дуошёнаи иловагии муассисаи таълимии рақами 3 воқеъ дар деҳаи Ҳинддараи деҳоти Обшорон аз иншооти дигари соҳаи маориф мебошад, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд. Иншооти навбунёд аз 16 синфхона ва 9 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои асосии муассиса аз соли 1972 сохта шуда, бо гузашти солҳо ба таъмири асосӣ ниёзманд шуда буд. Дар ин ҷо бо оғози соли нави хониш 32 омӯзгор ба зиёда аз 800 хонанда дарс хоҳанд дод. Ҳамзамон иншооти навбатии мавриди истифода қароргирифта бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии рақами 69 ба номи Асадулло Ғулом воқеъ дар деҳаи Тағойободи деҳоти Обшорон мебошад. Бино аз 17 синфхонаи таълимӣ ва 8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти нав бо саҳми соҳибкор Акбар Асадулло ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Бо бунёди ин бино 34 омӯзгор соҳиби кори доимӣ гардиданд. Бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 27 дар деҳаи Калфи сабади деҳоти Ситораи сурхи ноҳия дар ҳамин рӯз дари худро барои хонандагон боз намуд. Дар ин муассисаи таълимӣ 400 ҷойи нишаст барои хонандгон дар ду баст таъсис дода шуда, дорои 8 синфхона ва 3 ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар ин ҷо низ 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мегарданд. Ҳамин тавр дар доираи сафари кории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва идомаи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори истибқоли сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ 66 синфхона барои ба таълим фаро гирифтани 3300 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. Инчунин корҳои сохтмони дар 23 муассисаи таълимии дигар, ки аз 283 синфхона иборат мебошанд ва барои 14 ҳазору 150 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо маром ҷараён дорад. Ҳоло дар ноҳияи Ёвон зиёд аз 64 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2800 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст. Саҳми корхонаҳои мазкур дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 43,1 фоизро ташкил медиҳад ва дар онҳо 75 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол мешавад. Дар нимсолаи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 934 млн. 369 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. Ҳамзамон дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаро, ки бо ғунҷоиши 1600 тонна маҳсулот барои ба муҳлати дароз нигоҳдории дастранҷи кишоварзони ноҳияи Хуросон бунёд шудааст, ба истифода доданд. Ин сардхона дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Асадулло сохта шуда, он аз ду қисмат ва 16 ҳуҷраи нигоҳдории маҳсулот иборат мебошад ва ҳар яки онҳо то 100 тонна иқтидори ғунҷоиш доранд. Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Хоҷагии деҳқонии мазкур дар ихтиёри худ 16 ҳазор гектар замин дошта, майдони 1027 гектари онро дарахтони меваҳои хушсифат ва боғи ангур ташкил медиҳад. Корхонаи истеҳсоли қуттиҳо ва бандубасти меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази агрологистикии Меваи тоҷик низ дар ҳамин рӯз ба фаъолият оғоз намуд. Ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 2800 ва дар як сол 1 млн 8 ҳазор қуттӣ барои бандубасти меваи хушк истеҳсол мекунад. Дар ин корхона 20 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид. Бинои навбатии ифтитоҳгардида муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Бандари деҳоти Сурхқалъа мебошад, ки барои бо таълим фаро гирифтани 624 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ин муассисаи таълимӣ аз ду ошёна ва 13 синфхонаи барҳаво иборат мебошад. Дар ҷараёни сохтмони бинои нав 20 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буд. Бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 35 низ, ки дар деҳаи Аёнчашмаи деҳоти Фахробод сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, дорои 384 ҷойи нишаст мебошад ва барои 768 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯст қомат афрохт. Баъди ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ норасоии синфхонаҳо ва ҷойи нишаст пурра бартараф гардид. Муассисаи таълимии рақами 36 дар деҳаи Баҳористони деҳоти Фахробод сеюмин иншооти соҳаи маориф буд, ки ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои нави иловагии муассиса дорои 11 синфхонаи барҳаво буда, барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Ин муассисаи таълимӣ аз тарафи сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Дар идомаи чорабиниҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Хуросон 269 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ҳол 248-тои он мавриди истифода қарор дода шудаанд. Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 23 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 25 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, дар натиҷа зиёда аз 650 ҷойи корӣ фароҳам гардид. Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти як зумра иншооти таъйиноти гуногун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди босуръати корҳои ободонӣ ва созандагӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайёсозии шароити арзанда барои сокинон дастуру тавсияҳо доданд.
3
26.08.2026