25.07.2025

 img

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бори аввал аз Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандаи синфи 10-и Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб Даминов Муҳаммадюнус дар мактаби тобистонаи байналмилалии шаҳри Лондони Британияи Кабир иштирок намуд.

 

Мактаби тобистонаи байналмилалӣ бо ҷалби хонандагони зиёда аз 80 кишвари ҷаҳон ташкил шуда, раванду барномаи таълимии он аз ҷониби дорандагони ҷоизаи бонуфузи Нобел роҳандозӣ мегардад.

 

Машғулиятҳо асосан ба фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ равона гардида, барои рушди ҷаҳонбинии илмии насли наврас ва тавсеаи дониши касбӣ имконияти беназир фароҳам меоранд.

 

Иштироки намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин як чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ далели равшани боло рафтани сифати таҳсилот ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БОРИ АВВАЛ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК НАМУД img
  • БОРИ АВВАЛ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК НАМУД img
  • БОРИ АВВАЛ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ИШТИРОК НАМУД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК БО 14 МЕДАЛ АЗ ОЛИМПИАДАИ IKO-2025 БАРГАШТАНД Имрӯз, 29.07.2025 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқбол аз ғолибони Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 баргузор гардид.   Дар маросими пазироӣ ҳайати Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва омӯзгорон иштирок намуда, ғолибон бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуданд, ки нишонаи эҳтиром ва қадрдонии ҷомеа аз дастовардҳои хонандагон мебошад.   Бояд тазаккур дод, ки аз 21 то 27 июли соли равон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 аз фанҳои математика ва забони англисӣ бо иштироки беш аз 218 хонанда аз кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Мянмар ва Камбоҷа баргузор карда шуд. Дар Олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик сазовори 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардиданд.   Иштирок ва пирӯзии хонандагони тоҷик дар чунин олимпиадаҳои байналмилалӣ бозгӯйкунандаи рақобатпазир гардидани донишомӯзони кишвар ва тадбирандешиҳои судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад. Ин дастовардҳо дар доираи иҷрои бомуваффақияти Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 амалӣ карда мешаванд, ки ҳадафи он дастгирӣ ва тақвияти донишу малакаи хонандагони лаёқатманд аст. Ин ғалабаҳо на танҳо обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, балки барои насли наврас илҳом бахшида, онҳоро ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ташвиқ менамоянд.

    8

    29.07.2025
  •  img
    НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД Имрӯз, 28 июли соли 2025 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, муовини якуми вазир, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, муовини сардори Сарраёсати шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, намояндагони Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузоришаванда дар соҳаи маориф ва 55 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.   Дар нишаст аз ҷониби 15 нафар намояндаи ВАО зиёда аз 30 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири маориф ва илм, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ посухҳои мушаххас доданд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    88

    28.07.2025
  •  img
    ЭҲТИЁҶОТро аз НОРАСОӢ фарқ кунем (д)! Дӯстони азиз!   Ҳамасола яке аз масъалаҳое, ки дар нишасти матбуотӣ ё баъд аз он мавриди баҳсу мунозираҳо қарор мегирад, ин мавзуи норасоии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.   Имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба суоли хабарнигорон роҳбарияти вазорат иттилоъ доданд, ки алъон муассисаҳои таълимӣ ба 3848 нафар омӯзгор ЭҲТИЁҶ доранд. Яъне, ҳамасола баъд аз анҷоми соли таҳсил, раёсату шуъбаҳои маориф барои соли таҳсили нав ба Вазорати маориф ва илм дархост пешниҳод мекунанд, ки ба чанд омӯзгор ЭҲТИЁҶ ҷой дорад. Ҳоло, ки давраи таътил аст ва сарбории омӯзгорон, ки асосан, дар моҳи август тақсим мешавад, аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маориф ба вазорат барои 3848 нафар омӯзгор дархост пешниҳод шудааст. Ва ин ҳоло маънои НОРАСОИи омӯзгорон дар муассисаҳои таълимиро надорад.   Ҳамасола бо дарназардошти эҳтиёҷоти пешниҳодшуда Вазорати маориф ва илм тибқи роҳхат хатмкунандагони ихтисосҳои омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба муассисаҳои таълимӣ ба кор сафарбар менамояд. Инчунин, дар сурати зиёд будани эҳтиёҷот, донишҷӯёни курсҳои 4-5 низ ба кор фиристода мешаванд.   НОРАСОИи воқеӣ ба омӯзгор дар муассисаҳои таълимӣ танҳо баъд аз моҳи сентябр, яъне дар моҳҳои октябр-ноябр муайн карда мешавад. Дар он вақт метавон гуфт, ки дар муассисаҳои таълимӣ чанд нафар омӯзгор намерасад.   Инчунин, набояд фаромӯш кард, ки омаду рафти омӯзгорон ин раванди табиӣ аст, ки бо дарназардошти тағйири ҷойи зист, тағйири касб, баромадан ба рухсатии таваллуд, баромадан ба рухсатии нигоҳубини кӯдак, фавт, беморӣ дар раванди дарс дар муассисаҳо норасоӣ ба миён меояд.   Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм, аз ҳисоби хатмкардагони зинаи таҳсилоти олии касбӣ 2436 нафар аллакай тибқи роҳхат ба ҷойи кор фиристода шуданд.

    27

    28.07.2025