БОРИ НАХУСТ: БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ"

30.10.2024

30 октябри соли равон дар Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Озмуни шаҳрии “Беҳтарин донандаи Конститутсия” оғоз гардид. Озмунро муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки озмуни мазкур таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо асноди меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таъмини назму тартибот ва волоияти қонун, густариши тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ва камолоти фарҳангии насли наврасу ҷавон бори нахуст баргузор карда мешавад.

 

Таъкид гардид, ки озмун ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 миёни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди пойтахт баргузор карда мешавад.

 

Сипас, дар толори компютерии Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе саводнокии конститутсионии хонандагону донишҷӯён тариқи саволномаҳои тестӣ санҷида шуд. Тибқи муқаррароти Низомномаи озмун санҷиши саводнокии конститутсионии довталабон тариқи шифоҳӣ низ дар назар гирифта шудааст.

 

Бояд гуфт, ки ғолибоне, ки ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро ба даст меоранд дар арафаи таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои таъсисдодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда мешаванд.

  • БОРИ НАХУСТ:  БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ" img
  • БОРИ НАХУСТ:  БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ" img
  • БОРИ НАХУСТ:  БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ" img
  • БОРИ НАХУСТ:  БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ" img
  • БОРИ НАХУСТ:  БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ" img
  • БОРИ НАХУСТ:  БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ" img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД 30 октябри соли равон дар Театри давлатии академиии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиёни озмун, волидайни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ВАО иштирок намуданд.   Дар оғоз раиси комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ намуда таъкид кард, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон баргузор гардида истодааст.   Дар ин росто баргузории ҳамасолаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» саҳифаи нав дар раванди эҳё намудани анъанаи аҷдодии миллати мо мебошад, ки ба инсоният силсилаи нобиғаҳоро дода, сатҳи донишандӯзӣ, таҳқиқот ва дар умум илми тоҷикро то ба садри илми ҷаҳонӣ бароварданд.   Имсол озмуни мазкур аз рӯи 7 номинатсия - “Математика”, «Физика ва астрономия», «Химия», “Биология”, «География», “Технологияи иттилоотӣ”, “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ”, байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умҶумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таъдимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.   Ҷамъбасти натиҷаи озмун нишон дод, ки аз номинатсияи “Математика” байни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП) 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи «Физика ва астрономия» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи «Химия» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони МТМУ типи нав (литсейҳо, гимназияҳо, муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи “Биология” байни донишҷӯён, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони МТМУ-и типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи «География» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ) типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва МП), 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, байни ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон аз рӯи ихтисос, докторантони хабилитат ва унвонҷӯён, омӯзгорони муассисаҳои таъдимӣ, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони касбу кори гуногун 1 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, ва 3 ҷойи сеюм, сарфароз гардонида шуданд.   Инчунин, омӯзгороне, ки дар омода намудани шогирдонашон саҳм гузоштаанд бо ифтихоронма ва мукофотпулӣ қадршиносӣ гардиданд. Дар ин росто падару модароне, ки фарзандонашон дар озмуни мазкур иштирок намуда ҷойҳои муайянро ишғол намудаанд бо нишони “Маърифатпарвар” ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардиданд.

    30

    30.10.2024
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ 30-юми октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорону мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Нахуст вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.   Сипас, гузориши сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳикматулло Саидзода оид ба «Натиҷаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2024-2025» шунида шуд.   Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа иброз дошт, ки дар соли таҳсили 2024-2025 1269 квота барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 61 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷудо карда шуд, ки 651 ҷой барои духтарон ва 618 ҷой барои писарон мебошад. Гуфта шуд, ки боло бурдани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, таҳсили ҷавондухтарон ва ҷавонписарони деҳот тариқи квотаи президентӣ дар рушду тавсеаи самти таҳсилоти олии касбӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.   Дар идома сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ Умед Ҳасанзода доир ба риояи талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи тирамоҳу зимистонгузаронии солҳои 2024-2025 дар муассисаҳои соҳаи маориф суханронӣ намуда, иброз дошт, ки риояи қоидаҳои бехатарӣ барои пешгирӣ аз сӯхтор дар биною иншоотҳои соҳа амри зарурист.   Инчунин, гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Наврӯз Ҷумъамурод оид ба дастури методии «Инкишофи маърифати сенсории кӯдакони синни 2 - 4-сола» барои муассисаҳои томактабӣ, китоби дарсии «Алифбо ва матни ниёгон» барои хонандагони синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, китоби дарсии «Английский язык» (Забони англисӣ) барои хонандагони синфи 5-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чанд китоби дарсии дигар шунида шуд.   Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.   Дар охир, вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, боло бурдани сифати таълиму тарбия, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    56

    30.10.2024
  •  img
    ВОХӮРӢ БО САРДОРИ НАМОЯНДАГИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ДАР ДУШАНБЕ 30-юми октябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо сардори тозатаъини бахши ҳамкориҳои Намояндагии Иттиҳоди Аврупо хонум Изабел Уриз Ҳернандез баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм, сардори раёсати байналмилалии дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе иштирок намуданд.   Нахуст муовини якуми вазири маориф ва илм меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе дар соҳаи маориф изҳори қаноатмандӣ намуд. Ҳамзамон, муовини якуми вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза дар рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи маориф ва илм саҳми арзанда хоҳад гузошт.   Дар навбати худ Изабел Уриз Ҳернандез вохӯрии имрӯзаро боиси вусъат пайдо кардани равобити дуҷониба дар оянда унвон намуда, иброз дошт, ки Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе барои вусъати ҳамкориҳо бо Вазорати маориф ва илм ҳавасманд мебошад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    31

    30.10.2024