08.10.2026

 img

8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи сайёҳии миллии Авазаи Туркманистон якҷо бо дигар сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳо боздид намуданд.

 

Дар доираи фестивал гӯшаҳои миллии намояндагони кишварҳо ташкил гардида, онҳо тавассути пешниҳоди таомҳои миллӣ, расму оин ва ороиши дастархон анъанаҳои меҳмондории худро муаррифӣ намуданд.

 

Гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таомҳои миллӣ ва суннатии мардуми тоҷик, ороиши хоси дастархони миллӣ, намунаҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ва дигар неъматҳои табиии Тоҷикистон диққати иштирокдорони фестивалро ба худ ҷалб намуд.

 

Ҳамзамон, дар гӯшаи Тоҷикистон имкониятҳои сайёҳии кишвар муаррифӣ гардид.

 

Намунаҳои ҳунарҳои суннатии тоҷикон, аз ҷумла чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва ғайра ба маъраз гузошта шуд.

 

Дар бахши саноатии гушаи Тоҷикистон маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ва намунаҳои молҳои дорои аҳамияти иқтисодию содиротӣ муаррифӣ гардид.

 

Бахши кишоварзии гӯшаи Тоҷикистон низ бо пешниҳоди молу маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли ватанӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор гирифт. Ин бахш имкониятҳои фаровони табиӣ ва иқтидори кишоварзии кишвар, заҳмати созандаи кишоварзон ва имкониятҳои Тоҷикистонро дар самти истеҳсол ва коркарди анвои хӯрока инъикос намуд.

 

Дар ҳамин мавзеъ дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳо барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  намоиш дода шуд.

 

Барномаи консертӣ бо мақсади муаррифии беҳтарин намунаҳои фарҳанг ва санъати мардумони давлатҳо ва таҳкими робитаҳои дӯстонаи фарҳангӣ ва эҷодии миёни кишварҳои иштирокдор ташкил гардида, ба як намоиши бузург табдил ёфт.

 

Дар ин чорабинии муҳим Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони аҳли фарҳанг ва санъат, ҳунармандони касбӣ ва гурӯҳҳои эҷодӣ муаррифӣ намуданд.

 

Ҳунармандони тоҷик бо барномаи махсуси консертӣ, ки дар он беҳтарин намунаҳои мусиқии миллӣ, суруд ва рақси суннатӣ ҷо дода шуд, дар назди иштирокдорони чорабинӣ ва меҳмонони воломақом ҳунарнамоӣ намуданд.

 

Ҳунарнамоии аҳли фарҳанги Тоҷикистон бо иҷрои суруду оҳангҳои миллӣ оғоз гардида, дар идомаи он намунаҳои гуногуни санъати мусиқӣ ва рақсии тоҷикӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

Дар ин барномаи бошукӯҳ ҳар як кишвари иштирокдор бо пешниҳоди намунаҳои беҳтарини фарҳанг ва санъати миллӣ симои фарҳангии худро муаррифӣ намуд.

 

Ин иқдом имкон фароҳам овард, ки ҳозирин бо гуногунрангӣ, ғановати маънавӣ ва анъанаҳои миллии мардумони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар ошно гарданд.

  • Боздид аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва иштирок дар барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Туркманистон img
  • Боздид аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва иштирок дар барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Туркманистон img
  • Боздид аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва иштирок дар барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Туркманистон img
  • Боздид аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва иштирок дар барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Туркманистон img
  • Боздид аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва иштирок дар барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъати давлатҳои иштирокдори ИДМ дар Туркманистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Оғози бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе Бегоҳии 9 октябр пас аз бозгашт аз Туркманистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фурудгоҳи Душанбе ба сохтмони бинои терминали нави байналмилалӣ санги асос гузоштанд.   Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи терминали нави байналмилалӣ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо риояи тамоми меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ сохта хоҳад шуд.   Иқтидори терминали муосир баробар ба хизматрасонии 8,5 миллион мусофир дар як сол мебошад.   Муҳлати сохтмони бино якуним сол муайян гардида, он бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ ва ҷалби садҳо мутахассиси ботаҷриба бунёд мегардад.   Ҳадаф аз бунёди иншооти нав таъмини сатҳи баланди қабул ва гусели мусофирон тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва анъанаҳои накуи меҳмоннавозии тоҷикона мебошад.   Аснои шиносоӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти фурудгоҳ ва дигар шахсони масъул супориш доданд, ки корҳо бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, терминали нав дар муҳлати муайяншуда бунёду ба истифода дода шавад.

    3

    09.10.2026
  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ дар Туркманистон 9 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.   Сарвари давлати мо дар оғози сухан ба ҷониби Туркманистон барои сатҳи баланди ташкили ин нишаст ва меҳмоннавозии анъанавӣ арзи сипос намуда, дӯстони туркманро бо анҷоми бомуваффақияти раёсат дар ИДМ табрик гуфтанд ва ба  талошҳои онҳо дар ин мақом баҳои баланд доданд.   Сипас, Раҳбари давлати мо ҷаласаи кунунии Шурои сарони давлатҳоро, ки дар партави 35-умин солгарди таъсисёбии ИДМ баргузор мегардад, басо рамзӣ номида, таъкид доштанд, ки роҳи тайшуда дар ин солҳо аҳаммияти Иттиҳодро ҳамчун майдони муколамаи сиёсӣ, рушди робитаҳои иқтисодиву гуманитарӣ ва вокуниши муштарак ба хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ таъкид намуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заминаи боэътимоди ҳуқуқие, ки барои густариши рӯзномаи ҳамкории бисёрҷониба гузошта шудааст, ёдрас шуда, бо қаноатмандӣ таъкид доштанд, ки ИДМ ба шароити тағйирёбанда мутобиқ мешавад ва ҳамкорӣ дар доираи он бо назардошти воқеиятҳои нав таҳким меёбад.   Дар ин робита, аҳамияти рушди ҳамкории технологӣ, навовариҳо, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди “сабз” ва татбиқи лоиҳаҳои мушаххас дар соҳаи неруи барқароршаванда таъкид гардид.   Рушди пайвастаи робитаҳои нақлиётӣ, таваҷҷуҳи доимӣ ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, саноатӣ ва ҳамчунин, тақвияти ҳамёрии амниятӣ муҳим дониста шуд.   Сарвари давлат бо ёдоварӣ аз ташаббуси Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2027-2036 Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст, изҳор доштанд, ки мо якҷоя бо СММ ва дигар шарикони байналмилалӣ нақша дорем моҳи июни соли 2027 дар Душанбе конфронси байналмилалии сатҳи баландро барои оғози расмии Даҳсола баргузор намоем. Дар ин робита Пешвои миллат таъкид доштанд, ки иштироки фаъоли кишварҳои ИДМ дар ин чорабинӣ ва дар татбиқи ҳадафҳои Даҳсола, бешубҳа, боз як нишонаи ҳамбастагии муштараки кишварҳои иштирокдори Иттиҳод хоҳад буд.   Дар фароварди сухан Сарвари давлати мо бо пуштибонӣ аз қарорҳои дар ин ҷаласа қабулшаванда, таъкид намуданд, ки Тоҷикистон пайваста аз идомаи ҳамкории созандаи бисёрҷониба дар доираи ИДМ пуштибонӣ мекунад.

    5

    09.10.2026
  •  img
    Суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар минтақаи Авазаи Туркманистон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, аз ҳузури Президенти кишвари дӯсту бародар дар нишасти мазкур ҳамчун меҳмони фахрӣ истиқбол намуданд.   Зимни суҳбат як зумра масоили вобаста ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва роҳҳои минбаъдаи таҳким ва густариши онҳо баррасӣ шуд.

    4

    09.10.2026