02.07.2025

 img

Санаи 2 июли соли 2025, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан бо мақсади шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат ва барномаҳои таълимиву тарбиявии кӯдакон ва наврасон аз истироҳатгоҳи беруназшаҳрии шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард.

 

Дар ҷараёни боздид, муовини вазир бо роҳбарияти истироҳатгоҳ, тарбиятгирандагон ва роҳбарони гурӯҳҳо вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити будубоши кӯдакон, барномаҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ шинос гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистони 2025 ва татбиқи сиёсати давлатии наврасону ҷавонон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакон дар рӯзҳои истироҳат таъкидҳои зарурӣ баён карда шуданд.

 

Каримзода Равшан ташаббусҳои роҳбарият ва кормандони истироҳатгоҳро ҷиҳати фароҳам овардани муҳити солим ва фаъол барои истироҳати кӯдакон мусбат арзёбӣ намуда, пешниҳоди ҷорӣ намудани унсурҳои таълими экологӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳиро дар барномаҳои истироҳатӣ муҳим шуморид.

 

Дар анҷоми боздид, роҳбарияти истироҳатгоҳ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон минбаъд низ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.

  • БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРИМЗОДА РАВШАН АЗ ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ "ШАРОРА" img
  • БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРИМЗОДА РАВШАН АЗ ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ "ШАРОРА" img
  • БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРИМЗОДА РАВШАН АЗ ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ "ШАРОРА" img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТ БАРГУЗОР ГАРДИД 30 июли соли 2025 таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласа бо иштироки аъзои ҳайати мушовара, муовини якум, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор шуд.   Вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа таъкид намуд, ки соҳаи маориф ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди ин соҳа дар кишвар шароити мусоид муҳайё карда шудааст. Гуфта шуд, ки дар солҳои охир барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар кардани инфрасохтори соҳа ва баланд бардоштани нуфузи омӯзгорон тадбирҳои мусбӣ амалӣ гардида истодааст.   Дар идома сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳикматулло Саидзода вобаста ба натиҷаҳои комиссияи аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2024-2025 гузориш пешниҳод намуда, таъкид дошт, ки замони муосир ва пешрафти илму техника тақозо менамояд, ки ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони баландихтисос сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло равад ва он бояд ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад. Дар ин радиф, аттестатсияи хатм ҳамчун марҳилаи хотимавии таҳсил ба ҳисоб рафта, мутобиқати мазмун, мундариҷа ва сатҳу сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро ба талаботи Стандарти давлатии таҳсилот муқаррар менамояд.   Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаи мазкур иброз дошт, ки аттестатсияи хатм танҳо натиҷаи фаъолияти таълимии донишҷӯ набуда, балки аз фаъолияти тамоми кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро дар раванди таълим натиҷагирӣ менамояд. Роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки барои холисона ва воқеъбинона баҳогузорӣ кардани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии донишҷӯён рафти баргузории аттестатсияи хатмро назорат намоянд.   Сипас, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода дар бораи лоиҳаи Низомномаи Озмуни “Хонандаи сол” ва Тартиби сафарбар намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ маълумот дод.   Дар идома директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Умед Ҳасанзода оид ба тасдиқи адабиёти таълимӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гузориш пешниҳод намуд.   Дар ҷамъбасти ҷаласа, вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки бояд дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати беҳтар кардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тадбирҳои зарурӣ амалӣ гарданд. Таъкид гардид, ки роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки барои соли нави хониш ҳамаҷониба омодагӣ дида, атрофи муассисаҳоро тозаву озода намоянд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    29

    30.07.2025
  •  img
    ХОНАНДАГОНИ ТОҶИК БО 14 МЕДАЛ АЗ ОЛИМПИАДАИ IKO-2025 БАРГАШТАНД Имрӯз, 29.07.2025 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими истиқбол аз ғолибони Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 баргузор гардид.   Дар маросими пазироӣ ҳайати Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва омӯзгорон иштирок намуда, ғолибон бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта шуданд, ки нишонаи эҳтиром ва қадрдонии ҷомеа аз дастовардҳои хонандагон мебошад.   Бояд тазаккур дод, ки аз 21 то 27 июли соли равон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 аз фанҳои математика ва забони англисӣ бо иштироки беш аз 218 хонанда аз кишварҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Мянмар ва Камбоҷа баргузор карда шуд. Дар Олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик сазовори 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардиданд.   Иштирок ва пирӯзии хонандагони тоҷик дар чунин олимпиадаҳои байналмилалӣ бозгӯйкунандаи рақобатпазир гардидани донишомӯзони кишвар ва тадбирандешиҳои судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад. Ин дастовардҳо дар доираи иҷрои бомуваффақияти Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 амалӣ карда мешаванд, ки ҳадафи он дастгирӣ ва тақвияти донишу малакаи хонандагони лаёқатманд аст. Ин ғалабаҳо на танҳо обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, балки барои насли наврас илҳом бахшида, онҳоро ба омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ ташвиқ менамоянд.

    52

    29.07.2025
  •  img
    Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғзистон мулоқоти кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид.   Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима карданд.     Натиҷаҳои самараноки сафарҳои давлатии чанде пеши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.   Дар ин замина, Сарони давлатҳо муҳиммияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои дуҷонибаро   таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.   Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.

    42

    29.07.2025