БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

04.02.2025

Имрӯз (04.02.2025) вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳои Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳ боздид намуд.

 

Зимни боздид ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. ва намояндагони сохторҳои дахлдори Донишгоҳ аз фаъолияти Институти илмию таҳқиқотӣ сухан намуда, таъкид доштанд, ки Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллӣ дар зарфи беш аз 20 соли фаъолияти худ ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Он яке аз марказҳои асосии пажӯҳиш ва таҳқиқот дар миқёси ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

 

Имрӯзҳо дар пояи Институт як қатор мактабҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои физика, математика, химия, биология, геология, ҳуқуқшиносӣ, таърих ва иқтисодӣ амал мекунанд ва ин мактабҳо аз ҷониби олимони кишварҳои дохил ва хориҷи кишвар эътироф гардидааст.

 

Ёдовар мешавем, ки озмоишгоҳҳои Институт дорои дастгоҳҳои наву замонавӣ барои самтҳои илми химияву биотехнология, аз қабили «Электроспиннинги як насоса», «Спитеринг», «Инфиҷори электрикӣ» ва «Спектрофотометри нури дугона» мебошад, ки дар самти татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 – 20240 ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ мусоидат менамояд.

  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ img
  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ img
  • БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    1045-СОЛАГИИ ФАРЗАНДИ НОМВАРИ ТОҶИК, ДОНИШМАНД, ФАЙЛАСУФ ВА ТАБИБИ МАШҲУРИ ОЛАМ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО   Ба ин муносибат дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад Нимаи дуюми моҳи августи соли равон дар мамлакат 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино таҷлил мегардад. Ин ҷашн тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир мегардад. Дар санади мазкур дарҷ шудааст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, таҳслоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи нависандагон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷашни мазкурро бо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ –маърифатӣ дар бораи ин мутафаккири барҷастаю табиби ҷаҳоншумули тоҷик таҷлил намоянд. Бояд ёдовар шуд, ки вобаста ба ин ҷашн дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ баргузор карда мешавад. Имрӯз, 11 феврал бо мақсади баррасии корҳои омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1045-солагии мутафаккири барҷастаи ҷаҳон, олими тоҷик Абуалӣ ибни Сино бо ҳузури муҳаққиқон ва коршиносони соҳа ҳамоиш баргузор мегардад. Тавре Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт, дар Академия «Маркази синошиносӣ» фаъолият мекунад, ки таҳқиқоти васеъро оид ба зиндагӣ ва осори Ибни Сино анҷом медиҳад. «Илова бар ин, «Маркази синошиносӣ» то ҳол 8 ҷилди осори Абуалӣ ибни Синоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба табъ расонида, ҷилди нуҳуми он дар арафаи нашр қарор дорад. Ҳамчунин, 21 ҷилд аз осори ӯ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастрас мебошад»,-афзуд Қобилҷон Хушвахтзода. Ёдовар мешавем, ки 18 августи соли 1995 Парлумони Тоҷикистон ин рӯзро чун иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд. Зеро 1045 сол муқаддам, дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Аз ҳамон сол сар карда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамасола Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо шукуҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз беҳтарин кормандони соҳаи тиб зимни ҳамоишҳои идона ҳавасманд гардонида мешаванд. khovar.tj

    56

    11.02.2025
  •  img
    ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ ФОНДИ САУДИИ РУШД 11 феврали соли ҷорӣ дар Маркази татбиқи Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”вохӯрии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода бо намояндагони Фонди Саудии Рушд дар ҳайати муҳандис Муҳаммад Ал-Масъуд – директори амалиёт дар Осиёи Марказӣ, Абдулраҳмон Ас-Соғар – сармутахассиси қарз, Абдуллаҳ Аллуҳайдан – мутахассис лоиҳа баргузор гардид. Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур роҳбарият ва ҳайати кормандони Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” низ ширкат намуданд.   Зимни вохурии мазкур масъалаҳои техникӣ ва молиявӣ оид ба рафти татбиқи марҳилаи V Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба ҳайати кории Фонди Саудии Рушд вобаста ба масоили ҳамкории судбахш, барои дастгириҳои пайвастаи ҷониби Тоҷикистон нисбати рафъи мушкилиҳои ҷойдошта арзи сипос карда шуда, тарафҳо изҳорӣ бовар намуданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба густариш хоҳад ёфт.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    62

    11.02.2025
  •  img
    ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН БО МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИЮ ИЛМИИ ФАРОНСА ҲАМКОРИРО ГУСТАРИШ МЕДИҲАД Дар шаҳри Душанбе вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинол баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд. Зимни мулоқот Зоир Раҳмонзода ташрифи хонум Элза Пинолро ба донишгоҳ қадами муҳим дар тақвияти ҳамкории мутақобили судманд бо муассисаҳои таълимию илмии Ҷумҳурии Фаронса арзёбӣ намуда, меҳмонро бо дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ шинос намуд. Ҷонибҳо ҷабҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Фаронса, аз ҷумла мубодилаи таҷриба ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳавиро барои тадриси фанҳои алоҳида дар донишгоҳ, ташкили даврҳои забономӯзӣ, иштирок дар лоиҳаҳои барномаҳои байналмилалӣ дар самтҳои афзалиятноки илм ва технология (технологияҳои рақамӣ, интеллекти сунъӣ, саноати хӯрокворӣ), гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва инноватсияҳо, тавсеаи иштирок дар барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон ва рушд додани маҳорати касбии ҳайати омӯзгоронро баррасӣ намуданд. khovar.tj

    53

    11.02.2025