14.05.2025

14 майи соли 2025 дар меҳмонхонаи “Ҳилтон”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати дурӯза бо гурӯҳи корӣ таҳти унвони “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат (LEARN)” оғоз ёфт. Дар он муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтоир Саидзода, мушовири байналмилалӣ, сардорон ва кормандони раёсатҳои дахлдори вазорат ва агентӣ иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини вазири маориф ва илм иброз намуд, ки имрӯз мо, кормандони соҳаи маориф дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқсозии низоми таълим ба талаботи ҷаҳонӣ таъкид менамоянд, ҷамъ омадаем, то бо баҳрабардорӣ аз таҷрибаи муосир ва муҳокимаи муштараки мутахассисон заминаи боэътимоди амалигардонии Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 ва лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат”-ро фароҳам созем. Эътимод дорем, ки натиҷаи ин машварат дар такмили механизмҳои арзёбӣ, аккредитатсия, мониторинг ва таҳкими муҳити таълим саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Сипас, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм кайд намуд, ки баргузории чунин машваратҳои сатҳи баланд, ки дар он мутахассисони соҳаи маориф ба таври муштарак санадҳои муҳимми меъёрию ҳуқуқӣ ва механизми арзёбию мониторингро мавриди таҳлил қарор медиҳанд, яке аз заминаҳои устувори амалисозии Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 ба шумор меравад.
Дар идома аз ҷониби мутахассисони соҳа масъалаҳои баррасии лоиҳаҳои аввали ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла, дастур ва шарҳҳои арзёбӣ, таҳлили мантиқи сохтори ҳуҷҷатҳо ва мувофиқа бо стандартҳои байналмилалӣ (ба мисли Ofsted, NIS ва ғ.), муҳокимаи мазмуни лоиҳаи Барнома (қоида)-ҳои иҷозатномадиҳӣ ва аккредитатсия, усулҳои нави санҷиш ва мониторинг, роҳу равишҳои баҳогузорӣ, мусоҳибаҳо ва таҳлили ҳуҷҷатҳо, пешниҳоди лоиҳаи муфассали Дастури мониторинг ва арзёбии сифати таълим ва ғайра мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷаласа бо муҳокимаи васеъ ва табодули афкор миёни иштирокчиён идома ёфта, оид ба сохтори ҳуҷҷатҳо ва тартиби татбиқи онҳо тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
Қайд менамоем, ки машварат ду рӯз идома карда, 15 май ба анҷом мерасад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон