13.03.2025

 img

13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷмааи таърихӣ ва ёдгории “Ата-Бейит” ташриф оварданд.

 

Сарвари давлат ба нишони эҳтиром ва гиромидошти таърих ва адабиёти мардуми қирғиз дар пояи муҷассамаи “Уркун” ва мақбараи нависандаи маъруф Чингиз Айтматов гулчанбар гузоштанд.

  • Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи “Уркун” img
  • Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи “Уркун” img
  • Маросими гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи “Уркун” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    МО - МУҲОФИЗАТГАРОНИ ТАБИАТ Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, шиносоии хонандагон оид ба ҳифзи табиату тозагии муҳити зист, нафъи растаниву наботот дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши илмӣ – адабӣ гузаронида шуд.   Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки бидуни табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, чун ҳастии ҳар як ҷисми зинда рабт дорад ба об, хок ва боду ҳаво. Қарзи ҳар як инсони асил ин ободии кишвар, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, эҳтиром гузоштан ба табиати нотакрор ва истифодаи самараноки сарватҳои он мебошад.   Дар шароити пешрафти илму техника дахолати инсон ба табиат хеле зиёд шуда, тарбия намудани хонандагон дар руҳияи табиатдӯстӣ, тоза нигоҳ доштани муҳит яке аз талабҳои муҳимми тарбияи экологии донишомӯзони мактабҳо мебошад.   Дар рафти ҳамоиш аз тарафи хонандагон дар васфи табиат шеъру суруд ва саҳнаҳои тарбиявии вобаста ба ҳифзи табиат, расмҳо, ҳунарҳои дастӣ ва намоишҳо пешкаши иштирокчиён ва меҳмонон гардид, ки дар онҳо мушкилоти марбут ба ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъсири манфии фаъолияти инсон ба экосистема баён карда шудааст.

    18

    13.03.2025
  •  img
    Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон маросими имзои санадҳои дуҷониба доир гардид.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.   Ҳамагӣ 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: - Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Марказ оид ба рушд ва пешбурди содирот “Қирғиз содирот””-и назди Вазорати иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон;   - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Инспексияи давлатии бехатарии байторӣ ва фитосанитарии назди Девони вазирони Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;   - Протокол миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии гумруки назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ташкили мубодилаи иттилооти пешакӣ дар бораи молу воситаҳои нақлиёти миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи Чон-Алайи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ барои солҳои 2025-2027;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва фарҳангу гуманитарӣ барои солҳои 2025-2030;   - Созишнома дар бораи истиқрори муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2025-2027;   - Барномаи ҳамкорӣ миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027;   - Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии меъморӣ, сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар самти таъмини тобоварӣ ба зилзила, рушди технологияҳои самаранокии энергияи “сабз” ва шаҳрсозӣ, инчунин рақамикунонии раванди сохтмон;   - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисод ва соҳибкории Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;   - Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ ва табодули маълумот дар соҳаи назорати шахсоне, ки бо амалиёт (аҳдҳо) бо сангу металлҳои қиматбаҳо, оид ба масъалаҳои муқовимат ба маблағгузории фаъолияти террористӣ ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда машғуланд;   - Созишнома миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати захираҳои об, кишоварзӣ ва саноати коркарди Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;   - Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ;   - Созишнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард.

    26

    13.03.2025
  •  img
    БАРРАСИИ «БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025» 12-уми марти соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир ба иҷрои бандҳои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» баргузор гардид.   Дар ҷаласа вазири маориф ва илм қайд кард, ки соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, 11 барномаву стратегия ва консепсияи давлатӣ дар соҳаи маориф амалӣ мегардад. Мавсуф иброз дошт, ки «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» мутобиқи моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавону ояндасоз дарак дода, бозгўйи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар ин самт аст.   Дар идома директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳаммад Ғафорзода доир ба амалишавии «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» суханронӣ намуд.   Гуфта шуд, ки доир ба амалишавии барномаи болозикр то кунун дар саросари ҷумҳурӣ корҳои зиёде анҷом шуда, дар ин самт вазорат ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.   Бояд гуфт, ки қобилияти хонандагон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ аз гузаронидани корҳои амалӣ ва озмоишгоҳӣ аз фанҳои экология, география, технологияи иттилоотӣ, физика, химия, биология вобастагии калон дорад ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази муосири фаннӣ дар марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои амалигардонии қобилияти эҷодии хонандагони боистеъдод ва омодагии онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ баъди амалишавии пурраи Барномаи мазкур, мусоидат хоҳад кард.   Ҳадафи барномаи мазкур бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ барои ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии онҳо таҳия гардидааст. Дарёфт, тарбия ва рушди қобилияти хонандагони болаёқату соҳибистеъдод, ки ояндаи илму маориф ва дар маҷмуъ, ояндаи мамлакат ба онҳо вобастагӣ дорад, муаррифии онҳо дар дохилу хориҷи ҷумҳурӣ яке аз самтҳои фаъолияти маорифчиёни мамлакат ва аҳли ҷомеа маҳсуб мешавад.   Ёдовар мешавем, ки «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021 қабул гардидааст.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    40

    12.03.2025