24.04.2026

 img

Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илм хабар доданд.

Соли равон ба озмуни «Олими сол» 47 парванда пешниҳод гардида, 13 нафар ғолиб дониста шуданд. Ба озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 101 ҳуҷҷат ворид гардида, 41 нафар ғолиб муайян гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар озмуни «Магистранти сол» аз байни 44 кори илмӣ 7 нафар ғолиб эътироф шуданд, ки аксари онҳо занон мебошанд.

Ғолибони ин озмунҳо бо Диплом, ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар оғози маросими ҷоизасупорӣ Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз намуд, ки рушди илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Маҳз бо сиёсати созандаю ободкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мустаҳкам гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи худро баланд мебардорад.

Такъид карда шуд, ки дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию сиёсии давлат, соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ низ тадриҷан рушд меёбад. Дар ин давра дар самти таъмини заминаҳои рушди илм як қатор стратегия ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд. Аз ҷумла, «Дар бораи номгӯйи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030», «Стратегияи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030» ва «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи чунин иқдомҳо мебошад, ки дар рушди илм нақши муҳим доранд.

Тазаккур дода шуд, ки бо ташаббус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва имсол «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд. Дар ин замина якчанд озмунҳои ҷумҳуриявии самти илм – «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» низ баргузор карда мешаванд.

Дар доираи маросими ҷоизасупорӣ инчунин як зумра олимону кормандони соҳа барои саҳми арзанда дар рушди илм ва маориф, иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

Хабарҳои дигар

  •  img
    МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК Имрӯз, 24 апрели соли 2026 маросими тантанавии ҷоизасупории ғолибони як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи илми тоҷик ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Дар оғози чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва маросими ҷоизасупорӣ самимона табрик намуда, таъкид кард, ки рушди илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Зикр шуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди фаъолияти босамари ҳамаи сохторҳои ҷамъиятии кишварро таъмин намуда, болоравии сатҳу сифати зиндагии аҳолиро давра ба давра таъмин намуда истодааст. Маҳз бо шарофати ин неъмати бузург ва сиёсати созандаю ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар пояҳои давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мустаҳкам гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва нуфузи худро боло бурда истодааст. Дар баробари рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар, соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ низ тадриҷан рушд ёфта истодааст. Дар ин даврон дар самти таъмини заминаҳои рушди илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор стратегия ва барномаҳои соҳавӣ қабул гардиданд, ки ҳадафи аслияшон тақвияти нақши илм дар рушди ҷумҳурӣ мебошад. Қабули санадҳои муҳим, аз ҷумла, «Дар бораи Номгӯйи самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то 2030», «Стратегияи илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030», «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» аз ҷумлаи чунин иқдомҳоянд, ки дар рушди илм нақши муҳим мебозанд. Бо ташаббус ва ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар кишварамон ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва имсол «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад, ки дар онҳо теъдоди зиёди хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногуни ҷомеаи кишвар ширкат варзида, малакаву маҳорат ва истеъдоди эҷодиву ихтироъкории худро нишон медиҳанд. Дар ин раванд якчанд озмунҳои ҷумҳуриявии самти илм, аз зумраи «Олими сол», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва «Магистранти сол» низ баргузор карда мешаванд, ки имрӯз ҳамаи мо дастаҷамъона дар маросими ҷоизасупории ин озмунҳо ширкат варзида истодаем. Бояд гуфт, соли равон ба озмуни «Олими сол» 47 парванда пешниҳод гардида, 13 нафар ғолиб дониста шуданд. Ба озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» 101 ҳуҷҷат ворид гардида, 41 нафар ғолиб муайян гардиданд, ки аз онҳо 10 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Дар озмуни «Магистранти сол» бошад, аз 44 кори илмӣ 7 нафар ғолиб эътироф шуданд, ки аксари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Дар идомаи чорабинӣ маросими ҷоизасупорӣ баргузор шуда, нахуст ғолибони озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» қадрдонӣ гардиданд. Ғолибон вобаста ба зинаҳои таҳсил ва самтҳои илмӣ бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуданд. Сипас, ғолибони озмуни «Магистранти сол» дар бахшҳои гуногуни илм, аз ҷумла кишоварзӣ, заминшиносӣ, гуманитарӣ, техникӣ, тиббӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ бо мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар бахши дигар ғолибони озмуни «Олими сол» миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишвар бо диплом, ҷом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ сарфароз карда шуданд. Бояд гуфт, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар озмуни «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» барои ҷойи якум миёни донишҷӯён ва магистрантон 3000 сомонӣ ва миёни унвонҷӯён, аспирантон ва докторантон (PhD) 5000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм мутаносибан 2000 ва 3000 сомонӣ, барои ҷойи сеюм 1000 ва 2000 сомонӣ ҷудо гардида, дар озмуни «Магистранти сол» ғолибон дар ҳар як бахш бо 5000 сомонӣ ва дар озмуни «Олими сол» ғолибон бо 10000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.. Ҳамзамон, дар доираи чорабинӣ як қатор олимону кормандони соҳа барои саҳми арзандаашон дар рушди илм ва маориф, иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин гардида шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    99

    24.04.2026
  •  img
    БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ ҲАМОИШ ДОИР ШУД 23 апрел дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат (28 апрел) ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд. Таъкид гардид, ки Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҳифз ва бехатарии меҳнатро яке аз омилҳои муҳими муносибатҳои меҳнатӣ эътироф намуда, 28 апрелро Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат эълон кард. Дар ин замина ҳамасола ин ташкилот мавзуи марказиро интихоб менамояд, ки ба беҳдошти шароити кор ва ҳифзи саломатии кормандон равона шудааст. Соли 2026 аз ҷониби ин ташкилот мавзуи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз «Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарӣ ва саломатӣ дар ҷои кор» муқаррар гардидааст. Он ба муҳити психологию иҷтимоӣ ҳамчун мушкилоти глобалӣ бахшида шуда, ҷомеаро ба фароҳам овардани шароити одилонаи меҳнат, сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ ва истеҳсоли устувор, ҳифзи солимии равонӣ, мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ ва ҳамгироии технологияҳои муосир даъват менамояд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки узви Созмони байналмилалии меҳнат шуда, конвенсия ва тавсияҳои ин ташкилоти байналмилалиро эътироф намудааст. Дар ин замина, соли 1997 нахуст Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат қабул гардида, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифт. Зимни ҳамоиш ёдоварӣ гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (24 октябри соли 2019) масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандонро яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб донистанд. Дар охир якчанд нозирони ташкилоти соҳа ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат бо мукофотҳои соҳавии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

    10

    23.04.2026
  •  img
    БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ БАРНОМАИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода вобаста ба рафти татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №438) ҷаласа баргузор гардид. Зимни баррасии масъала сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии вазорат Ш. Асомиддинзода оид ба рафти иҷрои бандҳои барномаи мазкур гузориш пешниҳод намуда, зикр кард, ки дар доираи амалисозии барнома ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ як қатор тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, такмили барномаҳои таълимӣ, баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорони фаннӣ, таъмини муассисаҳо бо маводи таълимӣ ва истифодаи усулҳои муосири таълим аз ҷумлаи иқдомҳои муҳим ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар баъзе минтақаҳо вобаста ба таъмини кадрҳои баландихтисос ва сатҳи фарогирии сифатноки омӯзиши забонҳо ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд. Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани сифати таълими забонҳои хориҷӣ, тақвияти заминаи методӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд. Муовини вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас зарур аст, ки иҷрои бандҳои барномаи мазкур бо масъулияти баланд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида таъмин карда шавад. Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани сифати таълим ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    79

    23.04.2026