ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ ХУСУСИИ «БОҒИ МУРОД» ИФТИТОҲ ГАРДИД
06.01.2025
6 январи соли 2025 дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа Одилзода Дилбар Раҳим, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Гуреззода Умед ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» -ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Кӯдакистон дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, бо беҳтарин шароит ба фаъолият оғоз кард. Кӯдакистон аз 5 гуруҳҳои синусолӣ иборат буда, дар он кӯдакон аз 1,5 сола то 6 сола қабул карда мешаванд. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва дигар масъулин аз шароити фароҳамгардида дар ин кӯдакистон дидан карданд. Дар саҳни кӯдакистон чор айвончаи замонавӣ ва мавзеъҳои муҷаҳҳаз барои бозии кӯдакон бунёд гардидааст. Дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Боғи Мурод» бо беҳтарин шароит мавриди истифода қарор гирифт.
Иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистон барои 450 кӯдак пешбинӣ шуда, ба кӯдакон дар баробари машғулиятҳои таълимӣ, инчунин забонҳои англисӣ, русӣ, фанни математика, мусиқӣ, омодагӣ ба мактаб, инкишофи нутқ, таэквондо омӯзонида мешаванд. Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани иншоот барои 20 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид. Ошхонаи кӯдакистон бо ҷиҳози лозима муҷаҳаз буда, бо тамоми маҳсулот таъмин мебошад.
Боиси зикр аст, муассисаи мазкур дар доираи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.09.2022, №484 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027” ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 09.02.2023, №51 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ дар шаҳри Душанбе дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024)” сохта ба истифода дода шуд.
Хабарҳои дигар
-
24
08.01.2025 -
27
08.01.2025 -
42
08.01.2025